Бахшҳо

Иттиҳоди Аврупо: Бастани ҲНИТ озодии баёни сиёсиро маҳдудтар мекунад

Ҳукумати Тоҷикистон бо бастани ҲНИТ озодиҳои сиёсӣ ва плюрализмро дар кишвар маҳдудтар кардааст.

Ин нукта дар изҳороти Хадамоти корҳои хориҷаи Иттиҳоди Аврупо, ки панҷшанбеи якуми октябр дар Брюсел нашр гардид, таъкид шудааст.

Мая Косиянчич, сухангӯи раҳбари ин хадамот гуфтааст, раванди маҳдудсозии озодиҳои сиёсӣ ва плюаризм дар Тоҷикистон баъди интихоботи моҳи марти соли 2015 ба назар мерасад: “Тасмими мамнӯъ кардани аҳзоби сиёсӣ бояд қонунан ба таври ошкоро баррасӣ шавад".

Иттиҳоди Аврупо такрор кардааст, ки истифодаи зӯроварӣ алайҳи нерӯҳои давлатиро, ки моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон сурат гирифт, маҳкум мекунад ва мухолифаташро барои истифода аз хушунат алайҳи ҳукумати Тоҷикистон баён кардааст.

Хонум Косиянчич таъкид кардааст, ки “ҳатто ҳангоми амалиёт барои таъмини амният ҳукумати Тоҷикисон бояд озодиҳои бунёдии шаҳрвандони Тоҷикистонро кафолат дода, волияти қонунро таъмин кунад".

Додгоҳи олии Тоҷикистон 29 сентябр бо дархости Додситонии кулл, Ҳизби наҳзати исломиро экстремистӣ-террористӣ эълон карда, фаъолияташро дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон намуд. Бо қарори додгоҳ фаъолияти нашрияи “Наҷот” ва сомонаи ҲНИТ низ мамнуъ гардида, паҳн кардани ҳар гуна маводи аудиовизуалӣ ва адабиёти ин ҳизб манъ шудааст.
Мӯҳр
Мардин
Байонияи хушку холи

одил
Ачоиб гап-ку. "хатто хангоми амалиёт барои таъмини амнияти хукумати Точикистон бояд озодихои бунёдии шахрвандони Точикистонро кафолат дода, волоияти конунро таъмин кунад." Хамин суханро хамон шахсе, ки онро навиштааст, як маротиба хонад бошад? Суботу амният дар давлат набошад,дар бораи ягон хел хукуку озоди гап зада намешавад. Агар хамин холат дар худашон рух медод баъд медидем, ки чи гуна рафтор мекарданд. хар кас аввал дар хонаи худаш тартиб дарорад, баъд моро омузонад.

Muslim
az guftahoyaton malum meshad ki shumo hargiz avrupo naraftaed agar merafted bad azodii insonro mefahmided.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)