Бахшҳо

Талаби 18 соли зиндон барои модаре, ки 3 кӯдакашро ғарқ кард

Айбдоркунандаи давлатӣ барои Парвина Абдуллоева, як зани тоҷик, ки дар куштори се фарзанди ноболиғаш муттаҳам мешавад, аз додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе 18 соли зиндон талаб кардааст.

Дар ин бора Матлуба Бобоҷонова, вакили дифои Абдуллоева имрӯз, 8 октябр ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуд, қарор аст, пагоҳ додрас ҳукмро эълон кунад.

Парвина Абдуллоева, сокини ноҳияи Ёвон шаби 4 июл худро бо се фарзанди ноболиғаш дар маҳаллаи Ҳаёти нав, дар наздикии Кӯли Ҷавонон ба канали Ҳисор партофт. Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба “Озодагон” он вақт гуфта буд, қазия тақрибан соати 21:18 дақиқа рух додааст: “Сокинони маҳаллаи “Ҳаёти нав” Парвинаро наҷот додаанд, аммо се фарзанди ноболиғаш-Зиёвиддин Бобоев, соли таваллудаш 2008, Маҳина Бобоева, соли таваллудаш 2009 ва Омина Бобоева, соли таваллудаш 2010 ба ҳалокат расидаанд”.
Мӯҳр
Муслис
18 КАМ ХАСТ ЯКУМРА ИН ХЕЛ МОДАРРО ЗИНДОН КУНЕД. САНКАИ НОМИ МОДАРИ ШАВАД.

шахрванд
18 сол хукми зиндон кам аст, барои хар як кудак бояд 18-соли хукм бигирад.

Ниқорталаб
Чаро ҳукми қатлро барҳам доданд?

пуё
шумо аз вазъияти ин модар чи медонед, ки дар борааш ҳукм мекунед? ҳеч модаре ин корро намекунад

Ман ба фикри Шумо розиам лекин ба як чиз ҳайронам барои чи факат модар ба ҳабс гирифта шуд? ки уро то ба ҳамин ҳол оварда расонд? ОХИР МОДАР БА ИН КОР ТАБИАТАН ДАСТ НАМЕЗАНАД Модар ин давомдиҳандаи насл мебошад. Ман боварии комил дорам ки уро то ба ҳамин ҳоли ҳайвони одамони ҳайвосифат оварда расониданд барои чи он ҳайвонҳои хунхори ба ҳамин ҳол мерасонидаро ба ҷавобгари намекашида бошанд? Муслис,

18 сол барои чунин зане, ки дар холати сахти равони даст ба чунин кор зад хеле зиёд аст. Бояд ин модар ба табобат фаро гирифта шавад.
Ки уро ба чунин холат расонид? Чаро нисбати он шахсе, ки ин занро ба чунин холат расонид парванда кушода намешавад?
Занро озод кунед ва ба табобат фиристед. Набояд ба ин дарача берахм бошем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)