Бахшҳо

Асомуддин Атоев дар Аврупо аз сайтбандиҳои ғайриқонунии танзимгари телекоммуникатсионии Тоҷикистон гуфт

Асомуддин Атоев, раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет ва ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ аснои суханронӣ дар ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба андозагирии ҳуқуқи инсон, ки дар Варшава идома дорад, сайтбандиҳо дар Тоҷикистонро ғайриқонуниву тахрибовар ё ба истилоҳ контрсозанда унвон кардааст.

Ӯ ба яке аз уҳдадориҳои Тоҷикистон, ҳамчун узви САҲА -- дастрасии озод ба Интернет ишора намуда, гуфтааст, Ютубу Фейсбук аз охири моҳи август ва Одноклассникиву сомонаи Озодӣ аз оғози моҳи сентябр барои корбарони тоҷикистонӣ дастрас нестанд: “Масдуд ва маҳдудкуниҳои нофаҳмо ва ғайриқонунии интернет дар Тоҷикистон идома доранд. Чунин амал, ки бе ягон заминаи ҳуқуқӣ сурат мегирад, на танҳо ғайриқонунист, балки тахрибовар ё ба истилоҳ контрсозанда низ мебошад”.

Раиси Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет ва ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ дар идома суханронии худ гуфта, чунин амали мақомот на танҳо ҳуқуқи шаҳрвандон, балки манфиатҳои иқтисодии кишварро поймол мекунад: “Барои иҷрои уҳдадориҳои худ дар соҳаи телекоммуникатсия ҳамчун узви Созмони ҷаҳонии савдо, Тоҷикистон бояд танзимгари мустақили телекоммуникатсиониро таъсис диҳад. Мутаассифона, танзимгари кунунии ватанӣ ҳамагуна масъулиятро барои сомонабандиҳо инкор мекунад, ҳарчанд Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз ҳукумат таъмини озодиҳои дар доираи ҳамин Паймон кафолат додаро, бо шумули озодии баён ва дастрасии озодона ба Интернет, тақозо мекунад”.

Ӯ ба намояндаҳои Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи мазкур ширкат доранд, муроҷиат намуда, таъкид кардааст, “дар радифи уҳдадориҳои байналмилалии кишварамон ба шаҳрвандони Тоҷикистон дастрасии озод ба Интернет ва дигар сарчашмаҳои иттилоот, ба мисли хизматрасониҳои СМС/ММС, иҷоза диҳанд”.

Аз ин пештар дар ҷаласаи САҲА Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар бораи вазъи озодии баён ва дастрасӣ ба иттиллоъ дар Тоҷикистон суҳбат карда буд.
Мӯҳр
Зархарид ба мо сулх даркор аст мо аз интернет безорем худат нагз медони ки ташкилотхои хоричи коре карда наметавонад чоп кун

Як хоини миллати дигар худро намоён кард. Мардуми Тчокистон алакай дурбину нозукбин шудаанд медонанд кадом шахс чи максад дорад. Аз озодии Ту Асомидин хама безоранд ин ин озоди не ин вабои аср аст. Озодии интернет маънояш ин чалби чавонони точикистон ба сафи ташкилотхои терроисти мебошад. Озоди мехохи пас биё озод бошем бигзор ба ман ярок фурушанд ман якум туро мекушам. Аммо озоди хам меъёр дорад. Айни хол 90 фоизи чавонони точикитстон аз телефонхо сенсори истифода мебаранд интернет бошад пур аз маводи фосики ва ифроти аст пас 90 фоизи чавонони точикистон зери таъсири омилхои хиёнаткорона зараровар карор доранд. Мардум тавассути давлат ин хатарро пешгири карда истодааст. Ту боши мехохи мердуми точкро нест куни. Ин гарбихо бошанд доимо лабханд мекунанду дар таги поят алав мемонанд. Хеч гох намехоханд ки як давлате аз онхо пеш равад. Мисоли одди Сирия Ливия, Миср, давлатхои араб СССР Украина ва гайра.

корбар
чандин руз мешавад, ки сайти Озоди, Азия Плюс ва дигару дигараш кушода намешавад, аз мутолиа мондем, ин амали паст ва хидмати хирсона аст, нафратро зиёд мекунад, ин тари бадам не да!

