Бахшҳо
02 окт 2015 07:43Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Рӯзи аввали даъват ба артиш. 70 нафар аз Исфара ихтиёрӣ ба аскарӣ рафтаанд

Шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 70 тан аз ихтиёриёнро ба хидмати ҳарбӣ гусел кардааст. Дар ин бора ба “Озодагон” аз ҳукумати шаҳри Исфара иттилоъ доданд.

Бино ба хабари манбаъ, ин ҷавонон рӯзи якуми октябр, дар нахустин рӯзи оғози мавсими даъват ихтиёрӣ барои хидмат дар артиш ба комиссариатҳои ҳарбӣ омада ва ба аскарӣ гусел шудаанд. Манбаъ мегӯяд, дар даъвати гузашта шаҳри Исфара 15-20 рӯз пештар аз муҳлати муайяншуда нақшаи давъати ҳарбиро ба анҷом расонида буд: “Гусели барвақти ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз корҳои фаҳмондадиҳии масъулин вобастагӣ дорад. Яъне, чӣ гуна Ватанро ҳифз кард, қарзи шаҳврвандии ҳар инсон ва ба монанди инро мефаҳмонанд. Чун шаҳри Исфара корҳои фаҳмондадиҳиро ҳанӯз аз даври мактабхонии ҷавонон оғоз мекунад”.

Эмомалӣ Раҳмон - раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 14 сентябр доир ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ва хизмати ҳарбӣ фармонеро содир кард, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст, шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997-и кишвар ба хизмати ҳарбӣ даъват гарданд: “Моҳҳои октябр-ноябри соли 2015 шаҳрвандони ҷинси марди то рўзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мўҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд”.


Акс аз Интернет
Мӯҳр
Сагера бгрез ки аблава сар шид

Сагера бгрез ки аблава сар шид

nabi farhor
Офарин ба чавонони ш.Исфара.Барои хар як афсари ихтиёран даъватшуда,хавасманд гардонида мешуд,бисёр хуб буд.Маъошхои афсаронро зиёд мегардонданд,бисёр хуб мешуд.

ин ҳама ба сабаби он аст ки шумораи шахсони аз Исфара ба Давлати Исломии Ироқу Шом шомил гашта хеле зиёданд, аз ҳамин сабаб волидайн аз тарси ҳамроҳ нашудани фарзандонашон ба сафи ДИИШ онҳоро ба хизмати ҳарбӣ додаанд.

Посух ба nabi farhor!
Бародари азиз, аз ҳоли имрӯзаи аскаронбехабар будаӣ. Аскарон вақте маошашонро мегиранд ва имзо мекунанд, ҳамин кибаромаданд боз пулро месупоранд. Маошро агар зиёд ҳам намоянд, ба буҷаи давлат зарар мерасад, чун пулро ҳарбиён мегиранд.Ҳоло аз бисёр чизҳо бехабарӣ бародар дар интихобот ҳамаашонро оварда мегӯянд ва ки дар варақаҳои интихоботӣ ба ҲХДТ ва Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳед. Шояд шумо инро овозаҳои мардумӣ шуморед, не, инро ман худам аз забони аскарони ҳамсинфам шунидам. Ба мисли ҳарбиен мардуми беадаб ва дорои маданияти пастро вонахӯрдаам. Аз волидайн, зан хоҳару бародар дашном медиҳанд,
Адолат, маданият, садоқат дар онҳо вуҷуд надорад. Агар дар хизмат бошед ва хоҳед рухсатӣ гирифта ба хонаатон равед, бе маблағ шуморо ҷавоб нахоҳанд дод, агар ин матлабро ба ҳарбиён гӯӣ рад менамоянд, чунин вонамуд месозанд, ки ин тавр нест. Барои ҳамин ман намехоҳам дар кишвари худамон адои хизмат намоям, аз ин дида дар Россия хизмати ҳарбӣ намуданам беҳтар аст. Шояд шумо гӯед, ки мо танҳо таҳқир менамоем, аммо ин тавр нест. Таҳқир вуҷуд дораду танқид. Таҳқир ин ба маънии паст задан, ҳақир донистан аст барои манфиати худ вале, танқид камбудиҳоро гуфтан аст, паст задан аст, ки одамон ислоҳ шаванд, афсӯс ки шумораи маддоҳону косалесон зиёд шудаанд, инҳо бо мадҳи худ давлатро ба поён мезананд. Ҳукумат низ ҳозир дар атрофи худ ин гуна одамонро ҷамъ намудааст. Ман кафолат дода метавонам, ки ин маддоҳон ҳангоми сар шудани ҷанг ва ё ивазшудани ҳокимият ё фирор менамоянд ва ё боз ба мадҳи ҳокимияти нав мепардозанд. Дидам бисёрашонро дидам вақте ба гуфтани тарҷумаи ҳоли худ мепардозанд хаёл мекунӣ ки онҳо дар ҳақиқат ба гуфтаи худ содиқанд вале, чун амалҳояшонро мебинӣ баъд мефаҳмӣ, ки онон дар ҳақиқат ки ҳастанд‼

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)