Бахшҳо

Таъсиси ниҳоди вижа барои ҷалби ҷаҳонгардон дар Тоҷикистон

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон аз таъсиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи туризм хабар дода, мегӯяд, он мақоми олии доимамалкунандаи машваратӣ дар соҳаи рушди туризм ба ҳисоб меравад.

Тибқи иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Шӯрои мазкур бо қарори ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфта, ба танзим даровардани фаъолияти ширкатҳои туристӣ, ҷалби сайёҳон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ ва дар доираи он муттаҳид намудани ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавии туристӣ аз ҳадафҳои аслии он гуфта мешавад.

Наврӯз Қурбонов, масъули бахши иттилооти кумита ба “Озодагон” гуфт, Шӯро инчунин барои таъмини ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, субъекти хоҷагидори соҳаи туризм, шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, меҳмонхонаҳо, савдои хӯроки умумӣ ва ташкилотҳое, ки новобаста аз шакли моликияташон ба пешниҳоди мол ва хизматрасонии туристӣ машғул мебошанд, таъсис дода шудааст.

Манбаъ мегӯяд, қаблан бо назардошти зиёд будани шӯроҳои мухталифи ҳукуматӣ, таъсиси шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор дастгирӣ наёфта буд: “Бинобар ин кумита масоили ҳалталаби марбут ба рушди саноати туристиро дар доираи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ ҳаллу фасл мекард”.
Мӯҳр
Назарнавис
Ин шӯро ҳеҷ корро анҷом нахоҳад дод, магар ки як соли аввал аъзои шӯро танҳо се-чаҳор бор гирди ҳам меоянду гӯшҳои якдигарро бо ҳисоботҳои нимдурӯғу нимрост пур карда, дигар ягон кори воқеӣ анҷом намешавад. Баъди як сол шӯро ба ошғолсатили таърих меравад.
Баръакс, бояд ширкат ё ассотсиатсияи милии ташвиқи Тоҷикистонро ташкил ва онро маблағгузорӣ кард, то тавонад дар хориҷа корҳои таблиғотӣ барад, баъди панҷ сол натиҷаи фаълияташ маълум хоҳад шуд. Вагарна ин шӯробозиву машваратбозиҳо чизе нахоҳанд дод.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)