Бахшҳо
22 сен 2015 10:33Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Э.Раҳмон: Ба Ҳисор 1 миллиард сомонӣ равона мегардад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳадаф аз таҷлили 3000 - солагии Ҳисорро дар баробари арҷгузории таърих, инчунин ба шаҳри зебою муосир табдил додани ин диёри куҳан гуфтааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 22 сентябр дар маросими ифтитоҳи Кохи фарҳанг, осорхона, китобхона, литсейи президентӣ ва чанд иншооти дигар иштирок карда, афзудааст, танҳо тавассути Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат бо харҷи беш аз 190 миллион сомонӣ як қатор иншооти муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла сохтмони варзишгоҳи марказӣ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст, азнавсозии қалъаи Ҳисор, сохтмону барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва чандин иншооти дигар дар ҳоли анҷомёбӣ қарор доранд: “Инчунин, бояд гуфт, ки то имрӯз аз тарафи соҳибкорон ва аҳолӣ даҳҳо иншоот ба маблағи умумии кариб 200 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуда, бунёди даҳҳо иншооти дигар, аз ҷумла чойхонаи миллӣ, боғи фарҳангу фароғат, корхонаву коргоҳҳои гуногуни истеҳсолӣ, толору майдонҳои варзишӣ, марказҳои тандурустиву хизматрасонӣ ва монанди инҳо ба маблағи 320 миллион сомонӣ босуръат идома дорад, ки 55 адади онҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ мебошанд”.

Дар маҷмуъ раисиҷумҳур таъкид намудааст, ки дар асоси қарорҳои қабулшуда барои барқарорсозии ёдгориву иншооти таърихӣ ва бунёди иншооти гуногун ва ба ин васила боз ҳам ободу зебо гардонидани ин гӯшаи таърихии Ватанамон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ кариб 1 миллиард сомонӣ равона мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин шароити мураккабу печидаи авзои сиёсии ҷаҳонро зикр карда, илова намудааст, ки ҳар яки мо ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаи бадхоҳони миллати тоҷик фирефта нагардем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем, сарзамини аҷдодии худро сидқан дӯст дорем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиамонро содиқона ҳифзу эҳтиёт кунем ва саъю талоши фарзандонаи худро барои дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони маҳбубамон дареғ надорем.

Раисиҷумҳур инчунин дар арафаи Иди Қурбон аз шахсони доро даъват кардааст, ки ба ниёзмандон дасти кӯмак дароз кунанд: “Хотиррасон месозам, ки инсон метавонад бо сила кардани сари ятиме, кумак расонидан ба як оилаи камбизоат, хурсанд кардани дили ғамзадае ва баровардани ҳоҷати ниёзманде соҳиби савоби зиёд гардад. Ин амали хайр, албатта, боиси ривоҷи кор, осоиши рӯзгор ва барори кори ҳар як шахси ҳимматбаланду саховатпеша мешавад”.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҳисор идома дорад.
Мӯҳр
Яке
Харбуза чӣ шуд, харбуза?
Кушоданд ё тилим-тилим карда партофтанд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)