Бахшҳо

Боздошти ду маҳбуси пешии “Гуантанамо” барои шарикӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ахиран зимни як амалиёт дар Душанбе ду маҳбуси собиқи Гуантанаморо, ки дар узвият ба гуруҳи ҷиноии Абдуҳалим Назарзода муттаҳам мешаванд, боздошт кардаанд.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи ВУД ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки боздоштшудаҳо Меҳрубон Одинаев, соли тавалудаш 1962, зодаи ноҳияи Панҷ ва Шафӣ Солеҳов, соли таваллудаш 1978 зодаи ноҳияи Вахш мебошанд: “Меҳрубон Одинаев аз як хона дар Душанбе либосҳои занона гирифта пӯшидааст ва ба ҳамин восита хостааст, фирор кунад. Аммо кормандони мақомот ӯро боздошт кардаанд”.

Одинаев ва Солеҳов, ки дар гузашта алайҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ҷангидаанду баъди боздошт дар зиндони Гуантанамои Куба нигоҳдорӣ мешудаанд, эътироф кардаанд, ки бо даъвати Сарабек Муродов, собиқ қумандони мухолифин ба гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим пайвастаанд. Мақомот Сарабек Муродов, бо лақаби “Шайх”-ро муовини Абдуҳалим Назарзода дар гуруҳи ҷиноӣ муаррифӣ мекунанд, ки феълан дар боздошт қарор дорад.

Ин иттилоъ дар ҳолест, ки бархе аз манобеи “Озодагон” аз амалиёти нав алайҳи аъзои боқимондаи генерали кушташуда Абдуҳалим Назарзода дар шаҳри Ваҳдат хабар доданд, ки шаби гузашта дар ҷамоати Бозорбой Бурунови шаҳри Ваҳдат амалӣ шудааст. Сокинони маҳаллӣ низ дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, ки аз шоми 28 сентябр ҳаракати мошину шаҳрвандон дар роҳи ҷамоати Бозорбой Бурунов маҳдуд буд ва минтақа дар муҳосираи кормандони мусаллаҳи воҳидҳои махсуси мақомоти Тоҷикистон қарор дошт: "Инчунин садои тир низ шунида мешуд".

Расман Вазорати умури дохилӣ ин иттилоъро шарҳ надод ва феълан дар мавриди натиҷаи ин амалиёт иттилои дақиқе нест. Қблан Вазорати умури дохилӣ иттилоъ дода буд, ки амалиёт барои муайян ва дастгир кардани аъзои боқимондаи гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим идома хоҳад дошт. Инчунин Додситонии кулли Тоҷикистон низ ахиран эълон кард, ки қисме аз силоҳи гирифтаи собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода ҳанӯз ёфт нашудааст.
Мӯҳр
О гуфтанд амалиет пурра анчом ефт, чанд нафарро хам барои хотимаи муваффакона мукофот доданд, бо чи шуд?

Давлата фахмида намеша дина ба охир расид гуфтан имруз бошад давом дорад. Давомашро бо кадом генерали дигар додестай

Гаага
Бо дигар роххо нашуд холо бояд чанд нафари дигарро писари бен ладену амакии мулло умару язнаи багдоди гуянд токи америка ба инхо тухфа дихад. Мансаб ачаби чизи харррррррром будааст

Саркаш
Салимбой,
Куҷо хотима ёфтааст, нав акнун оғоз меёбад.

Мухочир
Лахзахои гуворо давом дорад! Касе макул нест капида бурда дар гурухи Хочи гузарондестиан!

Додситон
Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки қисме аз силоҳи гирифтаи собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода ҳанӯз ёфт нашудааст.

вали
Давлати мо ранги лахзахоиигуворо давомдорад гуфта
хамаи бечорахои дар хаётуш хамон гинерала на мешинохтану на дидигишонбудан
хамара бурда говсудкардетай
ранги иосеф Сталин ки дар соли 1931 то 1944 бароиимусалмоно карда буд хамон кора кардесай
Иншоаллох худованд бо ин кору рафторпш махв мекунад,чихкли ки худашон мегкян гурухои чиноятро ромахв кардан
дар гузашта бугургон мегуфтан ки
ДАСТИ ХУДО САДО НАДОРАД
АГАР ЗАД ДАВО НАДОРАД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)