Бахшҳо

Даъвати Сафорати ИМА: Ҳамлаи Ҳоҷӣ Ҳалимро баҳона барои саркӯби бештар накунед

Сафорати Амрико дар Душанбе мегӯяд, тасмими Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мавриди манъ кардани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба рушди демократия таъсири манфӣ дошта, озодии баёни сиёсиро фуру менишонад.

Ин ниҳод ҳизбҳои сиёсӣ ва интихобҳои гуногунро бахши муҳими як ҷомеаи солим ва босубот унвон карда гуфтааст, таъқиби мухолифон танҳо рушди ифротгароиро суръат мебахшад: “Шаҳрвандоне, ки аз ҳуқуқи худ маҳрум шудаанд, ғолибан барои ибрози назарашон аз роҳҳои манфӣ кор мегиранд. Мо огоҳ ҳастем, ки ҳукумат 13 узви аршади ҲНИТ-ро дар шӯриши нокоми аввоили сентябр ҳамдаст медонад”.

Сафорати ИМА аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, қазияи аъзои ҲНИТ-ро ба шеваи одилона, шаффоф ва сареъ ҳал намояд: “Мо қазияи 4-уми сентябрро маҳкум мекунем ва манофеи қонунии ҳукуматро дар супурдани ҷинояткорон ба дасти адолат дарк мекунем. Бо вуҷуд, аз давлат мехоҳем ҳамлаҳоро ба ҳайси баҳона барои саркӯби бештар истифода накунад”.

Додгоҳи олии Тоҷикистон охири моҳи сипаришуда ҲНИТ-ро ҳизби экстремистӣ-террористӣ эълон карда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон кард.
Мӯҳр
Ин ватани мо хаст, ин суханони пучи шумо мухтарама ягон асосе надорад. Мо мардуми Точик оромиро мехохем беш аз хама. Шумо хаки дахолат карданро надоред. Мо якбор аз сар гузаронидем чанги бародаркуширо аз дасти чунин шахсонеки аз номи Ислом гап мезаданд ба манфиати шахсиашон. Дини мубини Ислом мухточ,и х,изб нест. Мусалмони на дар хизб хаст балки дар к,алби инсон аст. Дида истодаем ки дар мамлакатхои мусулмонишин читавр гайри мусулмон, онхоро аз номи дини мубини Ислом чанг меандозанду мусулмон мусулмонро мекушад ва аз дур тамошо карда х,аловат мебаранд. Ба хочагон ва душманони ин миллати азиз ки ном Точик аст гуфтаниам мо хама бародару хохарем Иншооллох харгиз мо дигар ба хатогии ки солхои 92 кардем нахохем кард. Зинда бод Точикистони азизу озоди ман.

SHEFFFFFFFF
Ман ба хукуматдорони АМРИКО ГУФТАНИЯМ КОР НАДОШТАБОШАНД БА ХУКУМАТИ МО МО ТОЧИКОН МЕДОНЕМ АЗ КИ МАСЛИХАТ ГИРЕМУ ЧИ КОР КУНЕМ МАН ХУД ШОХИДИ АЙНИ ХАСТАМ БО ЯК ОДАМЕ КИ УЗВИ ХНИТ БУД, МЕГУЯД ТОЛИБОН ,ДОИШ, АЛКОИДА МУЧОХИДОНИ РОХИ ХУДО ХСТАНД.
МАН АЗ РАИСИ ХИЗБИ МАЗКУР РОЗИ ХАСТАМ АММО АЗ ПАЙРАВОНАШ НА.
АМРИКО ХАМ БА ЧОИ АКЛ НИШОН ДОДАН УН БЕМОРИСТОНЕ КИ ДАР ДАВЛАТИ АФГОНИСТОН МУНФАЧИР КАРДААСТ ЧОВОБИ ИНРО БОЯД ДИХАД
ИЛТИМОС ОЗОДАГОН ЧОП КУН

Кулоби
Мо хам тинчиро мехохем ва мо боз мехохем,ки ришвагири, бебарки ва бекори дар Ватани махбубамон пурра аз байн бурда шавад.

Амрико рафта дар ироку сирия ва лубнону миср сохтмони демократияатонро идома дихед. Сабаби хамаи нотинчихои ҷаҳон шумоед. Шумоён ғайр аз мақсади шоҳигарии худ дигар ҳеҷичиз надоред. Ба Тоҷикистон дахолат накунед чунки гуспандони соли 90-умро дигар намеёбед. Озодагон илтимос чоп кунед.

Девонамон каден ба хами коментхои "тинчи, соли 1992". О тинчи гуфта, дига дахонамона бидузем?

Mardikor
Хонуми сафир барои дахолат кардан хуччат дорад, чунки дар чахон Амрико хомии конунхои демократия шинохта шудааст ва инро давлати сохибистиклоли мо низ тасдик кардааст. Ба хамин хотир мо назди онхо забонкутахем ва хеч садо баланд карда наметавонем. Мо факат болои точикони худамон зурем агар миллати точик дар дигар манотики кишвар ба азобу шиканча гирифтор бошад хукумату сафорати мо дахолате намекунанд, гуё ки чумхурии мо Точикистон не, балки Гуломистон бошад, ки хатто хукуматдорамон дар химояи хукукхои конунии шахрвандонаш метарсад. Амрико бошад на танхо аз хукукхои шахрвандонаш, балки аз хукукхои тамоми башар химоят мекунад. Барои хамин уро хамчун як лидери демократхо дар чахон шинохтаанд. Мо миллати точик дар интернетхо факат садо баланд карда метавонему халос аз наздик дар ру баруи душманамон муши мурдаем, аз чумла худам хам хамин хелам. Мард бошед рафта ба сафорат ин суханонро ба худи сафира аз наздик гуед, агар онкадар нотарсед. Мо точикон миллати саркубем , ки хатто аз истифодаи хукукхои фитрии худамон очизем ва барои норозиги аз сиёсати давлати факат аз дури садо баланд мекунему халос. Ин хама нишонаи озод набудан аст. Ба хамин хотир ахсан ба Амрико, ки пеш аз хама озодии баён дар ончо мавчуд аст ва инчунин дар тамоми чахон худро як державаи кави нишон додааст, ки агар ба хуби кораш дарор накард у метавонад ба зури хал кунад. Чи еле , ки дар урфият гуфтаанд; Ё БА ХУБИ, Ё БА ЗОРИ, Ё БА ЗАР...

Миралӣ
Бас акнун ба мо фишор додан. Муносибати аслии шумоён ба Ислому мусулмон фаҳмо.

Сухроб
Mardikor,
Тенчи гуфта. Мисли гов дар торики хоб равем. Чи гап аст зиндагии азоб. Хукумат 25 сол мешавад барку оба таъмин карда наметонад.

Адолат
Ачоиб, дар Точикистон як сафоратхонаи Америка фаъолият дорад халос? Барои чи махз ин сафаротхона масъалагузори мекунад? Барои он, ки "заинтересованный" хаст бо ХНИТ. Америка дар хама чо биниашро мехалонад. То ба кай?

муроди, равшани пешрави хамааш мешавад, хамон вакте ки ба сари мо ягон кас зури накунаду нагуяд ки чи кор кунем. барои хамин ба пеш шеррони Аллох мучохидони рохи Ватан Точикистона нигох кунед бо мадади Аллох.

Mardikor, дахонта надуз факат хушёр бош дустро аз душман фарк кун. сабр тахамул гуфтаанд. таърихро хонед ба кучое ки амрико пой монд дар он чо кашоки пойдор монд.

Адолат,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)