Бахшҳо
23 сен 2015 10:29Тоҷикистон / Иқтисодӣ

TeliaSonera Тоҷикистонро тарк мекунад. Чаро?

Ширкати коммуникатсионии TeliaSonera бо нашри як изҳорот эълон кард, ки тадриҷан ҳузури худро дар минтақаи АвруОсиё, аз ҷумла Тоҷикистон камранг кунад ва баъди чанд муддати дигар фаъолияти худро комилан қатъ намояд ва аз минтақа хориҷ шавад. Чаро ширкате бо чунин бузургӣ, ки дар 5 соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон бо ворид намудани сармояи бузург ва технологияҳои муосир ҶСП «Индиго Тоҷикистон»-ро ба як ширкати бузургу муваффақ табдил дод, якбора тарки ин кишвар мекунад ва аз сармоягузории минбаъдаи Тселл даст мекашад? Чаро давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (ба истиснои Россия), аз ҷумла Тоҷикистонро TeliaSonera барои сармоягузорӣ ва фаъолияти озоди соҳибкорӣ муносиб надонист? Баландии андоз дар Тоҷикистон, саҷишҳои такрор ба такрору ҷаримабандиҳои ҳадафмандона, фасод ва ё омили дигаре буд, ки ширкатро барои тарки ин минтақа маҷбур кард? Тарки бозори алоқаи Тоҷикистон кардани чунин як сармоягузори бузург, чӣ оқибатҳои номатлуберо метавонад дар оянда дар рушди иқтисодиёти кишвари мо фароҳам оварад? Инҳо суолҳоеянд, ки кушода боқӣ мемонанд.

Нахуст дар бораи ширкати TeliaSonera

TeliaSonera соли 2002 дар натиҷаи муттаҳид шудани ширкати финнии Sonera бо ширкати шведии Telia таъсис ёфта, яке аз бузургтарин ширкатҳои мухобиротии Аврупо ба шумор меравад. «TeliaSonera» дар минтақаи АвруОсиё, дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бастаҳои контролии саҳмияҳои ширкатҳои баррандаи алоқаи мобилии Қазоқистон (Kcell), Озарбойҷон (Azercell), Гурҷистн (Geocell), Молдова (Moldcell), Тоҷикистон (Tcell), Ӯзбекистон (Ucell) ва Непал (Ncell) –ро дар даст дорад. Бояд зикр кард, ки «TeliaSonera» инчунин бузургтарин саҳмдори «ҶСК «МегаФон» дар Русия ва Turkcell дар Туркия, ва инчунин амонатгузори молиявии Roshan дар Афғонистон ба ҳисоб меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон TeliaSonera аз соли 2010 фаъолият мекунад ва дар якҷоягӣ бо Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED), ки ширкати нидерландии Central Asian Telecommunications Development B.V. (CATD) ба ҳисоб рафта, ҷамъияти саҳҳомии «Индиго Тоҷикистон»-ро, ки соли 2001 аз тарафи корпоратсияи амрикоии MCT ва AKFED таъсис дода шудааст, маблағгузорӣ мекунад.

Чаро TeliaSonera Тоҷикистонро тарк мекунад?

Ин суолест, ки имрӯз коршиносони зиёде ба он посух меҷӯянд ва ҳатто чунин тасмими ширкат аксарро ба ташвиш овардааст. Худи ширкат дар сомонаи худ агарчӣ сабаби пеш гирифтани чунин иқдомро густариши фаъолият дар қисмати аврупоии Сайёра ва бозори алоқаи дохилӣ - Шведсия баён намудааст, аммо коршиносон инро баҳонае беш намедонад. Зеро якбора аз тамоми кишварҳои собиқӣ Шуравӣ (ба истиснои Россия), ки аксар ба фасод ғута задаанд, даст кашидани ин ширкат бояд сабабҳои ҷиддии дигар дошта бошад. Ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳикимов изҳор медорад, ки «шояд таҳлилу мавриди амал қарор додани тағйиротҳои ахири ба конунгузорӣ, ба хусус Кодекси андоз, ин ширкатро водор карда бошад, ки тадриҷан ҳузури худро дар Тоҷикистон кам намуда, минбаъд фаъолияти худро қатъ ва аз қаламрави Тоҷикистон хориҷ шавад. Бидуни шак чунин тасмимгирӣ боиси нигаронӣ буда, рақобатро дар соҳаи марбута камтар, сифати хизматрасониро пасттар ва бо дар назардошти заифтар гардидани рақобат арзиши хизматрасониро баландтар мекунад».
Шояд ҳақ бар ҷониби ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов бошад. Зеро баъди қабули Кодекси нави андоз сатҳи андозбандӣ барои ширкатҳои мобилӣ хеле боло рафта, ба ин соҳа низ чун ба алкаголу тамоку аксиз ҷорӣ карда шуд ва соли равон аксиз ба 5 фоиз расонида шуд, ки чунин навъи андозбандӣ ба истиснои Тоҷикистон дар ҳеҷ кишвари дунё ба чашм намерасад.

