Бахшҳо
25 сен 2015 09:43Тоҷикистон / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон: Нақшаи хоинони Ватан ин дафъа низ барбод рафт (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба сарбазону кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки дар ҳаводиси ахир иштирок кардаанд, мукофоту орден ва рутбаҳои баланд тақдим кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳур “122 сарбозу шаҳрвандон барои хизмати содиқона бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла, Ордени Спитемен дараҷаҳои 1 ва 2, Ордени Шараф, медали Ҷасорат, рутбаҳои навбатӣ ва Ифтихорномаи Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд”.

Манбаъ мегӯяд, ба наздикону пайвандони 14 корманди ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои вазифа ба ҳалокат расидаанд, баъди марг ва ба як нафар маҷруҳ орден ва рутбаи навбатии ҳарбӣ тақдим гардид. Дафтари матуботи раёсатҷумҳур меафзояд, ин мукофотҳо зимни вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки субҳи имрӯз, 25 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, супорида шуд: “Баъди маросими супоридани мукофотҳо Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ карда, изҳор дошт, ки ин ҷамъомад ба хотири анҷоми муваффақонаи амалиёти махсус, ки рӯзҳои 4-16-уми моҳи сентябр барои дастгир ва безарар гардонидани хоинону душманони давлат ва миллати тоҷик гузаронида шуд, доир гардида истодааст".

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, “хушбахтона, мақсади нопоку хиёнаткоронаи хоинон ва хоҷагони хориҷиашон ба шарофати ҷасорату далерии ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, инчунин ҷонибдории мардуми сулҳпарвару ватандӯсти кишвар бартараф карда шуд ва нақшаи хоинони Ватан ин дафъа низ барбод рафт”.

“Президенти мамлакат ба аҳли оила, наздикону пайвандони сарбозону афсароне, ки бар зидди дастаи террористӣ ва душманони халқу Ватан далерона ба набард бархоста, ҳангоми адои вазифаи хизматӣ ҷони ҷавони худро аз даст додаанд, изҳори тасаллият карда, таъкид намуд, ки шуҷоату далерии онҳо аз хотираи мардуми тоҷик ва давлату Ҳукумати кишвар ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд. Чорабинии имрӯзаро гузашти низомии ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти гумрук, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, воҳидҳои зудамал, воҳидҳои танкӣ, артилерия ва Оркестри ҳарбии муттаҳидаи Вазорати мудофиа ва гвардияи миллӣ анҷом бахшиданд”,-афзуд манбаъ.


Эмомалӣ Раҳмон: Нақшаи хоинони Ватан ин дафъа низ барбод рафт (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Нақшаи хоинони Ватан ин дафъа низ барбод рафт (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Нақшаи хоинони Ватан ин дафъа низ барбод рафт (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Нақшаи хоинони Ватан ин дафъа низ барбод рафт (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Нақшаи хоинони Ватан ин дафъа низ барбод рафт (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Нақшаи хоинони Ватан ин дафъа низ барбод рафт (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Нақшаи хоинони Ватан ин дафъа низ барбод рафт (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Нақшаи хоинони Ватан ин дафъа низ барбод рафт (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Нақшаи хоинони Ватан ин дафъа низ барбод рафт (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Нақшаи хоинони Ватан ин дафъа низ барбод рафт (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Нақшаи хоинони Ватан ин дафъа низ барбод рафт (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Нақшаи хоинони Ватан ин дафъа низ барбод рафт (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Нақшаи хоинони Ватан ин дафъа низ барбод рафт (АКС)
Мӯҳр
Малик
Ким хоини ватан

Дилшод
Бехтарин кор кард Эмомалии Рахмон мо бо Шумоем чаноби олли бигузор доимо ин гуна хоинонро несту нобуд созед мо тинчи ороми ва пешравии милатро мехохем на чангу чидол мисли Афгонистону Покистон Ироку Сурия фиреби дигархоро хурда пушаймон шудаанд амммо дигар чора надоранд милат шахрхои зебо аз даст рафт мо бояд доимо ором тинч ва пешрафта бошем Зинда бод Точикистони азизи ба дилу чон баробар Худованд доимо моро тинч ва дастурхонамонро пур аз нозу немат гардонад омин.

Чамшед. Душанбешахр.
Дуруст гуфтанд чаноби Рахмон ин накшаи душманон ва хоинони Ватан хаст, ки на аз хорич , балки аз дохили Ватан хастанду сари мансаб. Фикр мекунам дар инчо хам ин накшахо танхо масли накшахои каблии Хукумат барои пулу моли ин "хоинон"накша кашиданд, дигар хеч. Агар дар инчо максади сарнагунии ин Хукумат аз пеш мебуд (монанди онки имруз ба ХНИТ бор мекунанд, ки гуё касди табалудот доштанд) муваффак мешуданд, зеро мардум хаста шуд аз ин режими Инро тамоми коршиносони дохиливу хоричи баён карданд. Бисёре аз мачалахои маъруфи Аврупову Амрико гуфтанд, ки ин танхо як худхохии режим хаст!

посух дилшода ..... еее беномусо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)