Бахшҳо
07 окт 2015 15:38Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Раиси Маскав: Муҳоҷирони тоҷик... фоидаоваранд

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав мегӯяд, бархилофи муҳоҷироне, ки ба Аврупо сарозер шудаанд, муҳоҷирони тоҷик, узбак, қирғиз ва ғайра, ки ба Русия меоянд, фоидаоваранд.

Собянин дар мусоҳиба бо нашрияи “Аргументы и факты” гуфтааст, фоидаи муҳоҷирони корӣ барои Маскав бештар аз мушкилоташон аст. Ӯ дар робита ба мавзӯи муқоисаи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Русия ва паноҳҷӯёни Ховари Миёна дар Аврупо гуфтааст, ин ҷо тафовут зиёд аст: “Аврупо муҳоҷиронро таъмин мекунад, барои ҳеч кор накарданашон ба онҳо пул медиҳанд. Аммо барои мо пул медиҳанд, то ки омада кор кунанд. Барои бештар аз 3 моҳ зиндагӣ кардан дар Маскав бояд ҳуҷҷатҳои лозимиро дошта бошанд ва ҳар моҳ 4 ҳазор рублро ҳамчун андоз аз даромад месупоранд. Илова бар ин муҳоҷир бояд бимаи тиббиро бихарад”.

Раиси Маскав таъкид кардааст, ин ҳама маблағгириҳо аз муҳоҷирони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо дар ҳоле аст, ки давлати Русия дар назди онҳо ҳеч уҳдадории иҷтимоӣ надорад: “Барои ҳамин аз муҳоҷирон ба Маскав фоидаи бештар аст, на мушкилот”.

Тибқи иттилои расмӣ ҳамасола низдики як миллион муҳоҷири тоҷик барои дарёфти ҷои кор ба Русия меравад, ки маблағи фиристодаи онҳо таъминкунандаи асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мебошад.
Мӯҳр
Мусофир
Эй кош рузе расад ки точики овора аз азоби гариби дарбадари мутахами пасти хорию зори халос мешуду бо сари баланд дар ватани худ назди фарзандон кор мекард.

нозим
Иншаоллох мешавад-рафик МУСОФИР!!!

''Nado takuyu atmosferu sozdat',chtobi oni -Migranti sami nepriechali v Rossiyu" In suchanonatonro dar hakikat dar amal jori karded Gospodin Sobyanin(Tovarish ne.Tovarish in chel nameguft).Mi narod ne zlopamyatnie.Ato u Vas v filmach vsega povtoryayut i lyubyat govorit'""VOSTOK delo tonkoe"

Иншааллох хамааш соз мешавад. Таоми мурдуми чахон айни хол мухочират мекунад. Факат фикр карпдан лозим нест ин бало танхо ба сари мардуми точик омадааст.

манон
ин шоаллох хамааш нагз мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)