Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи шаффофияти сохтмони неругоҳҳои бузург

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, сохтмони нерӯгоҳҳои бузург, ки хусусияти минтақавӣ доранд, ба таври шаффоф амалӣ хоҳанд шуд. Ин нуктаро ӯ аснои суханронӣ дар Форуми сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ, ки дар Ню-Йорки Амрико баргузор шуд, иброз дошт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон илова карда, ки раванди сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурд ва миёна, бунёди нерӯгоҳҳои калон дар асоси лоиҳаҳои дорои хусусияти минтақавӣ густариш ёфта, имконоти истифодаи энергияи офтобу бод низ мавриди татбиқ қарор гирифтаанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, бунёди нерӯгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ ҷиҳати таъмини рушди устувор ва боло бурдани сатҳи зиндагии на фақат мардуми Тоҷикистон, балки тамоми минтақа мусоидат менамояд: “Дар ин росто, сохтмони пули энергетикӣ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (КАСА-1000), ки ба афзоиши содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба бозорҳои ниёзманди энергетикии Афғонистон ва Покистон мусоидат менамояд, мақоми махсус касб мекунад. Шубҳае нест, ки татбиқи ин лоиҳа чун муҳаррики рушди тиҷорат хизмат карда, тавлиди маҳсулоти саноатӣ ва таъмини амнияти энергетикиро дар ҳар ду минтақа иҷро хоҳад кард”.

Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳури кишвар дар ин ҳамоиш ёдовар шудааст, ки ҳамаи ин лоиҳаҳо, бо дарназардошти ҷанбаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии рушди устувори энергияи муосир ба таври шаффоф амалӣ мегарданд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон қайд намудааст, мавҷуд набудани имконоти дастрасии ҳудудӣ ба баҳр барои кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ ҷиҳати рушди устувор душвориҳои доимӣ эҷод менамояд ва он дар роҳи ҳамгироии минбаъдаи кишварҳои мо бо иқтисоди ҷаҳонӣ монеаи асосӣ мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфта, Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои байналмилалву минтақавӣ, аз ҷумла мулоқоти даҳуми Комиссияи Байниҳукуматии Долони Нақлиётии Байналмилалии Аврупо-Кавказ-Осиё (TРАСЕКА), конфронси Байналмилалии сатҳи олӣ оид ба рушди иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ барои давраи то соли 2023, форуми якуми сармоягузорӣ доир ба татбиқи Нақшаи Амали Созмони Ҳамкории Исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро мизбонӣ кардааст, ки чунин чорабиниҳо ба бунёди муҳити мусоид барои транзит, беҳтар намудани амнияти нақлиёт, ҳифзи муҳити зист, татбиқи сиёсати тарифии тағйирёбанда ва пешбурди тиҷорат нигаронида шуда буданд. Ба қавли президнти кишвар, гуфтушуниди намояндагони Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон доир ба Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ ба марҳалаи ниҳоӣ наздик мегардад.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур, бо вуҷуди пешравии назаррас кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ бо мушкилоти гуногунҷанбае рӯ ба рӯ мешаванд, ки ба рушди дарозмуддати онҳо халал ворид менамоянд: “Камбизоатӣ ва нобаробарӣ, иқтидорҳои ғайримутаносиби саноатӣ, инфрасохтори заиф, ҳиссаи зиёди ашёи хом дар содирот, таъмини нокифояи аҳолӣ бо қувваи барқ ва бо кор пурра таъмин набудани ҷавонон ҳамчун мушкилоти калидии кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ боқӣ мемонанд. Ғайр аз ин, рушди устувори ин кишварҳоро оқибатҳои тағйироти иқлим ва офатҳои табиӣ, аз ҷумла биёбоншавӣ ва таназзули замин, инчунин обшавии пиряхҳо заиф мегардонанд. Барои мисол, ҳар сол дар Тоҷикистон офатҳои табиии вобаста ба об сабаби хисороти азими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мегарданд. Ҳар як душворӣ бо имконоти наве ҳамроҳ аст. Мушкилоти кунунии мо кишварро маҷбур сохтааст, ки тавассути василаҳои алтернативӣ неруву тавони худро ба самтҳои стратегӣ - таъмини амнияти энергетикиву озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ - равона созад”.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, бо дарназардошти мушкилоти зикршуда кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ барои муваффақона амалӣ намудани барномаи нави рушди устувор ҳанӯз ҳам ба пуштибонии қавии байналмилалӣ ниёз доранд ва итминони комил доранд, ки Созмони Милал метавонад ва бояд нақши пешбаранда ва ҳамоҳангсози хешро дар амри расонидани кумакҳои техникиву молиявӣ ба кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ идома диҳад.
Мӯҳр
nabi farhor
Мо барои Чаноби Олли хама вакт ва дар хама чо кафкуби хохем кард.Ахсан ба шумо дар болои сари точикон зиндаву саломат бошед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)