Дар Қирғизистон латту кӯби номзад аз сӯи рақибаш тафтиш мешавад

Канатбек Азиз, аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон мегӯяд, гунаҳкорони муноқиша миёни номзадҳои ҳизби”Ҷумҳурӣ – Ата-Журт” ва “Онугуу-Пешрафт” аз номзадӣ маҳрум ва ё огоҳонида хоҳанд шуд.
26 сентябр дар матбуот хабаре нашр шуд, ки ҳамраиси ҳизби “Ҷумҳурӣ – Ата-журт” -- Камчибек Ташиев дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Сузаки Қирғизистон номзад аз ҳизби “Онугуу-Пешрафт” -- Абдиманап Абдивахаповро латту кӯб кардааст. Дар натиҷа Абдиманап дар бемористон бистарӣ шуда, таҳқиқи судии тиббӣ анҷом додааст.
Камчибек Ташиев латту кӯб шудани рақибашро рад мекунад. Вай изҳор доштааст, Абдивахипов ӯро даъват кардааст. Вақте Ташиев ба утоқи кории Абдивахипов ворид мешавад, якбора Абдивахипов ӯро ба муноқиша кашонда, хархаша кардааст. Тошиев ин хабарро “пиари сиёҳ”-и рақибон медонад.
Феълан дар раёсати корҳои дохилии вилояти Ҷалол-Обод хабар доданд, ки барои тафтиши моҷарои номзадҳо тибқи моддаи “авбошӣ” парванда боз шудааст.
Интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи 4 октябр барпо шуда, дар он 14 ҳизб иштирок мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |