Бахшҳо

Ҷамшед Ёров: Мо ҳизбро не, одамонро ҳимоя мекунем

Вакили дифои Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки Додгоҳи олӣ фаъолияташро манъ кард, мегӯяд, наметавонад бо зерҳимояаш дидор кунад. Ҷамшед Ёров мегӯяд, қасд дорад имрӯз, 8 октябр дар ин робита ба Додгоҳи олӣ шикоят бубарад.

Оқои Ёров дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, тайи як ҳафтаи ахир талошҳояш барои дидор бо Маҳмадалӣ Ҳайит бенатиҷаанд: “Барои вохӯрӣ бо зерҳимояам чанд маротиба муроҷиат кардам, аммо посухе намегирам. Муфаттиш мегӯяд, ман як муфаттиши оддӣ ҳастам, ба сардор нависед”.

Ҷамшед Ёров мегӯяд, шикоятҳояш ба Прокуратураи генералӣ ва муфаттишони ин ниҳод ҳам бенатиҷа будаанд. Ӯ афзуд, мақомот бояд дарк кунанд, ки вакили дифоъ на аз ҳуқуқҳои ҲНИТ, балки аз ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳимоя мекунанд: “Мо ҳизбро не, балки одамонро ҳимоя мекунем”.

Дар ҳамин ҳол, Савринисо Ҷӯрабекова, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит ҳам мегӯяд, мебоист рӯзҳои 6 ё 7 октябр иҷозаи дидор бо шавҳарашро дарёфт мекард, аммо ин иттифоқ сурат нагирифт: “Ду рӯз аст, ки занги муфаттишро интизорем. Ӯ ваъда кард, ба вакил иҷозаи ба назди шавҳарам даромаданро медиҳад, вале бо ҳар баҳона иҷоза намедиҳад”.

Хонум Ҷӯрабекова иброз медорад, ҳафтае 3 маротиба барои шавҳараш хӯрок мебарад: “Кормандони СИЗО-и КДАМ ғизоро бурда, аз он тараф варақае бо навиштаҷоти “раҳмат, гирифтам” меоранд”.

Дар пайи анҷоми амалиёт алайҳи Абдуҳалим Назарзода беш аш 20 тан аз аъзои Раёсати олии ҲНИТ боздошт шуданд. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, онҳо дар ҳамдастӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам мешаванд. Вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров ба дунболи боздошти аъзои ҲНИТ эълон кард, барои ҳимоя аз онҳо Кумитаи вижаеро таъсис медиҳад, аммо баъдан худаш аз сӯи кормандони пулис бо иттиҳоми қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷат боздошт гардид. Наздикони аъзои боздоштшудаи ҲНИТ мегӯянд бо дастгир шудани Ёров касе ба онҳо дар бораи ҳолу аҳволи пайвандонашон хабар намедиҳад. Ҳамсари Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд, намедонад ҳоло шавҳараш чи вазъе дорад. Ӯ меафзояд, бо далели надоштани маблағ натавонист вакили дифоъ бигирад: “Чанд рӯз аст, аз мағоза қарз гирифта истодаам, шароити зиндагиям хеле бад мебошад”.
Мӯҳр
Darvesh
Holo ham SSSR ...“раҳмат, гирифтам” .. BA QAFO TOJIKISTON!!!!! 1 jahon TASHAKUR baroi OZODAGON ki hamesha fikrhoi maro DELETE mekunand!!!!!!!!!

махфи
Дигар делет намекунанд сахифа баста шуд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)