Баландии андозро Директории генералии ширкати Билайн Константин Колесов низ тасдиқ карда афзуд, ки Beeline дар 14 кишвари дунё, аз ҷумла ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон, ба муштариён хизмат мерасонад, аммо мизони баландтарини андоз дар Тоҷикистон аст. Баъзе соҳибкорон иброз медоранд, ки дар Тоҷикистон ба истиноии баландии андоз ҳолатҳое ба чашм мерасанд, ки мақомоти андоз бо баҳонаи норасоии буҷа ширкатҳои мобилиро чун ягона манбаи даромад ҳисобида, ба дӯши онҳо андозҳои сарборӣ ва ҷаримаҳои ҳангуфт бор мекунад, ки ин низ метавонад яке аз сабабҳои фирори TeliaSonera аз Тоҷикистон бошад.

Омори солҳои охир оид ба чӣ қадар андоз супоридани ширкати Тселл дар як сол нашр нашудааст, вале дар соли 2011 – дар соли дуюми фаъолияти ширкати TeliaSonera дар бозори Тоҷикистон – ин ширкат ба буҷаи давлат 230 миллион сомонӣ маблағ пардохт намуда буд, ки баробар ба 50 миллион доллар бо қурби он замон буд. Новобаста ба сатҳи баланди андозсупории ин ширкат овозае ҳаст, ки соли равон мақомоти андоз ширкати Тселлро миллионҳо сомонӣ ҷарима бастаанд. То чи андоза ин ишораҳо воқеиянд мо тасдиқи онро ёфта натавонистем, вале фирори чунин ширкати бузурге аз Тоҷикистон метавонад ба чунин андозҳои баланд ва ҷаримабандиҳои беасос низ марбут бошад. Мо роҷеъ ба ин масъла ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем ва посухи ин мақомотро дар шумораҳои наздик чоп хоҳем кард.

Бояд зикр кард, ки ширкатҳои хориҷӣ ба супоридани ҷаримаву андозҳои аз меъёр зиёд одат накардаанд. Масъулини TeliaSonera шояд аз баррасии мавзӯъ ба хулосае омаданд, ки наметавонанд дар ин кишвар даромаде ба даст оранд ва ё ҳар даромаде ба даст меоранд, онро низ бо роҳи ҷаримабандиҳо бозпас маҷбуранд дар Тоҷикистон гузоранд, ин аст, ки тарк карданро авлотар донистанд?

Дар шароити бӯҳроние, ки кишвари мо қарор дорад ва корхонаҳои зиёде муфлис шуда, фаъолияташонро қатъ карда истодаанд, бояд фишори ширкатҳо камтар шуда, ба ҷамъоварии аз меъёр зиёди андоз аз ширкатҳои нисбатан муваффақтар хотима дода шавад. Дар акси ҳол на танҳо Teliasonera, балки ширкатҳои зиёди дигар низ аз бозори Тоҷикистон берун хоҳанд шуд, ки ин ба манфиати кишвар нахоҳад буд. Баландии андоз дар Тоҷикистон ва тарси соҳибкорон аз сармоягузорӣ дар ин кишварро Муҳаммадназар Мирзода, консули ифтихории Тоҷикистон моҳи июни соли 2014 дар Санкт Петербурги Русия, дар ҳамоиши "Ҷалби диаспораҳои тоҷикон дар рушди кишвар" низ эътироф карда гуфта буд: "Зиёд соҳибкорон дорем, ки метарсанд, то ба Тоҷикистон биоянд. Инро рӯи рост гуфтан даркор. Баъзеяшон омаданд ва корхонаҳои хурд сохтанд, вале андоз гаронтар аз Русия афтод. Барои ҳамин партофта рафтанд".

Ин воқеиятест, ки аксари коршиносон эътироф мекунанд ва ин тасмими ширкати мазкур ва ширкатҳои дигарро аз «натиҷаи чораҳои шадиди давлат дар сиёсати пулӣ, сангин шудани вазни андоз дар дӯши бизнеси хурду миёна, дараҷаи баланди девонсолорӣ ё бюрократизм ва фасод медонанд.”

Фасод

Омили дуюми тарки бозори Авруосия ва аз ҷумла Тоҷикистон кардани ширкати TeliaSoneraро баъзе коршиносон аз он медонанд, ки дар ин кишварҳо фасод хеле дар сатҳи баланд қарор дорад.

