Ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи Ёров: Барои талони қалбакӣ, қаллобӣ...

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои аъзои боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии кишвар хабар додааст.
Ин ниҳод Ёровро дар қаллобӣ муттаҳам мекунад: “Аз ҷумла тахминан моҳи июли соли 2010 ба боварии шаҳрванд Бозоров Комилҷон, сокини шаҳри Истаравшан, кӯчаи Ғозиев, хонаи № 43 даромада, бо суйистифода аз ҳолати оҷизӣ ваъда додааст, ки бо шиносҳои зиёд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ метавонад писари охирон, яъне Бозоров Дилшод Комилҷоновичро, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо моддаи 32 қисми 3 (Суиқасди ҷиноят), 104 қисми 2 банди “ё” (Одамкушӣ) озод намояд. Сипас, аз дасти Бозоров Комилҷон маблағи баробар ба 4000 доллари ИМА-ро гирифта, ба манфиати худ сарф кардааст ва ягон кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонидааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, инчунин Ёров талони муоинаи техникиро қалбакӣ сохта, истифода намудааст: “Бинобар ин, бо дастрасии моддаҳои 140, қ.6 м.145 ва 146 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 247 (Қаллобӣ) ва 340 (Сохтакорӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад”.
Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват намудааст, агар алайҳи Ёров шикояте дошта бошанд, ба мақомоти умури дохилӣ муроҷиат кунанд.
Ин дар ҳолест, ки наздикони Ёров ба “Озодагон” гуфтанд, вакилони дифоъ бо Бузургмеҳр Ёров дар бинои УБОП мулоқот доранд. Ба қавли онҳо, Ёров баъди зуҳри 28 сентябр барои бозпурсӣ ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муштаккил – УБОП даъват шуда буд, ҳанӯз аз ин ниҳод мураххас нашудааст. Ӯ гуфтааст, агар давоми се соати оянда берун нашавад, маънои онро дорад, ки боздошташ кардаанд.
Бузургмеҳр Ёров 28 сентябр пеш аз бозпурсиаш дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, намояндагони мақомот аз ӯ хостаанд, аз ҳимояи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ даст бикашад. Ӯ афзуд, бархилофи қонунгузорӣ дар мавриди сирри адвокатӣ намояндагони мақомот шартномаҳои солҳои 2014-2015-и ӯро нусхабардорӣ карда, бо худ бурдаанд. Ӯ ин иқдомро як навъ фишор арзёбӣ карда, гуфт: “Ман рафта мефаҳмонам, ки аз ниятам барои ҳимояи масъулини ҲНИТ намегардам, зеро маро давлат хӯрондаю пӯшондааст, то аз ҳуқуқи шаҳрвандонамон ҳимоя кунем. Мефаҳмонам, ки дар доираи сиёсати давлат барои ислоҳот дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, ки президент ҳам борҳо ба ин нукта таъкид кардааст, фаъолият хоҳем кард”.
Бузургмеҳр Ёров дар пайи боздошти 13 масъули ҲНИТ бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, дар суҳбат бо “Озодагон” аз таъсиси Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқи боздоштшудагон хабар дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |