Бахшҳо

Бародари Кабирӣ: Бовар дорам, ки ӯ хиёнат накардааст...

Сафар Кабиров, бародари калонии Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ба хиёнаткор будани фарзанди падараш бовар надорад.

Сафар Кабиров, ки ҳафтаи равон барои суҳбат ба дафтари ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ҳозир шудааст, таъкид намуда, ӯро касе маҷбур накард, танҳо мехоҳад гапашро бигӯяд. Ӯ амали Абдуҳалим Назарзодаро хиёнат хонда, онро маҳкум кардааст, вале дар мавриди Муҳиддин Кабирӣ гуфта, бовар дорад, ӯ хиёнат накардааст: “Ман бовар дорам, ки фарзандони падари ман набояд хиёнаткор бошанд. Агар фарзанди падари ман хиёнат кунад, Худо ҷазояшро диҳад. Мо аз хиёнаткор даст мекашем. Падари ман марди деҳқон аст, ризқашро аз замин меёбад. Вақте ки он кас заминро каланд мезаданд, мардум мегуфтаанд, ки инро булдозер кардааст. Вақте ки дарав мекарданд, мегуфтаанд, ки ин кори комбайн аст. Аз чунин падар фарзанди хиёнаткор ба дунё намеояд”.

Кабиров изҳор дошта, бо генерал Назарзода рафтуомад надошт: “Ман як деҳқони одӣ, бо генералҳо сару коре надорам”.

Бародари Кабирӣ таъкид намуда, бояд ҳама барои ободии Тоҷикистон заҳмат бикашанд: “Мо бояд гуфтугӯйи байниҳамдигарӣ дошта бошем, корро бо сулҳ тамом кунем. Он гунае, ки Президент мекунад. Ман соли 1993, вақте Эмомалӣ Раҳмон Афғонистон рафт, гиря карда будам. Ҳа, ба хотири шуҷоату қаҳрамонии ӯ номи писарамро Эмомалӣ мондам. Ин кори осон нест. Сулҳ ба осонӣ ба даст наомадааст. Агар хато кунам, маро ислоҳ кунед, шумо хато кунед, ман гӯям. Ман хоҳиш дорам, ки ҳама корро бо гуфтушунид хал кунем”.

Сафар Кабиров дар посух ба суоли журналист, ки писараш Эмомалӣ чандсола асту ба чӣ кор машғул мебошад, посух додааст, ки ҳамсоли давлати соҳибистиқлол асту феълан дар мардикорӣ дар Русия қарор дорад. Ӯ илова намудааст, ки дар маҷмуъ 13 фарзанд дорад ва худаш ба деҳқонӣ машғул мебошад. Дар идома ба суол, ки оё шуморо касе озор дод ё медиҳад, чунин посух додааст, “Не, касе маро озор надодааст. Маро фақат як маротиба, соли 1993 бачаҳои эшони Дароз ва ба гулӯям корд монда, мошинамро гирифта буданд. Дигар то имрӯз аз касе озоре надидаам. Шумо журналистед, мӯйро аз хамир ҷудо кунед, таҳлил кунед, ки аз касе зарар набинед. Ҳозир хоҷагии деҳқонӣ ва фермаи маро барои тафтиш бастаанд. Ман одами ҷангҷолӣ нестам, ба ҳеҷ ҷой муроҷиат накардам. Ман мехоҳам Тоҷикистон аз шарри душманон эмин бошад. Обод бошад. Нонамонро ёфта хӯрем”.
Мӯҳр
Мухочир
Парвардигори Рамону Рахим чунин Падарон ва Фарзандони ба ору номус, садо дор , нони халол хур ро дар Ватани Азизи мо зиёда гардонад ва будагиёш ро дар амони худ Нигох дорад . на танхо мухтарам Сафар Кабиров балки Мухиддин Кабири бовари дорам зиёда аз садхо хазор бародароне дорад дар ватан ки ба чунин тухмат ва Хиёнаташ бовар НАДОРАНД .

nabi farhor
Кариб як мох мешавад мачалахои Радио Озодагонро мутолиа мекунам.Бовар кунед,баъд аз мутолиа хело монда мешавам,ин кадар проблемахо.Афсус.

Точик
ХАРКАС БАРОИ КИРДОРИ НОШОИСТАИ ХУД ДАР НАЗДИ КОНУН ХУДАШ ЧАВОБ МЕГУЯД БА БАРОДАРУ ПАДАРАШ КОРДОР НАШАВЕД БИГЗОР ХАРКАС БАРОИ КОНУНРО ВАЙРОН КАРДАНАШ ДАР НАЗДИ КОНУН ХУДАШ ЧАВОБ ГУЯД ХЕЧ КАС ХУКУК НАДОРАД КИ БАРОИ ГУНОХ КАРДАНИ ЯК ШАХС ШАХСИ ДИГАРРО ГУНАХГОР КУНАД НОВОБАСТА АЗ ОН КИ БАРОДАР Ё ХОХАРИ ШАХСИ ГУНАХГОР БОШАД ХУКУКИ КОНСТИТУТСИОНИ ШАХРВАНДОН БОЯД ТАХТИ ХИМОЯТИ ДАВЛАТ БОШАД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)