Бахшҳо

Исломшиноси №1-и назди Президент дар бораи манъи ҲНИТ: Фармонҳо бояд бечунучаро иҷро шаванд...

Додситонии кулли Тоҷикистон аз Додгоҳи Олӣ дархост кардааст, ки фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар кишвар мамнуъ эълон шавад.

Дар ин бора ба “Озодагон” аз мақомот хабар дода, аз ифшои ҷузъиёти бештар худдорӣ карданд.

Ин дархост дар ҳолест, ки 28 августи соли равон Вазорати адлияи Тоҷикистон бо ирсоли як огоҳинома унвонии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон аз роҳбарияти ин ҳизб қатъи фаъолияти ба гуфтаи ин ниҳод ғайриқонуниашро талаб намуда буд.

Дар шарҳи дархостҳо барои қатъи фаъолияти ҲНИТ ва пайомадҳои он Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон ба хабаргузории миллии “Ховар” гуфтааст, «қарору фармонҳое, ки аз ҷониби вазорату кумитаҳо ва ниҳодҳои масъули ҳар як давлат пешниҳод мегардад, бояд бе чунучаро ҳам аз ҷониби шаҳрвандон ва ҳам аз ҷониби ҳизбу ҷараёнҳо ва дигар ниҳодҳое, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд, иҷро карда шаванд. Ба андешаи ман Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ниҳояти кор қарори содир намудаи Вазорати адлияро комилан иҷро мекунад”.

Баротзода дар мавриди пайомади манфии бастани ҲНИТ барои ҷомеаи Тоҷикистон афзудааст, ки «баста шудан ҲНИТ бо фаъолияти мазҳаби Абуҳанифа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагие надорад. Фаъолияти ҳизбҳои тундгарои сиёсии динию ғайридинӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ пайдо шудааст. Таъсири манҳус ва баде, ки ба фаъолияти ҳизбҳои гуногун расонида шуда буд, аз вазъи ноороми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарчашма гирифтааст. Солҳои 70-80-уми асри гузашта теъдоди бузурги лоиҳаҳои исломӣ бо дастгирии кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ба муқобили будубоши нерӯҳои шӯравӣ дар қаламрави Афғонистон роҳандозӣ гардид, ки он мазҳаби ҳанафии Покистон ва Афғонистонро ба мазҳаби тундгарои ҷанговар табдил дод ва таъсири он ба баъзе рӯҳониён ва гурӯҳҳои ҷомеаи мо низ расид. Бинобар ҳамин, метавон гуфт, ки баста шудани ҲНИТ ягон пайомади манфӣ нахоҳад дошт”.

Ин дар ҳолест, ки ҲНИТ ягона ҳизби расмии динӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст, ки қаблан ҳамчун кафили сулҳи тоҷикон аз ҷониби мақомоти давлатии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Мӯҳр
Сомон аз н. А.Чоми
Баста шудани ХНИТ ба манфиати халку Ватан буда дини мубини исломро аз олудашави аз хар гуна нопокихо эмин медорад.

Бояд Исломшиноси №1 бар асоси КИТОБИ МУКАДДАСИ КУРЪОН ба фаъолияти ХНИТ "бахо" тиян на аз руи фармонхои Хукумат ,чун Исломро бо КУРЪОН 1400 сол боз мефахман , агар барои вазифа (мансаб) набошен !!!!!

Ислом ба ҳеҷ гуна ҳизб эҳтиёҷ надорад. Мавлавӣ Ҳиндустонӣ ба Абдуллои Нурӣ беҳуда нагуфта будааст: "Ҳизби исломӣ насозед, ки бадбахтӣ меоред". Ҳиндустонӣ дар ҳақиқат хуб пешбинӣ карда будааст. Агар ҳизбҳои сиёсии исломӣ хушбахтӣ меоварданд, ба Афғонистон меоварданд. Ҳамаи ҳизбҳояшон исломӣ аст, аммо корашон фақат мусулмонкушӣ аст.

nabi farhor
Агар бо баста шудани ХНИТ чойхои кори зиёд гардад,корхонахо сохта шаванд,мухочират кам шавад,бигзор хамаи хизбхо баста шаванд,бе хизб хам зиндагиамон пеш меравад.

И ислом шиноси раками як да чехраш нури исломи надорад кууу ина чхел шмо исломшинос гуфтен мухтарам озоди??

саид
Исломшиноси раками (1) хуб мешуд дар мавриди дигар мукадасоти ислом низ садо баланд мекардед! Ба мисли: сатр, риш, дар чои кор намоз хондан, то 18 сола масчид рафтан ва гайра...

nabi farhor
Рахмат ба Падарат Саид.Он кадар агар исломшиноси раками 1-бошед,чаро барои риш ё сатр сажо баланд намекунед.Барои,он ки аз мансабатон метарсед на аз Худо.

ватандуст
рахмат ба падарат Сухроб баъди суханхои Шумо бафикрам дигар хочат ба сухан гуфтан нест

Хочати сухан ба гуфтан хаст. Домулло Файзулло Баротзода дониши хуби исломи ва дунявиро дорост. Намозакхояшро хам сари вакт мехонад. Осори бузургони мазхаби Ханафи ва исломиро тахриру тахия карда ба чоп омода расонидааст. На хар муллои камсавод метавонад бо вай дар мавзуи ислом мунозира кунад. Бовар накунед, ба телевизион даъват карда бахс кунед,

Мухтарам коргарони ОЗОДАГОН ин суханхои маро расонед ба ин кас " АГРА РАХМАТИ НУРИ ЗИНДА МЕБУД ТУ ХАТТО НАФАС КАШИДА НАМЕТАВОНИСТИ". Имруз дида истодаем ки ягон расонахои точик ба стандартхои суханхои озоди мувофикият надорад !! Аз чумла ОЗОДИ, Ховар ва хамчунин ХУДИ ШУМО ОЗОДАГОН. Шуморо фахмида мешаввад зеро шумохам МЕТАРСЕД!!! метарсед ки шумохам мекушан, мешинонанд е забонатонро мебуранд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)