Бахшҳо

Пажуҳиш: Аъзои созмони террористии ДИИШ фирор мекунанд

Маркази байналмилалии мутолеаи ифротгароии колеҷи “Кинг”-и Лондон бо нашри як гузориш гуфтааст, бархе аъзои созмони террористии мавсум ба “Давлати исломӣ” ё ДИИШ аз ин гуруҳ фирор мекунанд.

Муҳақиқони ин марказ мушаххас кардаанд, то кунун 58 аъзои ДИИШ фирор карда, алайҳи он суҳбат анҷом додаанд. Муаллифони гузориш тахмин мезананд, изҳороти ин афрод метавонад дар суст кардани тасмими аъзои ҷадид, ки қасди пайвастан ба ин гуруҳро доранд, кумак расонад.

Муҳақиқони Маркази байналмилалии мутолеаи ифротгароӣ чанд далели тарк кардани аъзои ДИИШ-ро баршумурдаанд. Ба гуфтаи онҳо аксари ин афрод аз хушунат алайҳи ҳамкешони мусулмон ва рафтори ғайри исломӣ дар миёни аъзо ва фасод нигарон ҳастанд. Бархе ҳам эътироф кардаанд, аз шароити зиндагӣ таҳти идораи ДДИШ розӣ нестанд. Дар гузориш омадааст, “бештари касон ба далели моддӣ ва худхоҳона ба ДИИШ пайваста, аммо ҳеч як аз колоҳо ва мошинҳое, ки барояшон ваъда шуд, ба даст наоварданд”.

Қаблан, мақомоти тоҷик ҳам аз фирори чанд шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба сафи ДИИШ пайваста буданд, хабар доданд. Миёни ин афрод занҳо низ буданд, ки дар гузоришҳои телевизионӣ мегуфтанд, шароити хеле бадро пушти сар намудаанд.

Ба омори расмӣ теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд, марзи 500 нафарро убур карда, то кунун хабари марги беш аз 150 тани онҳо таъйид шудааст.


Дар акс: Ҷангиёни тоҷики "Давлати исломӣ"
Мӯҳр
Ватандор
Амири беватан зору хакир аст,
Гадо гар дар Ватан мирад амр аст.

Хуршед
Ана акнун гуфтахои Хочи Мирзо ки аз ривоятхои Хазрати Али гуфта буд шуда истодааст байнашон алакай ихтилоф пайдо гаштааст. Ватандор,

сарзамини бихиштосои точикистон аз 100-хо чунин давлати исломи бехтар аст.

Рози хастанд ё нестанд ин хоинон дигар ба Точикистон барнагарданд, ки як дарди сари нав дар чомеаи имруза мешаванд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)