Fifa
Худтон корро конуни ташкил карда наметонеду бе асос хавои айбдоркуни доред . Конкрет ном бурдан наметавонед??? Хубтон мекнан

Беном
Бо навбати ту сар шид? Як хоинша мекшан бо дигарош сар мекна

Боз як чангандози дигар. Хукукшиноси инхо ки боша.

фейсбук
Хайрат як чавонмарде будаст миёни точикон, ки аз душвори интернет ва дастнораси баъзе сойтхо гап мезанад) РЕСПЕКТ!!! ;)

Шохимардон,
Маълум нест, кадом якетон зархарид аст. Агар "аз интернет безорӣ", пас чӣ кор мекунӣ инҷо? СССРатро пазмон шудӣ? Дар як маҳалла як телефон, ҳамун ҳам дар хонаи раис. Агар касе набошад, ки бо танқиду ошкорбаёнӣ каме ҳам бошад лаҷоми ин ҳукуматдоронро кашида истад, медонӣ инҳо фардо ба чи корҳо даст мезананд? Дар тангкӯчаву пасткӯча чӣ сухани пасте, ки доред, дар ҳаққи ҳукумат мегӯед. Чаро инҷо пӯстатонро дигар мекунед?

смс
Шохимардон,
Шохимардон мо нагу ман бгу! Ба ту даркор нест интернет ба мо лозим аст! Раву дар торикистонат бшин. Тарсу! Хэ хоричи гуфтен да... фардо обу светро мекушанд, ту шин шукри тенчи гуфта


Antiхиёнаткори ВАТАН
Иқа ғамхори мардум боши масъалаи бекорира бин. Мардуми камбағалда чи даркор ин интернети ту. Тем более нархи интернет дар Тоҷикистон дар ҳавояй. Ё мард боши ин гапҳота биё руйрост дар ТҶ бугу.

.
Беном,
khkjh,

Хоин Асоммидин нест, балки шумо хастед. Ин мардак барои адолат мубориза мебарад. шумо бошед тамоми мардони бонангу босаводи точикро нест карда истодаед ва мехохед халки точикро ба рамаи фармонбардори гусфандон монанд кунед. Ана ин аст хиенат нисбати халки худ.

ТТ
Ба баъзе сулхпарастон гуфтаниям чавононро на интернет балки бекориву бе чои кор будан ба хар рох мебарад

чавоб
khkjh бехарин суханхоро гуфт. ман хамфикр, вале фейсбук неъ.
бародарон Хитой беш аз миллиард нафар ахоли дорад, технологияи пешрафта азони онхост, лекин сабаби махкам кардан ё махдуд кардани интернет дар ин чо ки барои амнияти мардум аст ягон кас сар боло намекунад, намегуяд, ки чи гап барои чи махкам ё баста....

Хамон интернети, ки пур аз ифротгарою катлу куштору даъват ба терористи бошад дуруст кайд кардан бародарон ба мо даркор нест.Бо бахонаи демократияю озоди, ки аз ин гапхо диламон бехузур мешавад, хар кас савдои худро гарм кардан мехохад. Ман тарафдори он, ки Хукумат он сайтхои пур аз фиску фучуъ, катл куштор ва даъват ба терористиро доранд тамоман махкам карда шаванд.

Назарнавис
Шохимардон,
khkjh,
Беном,
чавоб,
Шахрванд,
Шумо дар кабинетои салқинакаки фабрикаи ҷавоб нишаста, қарор қабул мекунед, ки кӣ хоин асту кӣ равшанфикр?!
Шарм доред! Фикррониатон ғуломона аст, андешарониатон мисли кампири 120 сола!
Мехоҳед, намехоҳед, интренет ин дастоварди асри навин аст, ё онро дуруст истифода бурда миллатро муттаҳиду қавӣ месозӣ ё дигарон онро истифода бурда туву миллататро нест мекунанд. Агар ба шумо интернет лозим набошад, пас ин ҷо чӣ мекобед? Равед, телевизиони Сафинаву Шабакаи аввалро тамошо кунед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)