Бахшҳо
26 сен 2015 11:44Тоҷикистон / Сиёсат

Жириновский хостори бозгашти русҳо ба марзи Тоҷикистон шуд

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал демократҳо ва ноиби раиси Думаи давлатии Русия пешниҳод кардааст, ки низомиёни рус ба марзи Тоҷикистон баргарданд.

Жириновский 25 сентябр дар шарҳи қазияи боздошти овозхонҳои маъруфи рэп дар Русия- Гуф ва Слим изҳор доштааст, роҳи маводи мухаддирро бояд дар марзи Тоҷикистон гирифт. Раиси Ҳизби либерал-демократи Русия аз амали Дмитрий Носов, вакили ҳизбаш дар Думаи давлатӣ, ки боздошти рэпхонҳо бо ташаббуси ӯ сурат гирифтааст, интиқод намуд: “Мо ба Носов чунин дастур надодаем. Албатта мубориза бо маводи мухаддир зарур аст, аммо ба ин бояд мақомоти дахлдор машғул шаванд. Мо амали Дмитрий Носовро маҳкум кардем ва дар интихоботи оянда номзадияшро ба вакилӣ аз ҳизби худ пешниҳод нахоҳем кард”.

Жириновский таъкид намудааст, ки маводи мухаддир бояд дар Русия набошад ва барои ин зарур хондааст, ки бо Тоҷикистон созиш шавад то марзбонҳои рус ба сарҳад бо Афғонистон баргарданду роҳи қочоқи маводи мухаддирро гиранд. Ин пешниҳоди Жириновский дар ҳолест, ки ахиран додгоҳи Новосибирск рэпхонҳои рус - Гуф ва Слимро барои истеъмоли кокаин ба 6 ва 5 рӯзи маҳбас маҳкум кард, ки боиси сарусадои зиёд дар Русия шуд.

Қаблан Маркази тадқиқоти стратегӣ ва сиёсати хориҷӣ, мақараш дар шаҳри Мински Белорус бо нашри гузориши ҷадиде дар бораи дурнамои нави геополитикаи Русия таъкид намуда буд, ки стратегияи нави геополикии Русия амалгаро буда, ин кишвар ният дорад, хатти дифояшро ба сарҳадҳои берунии Тоҷикистон, Қазоқистон, Белорусия, Абхазияю Осетияи ҷанубӣ интиқол диҳад: “Эҷоди ноамнӣ дар қад-қади ин хатти стратегӣ банде аз геополитикаи нави Русия аст, ки ҳадаф аз он кам кардани ҳузури абарқудратҳои дигар дар ин минтақа мебошад”.

Мӯҳр
Сергей
Э акаи Жора бе гуфтани ту хам ххдт барвакт русхоро ба Точикистон гардонд. нисфи дигари Точикистона тангако гирфтан. Точикистон тарака шуд.

Огоҳ
Шумо нодуруст фаҳмидед Жириновскиро. Мақсади ӯ ин буд, ки русҳо ба сарҳад баргарданду генералҳои рус мисли солҳои пеш тамоми қочоқро зери назорати худашон дошта бошанд. Хестед, ки хобед, оғои Жирик!

Не так поняли Жириновского. Он имел ввиду возврат русских на линию границы и обратное получение полного контроля над трафиком афганского героина российскими генералами. Но, как говорится, поезд ушел евнух Жирик! Вам больше не видать погранлинию с Афганистаном.

Ffffggg
Без пул мондаги

Мухочир
Бгире хами точикистони мора бе урам да ватанмон нестем 3мох да я сол мебёем аз бахри хамин 3мохам мегзарем

Вова
Не кричи, Жирик! Тебя больше никто не слушает.

Тоҷик
Рост мегуяд Жириновский, бояд баргарданд ва қочоқи маводи муҳаддииро бигиранд, вагарна дар 6 моҳи охир ҳазорҳо тоҷик ба гардиши маводи муҳаддир дар Руссия ба даст афтоданд. Худи ман ба ӣнҳо ба ҳайси тарҷумон кор мекунам. Ягон сол чунин "ҳосил" набуд, дар як вилояти майдае, ки дар тамоми сол 2-3 нафар боздошт мешуд ҳоло анқариби 14 нафар имсол ба даст фуромаданд.

ба Жорик
як баромадаш хеч гох аз ёдам намеравад хамин пука: гуфта буд, ки то кай фарзандони халки рус халок мешаванд, бигзор точикхо хам кушта шаванд. Ин дар як барномаи канали руси буд ва мавзуъи асоси сархади Точикистон. Ин ду пагона аст, миллатчи насист.

сарҳадбон
Ҳангоми дар марзи Тоҷикистону Афғонистон будани марзбонҳои рус қочоқи маводи мухаддир бештар буд.Ҳоло пеши роҳи қочоқро сарҳадбонони тоҷик гирифтанд.

хами Жирикдукунайский кай мемурда боша ки брем да каврш трб бкорем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)