Бахшҳо

Э.Раҳмон қурбониро танҳо барои одамони доро раво хонд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Иди саиди Қурбонро, ки 24-уми сентябр таҷлил мешавад, ба мардуми кишвар шодбош гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан оромиву осоиш, рӯзгори обод ва файзу баракат орзу намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки Иди қурбон аз ҷумлаи арзишҳои муқаддаси суннатии мардуми мусулмони мо буда, одамонро ба корҳои хайру саховат ва амалҳои нек ҳидоят менамояд ва дар қалби ҳар фарди мусулмон ниҳоли меҳру муҳаббатро нисбат ба ҳамдигар решадор месозад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зикр кардааст, ки дини мубини Ислом сарчашмаи адаб, махзани бузурги панду насиҳат ва тарғиби некиву накӯкорист: “Хусусан, дар шароити торафт тезутунд гардидани раванди ҷаҳонишавӣ, ки баъзе қувваҳои носолим дини мубини исломро ҳамчун воситаи ангезишҳои сиёсӣ ва амалӣ намудани манфиатҳои гурӯҳӣ истифода мебаранд, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳем”.

Раисиҷумҳур бо зикри сифатҳои башардӯстонаи дини мубини Ислом хотирнишон кардааст, ки яке аз ойинҳои Иди мубораки Қурбон, яъне қурбонӣ кардан ва забҳи чорво танҳо ба шахсоне раво дониста шудааст, ки имконияти молиявии аз таъмини хонаводаашон бештар доранд: “Ба дигарон ба номи Худованд ва наздикону ақрабо дуову дуруд фиристодан ва анҷом додани дигар амалҳои хайру солеҳ вобаста ба сатҳи зиндагиашон кори савоб ба ҳисоб меравад. Бузургони мо беҳуда ҳатто бо якдигар сухани нек гуфтан, рафтори шоиста доштан ва дили касеро шод гардониданро беҳтарин садақаву хайрот нагуфтаанд”.

Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, қаноат пеша кардан ва дороии худро барои беҳбудии оилаи худ сарф кардан асоси пешравӣ ва баланд гардидани дараҷаи зиндагии ҳар сокини кишвар мебошад. Ӯ дар охир бори дигар ба ҳамаи ҳамватанон Иди Қурбонро табрик гуфта, хонаободиву сарбаландӣ, тандурустиву фарохдастӣ ва саодати рӯзгорро таманно кардааст.
Мӯҳр
Ташаккури зиёд ҷаноби олӣ, Бар Шумо низ иди Қурбон муборак бод.

Ба номи Худованди бахшандаи мехрубон.
Мухтаррам Раиси Чумхур-Рахмати Худованд бар табрикотатон.
Мебояд кайд кард,ки Мо хамагон худ медонем Бандагони Аллох-Таъолло ва мебояд кушиш ба харч дихем дар ин рузи мукаддас Мо хам чун Бандаи шукронагузор ба Даргохи ИЛОХИ-курбони хам намоем ва хайру-саховат хам намоем новобаста аз имкониёти Молиявиамон!
ШУМО,ки Раиси Чумхури Точикистон хастед хамаги, барои чи мегуед,ки -забхи чорво ба Шахсоне раво дониста шудааст,ки имконияти молияви доранд!
Пас,кушиш намоед то Мо хамаги имконият дошта бошем то Чорво забт кунему,хайру-садака дихему ба Даргохи ИЛОХИ зориву-таввалло намоему,Дуъогуй бошему-шавем то дар Кишвари Мо сулху-субот,вахдату-якпорчаги,якдигарфахми
..... ва дар охир Дуъогуй бошем то Чашми нобино кушода гардонаду,ба Рохи Рост хидояташон фармояд!
Каноанманд аксарият Ахолии Кишвар НЕСТ аз ин сатху-пешравии Кишвар ва махсус аз Рохбарияти Кишвар-мухтаррам Раиси Чумхур!!!

Ману
Ба Шумо низ иди Саиди Курбон муборак бод.

ЗАЪФАРОН
ЯК ЧАХОН ТАШАККУР

kulobi
786
салом бар миллати мусулмони тоҷик
Идди саиди қурбонро бар тамомии мусулмоно ҷаҳон ва махсусан мусулмонони тоҷик табрику таҳният мегуем. Ба раиси ҷумҳур низ табрик дорем ин идди саидро.
ҷаноби раисҷумҳур дар омузаҳои дини ва мазҳабии мо барои қурбоникардан даъвати умуми шудааст. Ин даъвати хусуси ва як қишри хосро мо дар таълимоти исломи нобби Муҳаммади (сав)надорем.
Дар ҳадисе дорем ки ҳатто қарз кунед ва қурбони кунед, Худованд баъди ин қурбони қарзи шуморо адо мекунад ва шумо то идди қурбони оянда аз дасттанги наҷот медиҳад ва мераҳонад.
вассаломун ало манитабиал ҳудо!

Мусофир
Чи кунем,ки дар ин мулк фатво арзон шудааст!

мухтарам чаноби оли манхам шуморо ба иди курбон ва истиклолияти ватанам ва чашни 3000солаги деха ам табрик мекунам Худованд нигох бон бошад шуморо

Точик
kulobi,
э бародар сафсата нахон. кадом карз? безор кардед аз афсонахои араби чохил

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)