Исми ин ширкат дар ду соли охир дар пайи рӯ задани моҷарои тахаллуфоти молии Гулнора Каримова - духтари калонии президенти Узбакистон – вирди забони расонаҳо шуд. Бино ба таҳқиқотҳо, аз ҷумла бар асоси гузориши Маркази таҳқиқоти ҷиноятҳои созмонёфта, духтари президенти Ӯзбакистон барои роҳ додани ширкатҳои хориҷии мухобиротӣ ба бозори ин кишвар садҳо миллион доллар ва дар маҷмӯъ 1 миллиард доллар пора гирифтааст. Муаллифони ин гузориш мегӯянд, танҳо TeliaSonera ба Гулнора Каримова 381 миллион доллар, "Вымпелком" ва ширкати зери назари он "Альфа-Телеком" – 176 миллион доллар ва МТС 350 миллион долларро ҳадя кардаанд. Илова ба ин, тахминан 90 миллион доллари дигарро духтари президент аз ду ширкати насби ноқилҳои нурӣ ба даст овардааст, ки ин боиси кушода чандин парвандаҳо дар Аврупо ва ҳамбси 300 миллион пули ҳисобҳои бонкӣ дар Амрико гардид.

Ҳар чӣ набошад, мусаллам аст, ки фирори ин ширкат аз бозори мухобиротии Тоҷикистон метавонад ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои эҳёи ҷойҳои кори нав зарбаи сахт занад. Ба қавли Шокирҷон Ҳакимов, "агар давлат дарҳол омилу сабабҳои чунин тасмимгирии ширкатро ҷиддӣ баррасӣ накунад ва тадбирҳои зарурӣ наандешад афкори байналмилалӣ ва созмонҳои молиявию давлатҳои алоҳида оид ба муҳити сармоягузории Тоҷикистон низ дигар мешавад, ки ба манфиати иктисодиёти миллӣ нест".

Набояд фаромӯш кард, ки маҳз баъд аз пайвастан бо TeliaSonera Тселл соҳиби бинои замонавию муосир шуд. Агар ин ширкат нияти рафтан аз ин бозорро медошт, магар ба бунёди чунин сохтмон ва мабалғгузориҳои бузург даст мезад, саволест кушода боқӣ мемонад.

PS: Ҳафтаномаи Озодагон барои муайян намудани омилҳои тарки Тоҷикистон кардани ин ширкат ба Вазорати Рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати Молия ва Кумитаи андоз муроҷиат намуд. Дар сурати гирифтани посух натиҷаи он пешкаши хонандагон карда мешавад.
Мӯҳр
На танхо ширкатхои хоричи, ширкатхои дохили хам аз баландии андоз ва чаримабандихо фаъолияташонро катъ карда истодаанд ва аз Точикистон фирор мекунанд. Хукумат бояд зуд ин масъаларо чидди барраси карда, пеши рохи онро гирад.
Вазири саноатиТоҷикистон хануз мохи июл дар як нишасти матбуоти гуфта буд, ки дар шаш мохи аваали соли 2014 293 корхона фаъолияташро тамоман катъ карда, 661 корхонаи кишвар бо суръати 52,8 дарсади рушд фаъолият кардаанд. Ин худ аз чи гувохи медихад? Фирор афзоиш ёфта, буча ру ба касодшави дорад.

Аз Душанбе
Фаромуш накунед Кумитаи Андоз ширкати Вавилон-ро 341 миллион сомони чарима карда буд.

Benom
Албатта бе чаримабандихои хадафмандона иктисоди шахсии кормандони андоз хубтар ва бехтар намегардад ва бояд ба хотири гани гардонидани чайби худ чайби давлатро касод мекунанд ин нобакорони андозбанд , вале мутаасифона ин суханони ман чи ба девор ва чи ба ахбори ома навиштан як маъне дорад, чунки аксаран кормандони ахбори омма низ на хама акидахои мардумро дар сахфахои интернетии худ рох медиханд. Шояд ахбори ома низ аз кормандони андоз ва дигар сохторхои коррупсиони ин амали палидро омухтаанд ва шояд бар ивази маблаге дар ибрози акидаи мардум махдудиятхо гузошта , на хама фикрхоро ичозаи нашр медиханд. Илтимос чоп кунед

Дар хакикат сол то сол андоз хам корхонахои худи ва хам ширкатхои сармоягузори хоричиро бештар буги карда истодааст. Ман сохибкорам ва харруз бо ин мушкилот во мехурам. Тафтишодчии андоз ба ширкатхои хурд бо план меояд. Бояд на кам аз 100 000 - 150 000 сомони санди чарима нависад, дар акси хол тафтиши такрори ва боз проблемахои дигар. Хамма ширкатхо руз то руз муфлис шуда истодаанд. Агар чунин рафтан гирад тагдири Афгонистон ба мо меояд. Ин хукумат чорае андешида наметавонад. Чи бояд кард? Озодагон медонам, ки чоп намекуни локин тасалои дил. Агар радиои озоди кор мекард, ман инчо намебудам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)