Бахшҳо
16 окт 2015 10:37Тоҷикистон / Акс

АКС: Марги мармузи тоҷики 5-моҳа баъди интиқолаш ба пулис

Умар Назаров, фарзанди 5-моҳаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаби 13 ба 14 октябр масъулини пулис аз дасти модараш гирифта ба шуъбаи рақами 1-и ноҳияи Адмиралтейск бурдаанд, ба таври мармуз фавтидааст.

Рустам Назаров, падари Умар мегӯяд, ҳамсараш Зарина мадори гап задан надорад: “Умар сиҳат буд. Ӯро ҳангоми рейд гирифта бурданд. Баъдан аз беморхонаи Симбалина хабар доданд, ки фарзандатон фавтидааст”.

Меҳринисо Назарова, модаркалони Умар мегӯяд, вақте набераашро ба пулис бурданд, ӯ аз ақибашон рафтааст: “Ман аз тиреза тақ-тақ карда, гуфтам ширашро ақалан гиред. Онҳо ширро гирифтанду монданд, ба Умар надоданд. Баъдан мошини ёрии тиббии таъҷилиро дидам. Ҳамшираи тиббие, ки Умарро гирифта буд, ба ман гуфт, ки набераатонро ба беморхона мебаранд, то беҳтар нигоҳубин кунанд”.

Субҳ ба оилаи Назаровҳо хабар додаанд, ки фарзандашон нисфи шаб фавтидааст. Ба наздикон на дар пулис ва на дар беморхона сабаби марги Умари 5-моҳаро шарҳ надодаанд. Танҳо як хабари кӯтоҳ дар сомонаи Кумитаи тафтишотӣ нашр шудааст, ки тибқи он “тафтишот барои муайян кардани ҷузъиёти қазия идома дорад, ки дар ҷараёни он ба амали кормандони пулис, беморхона ва волидон баҳои ҳуқуқӣ дода хоҳад шуд. Тибқи иттилои пешакӣ сабаби фавти кӯдак беморӣ мебошад”.

Аммо падари Умар мегӯяд, фарзандаш сиҳат буд, “гарчанде норасид таваллуд шуд, вазн мегирифт ва зиёд механдид”.

Дар ҳамин ҳол мақомоти муҳоҷирати Русия мегӯянд, модари Умар-Заррина Назарова қоидаи ҳузур дар ин кишварро вайрон кардааст ва бо қарори суд бояд давоми 15 рӯз қаламрави Русияро тарк кунад. Ӯ ба Русия 1,5 соли пеш барои табобати безурётӣ омадааст ва 20 май дар рӯзи мавлуди шавҳараш барои ӯ фарзанд таваллуд кардааст. Баъди таваллуд ҳам ба Ватан барнагаштааст, то фарзандашро аз падар ҷудо накунад. Аммо...

Консулгарии Тоҷикистон дар Санкт Петербург изҳор доштааст, ки тафтиши қазияро зери назорат ва хароҷоти интиқоли ҷасади Умари 5-моҳаро ба Ватан ба уҳда мегирад.


АКС: Марги мармузи тоҷики 5-моҳа баъди интиқолаш ба пулис

АКС: Марги мармузи тоҷики 5-моҳа баъди интиқолаш ба пулис

АКС: Марги мармузи тоҷики 5-моҳа баъди интиқолаш ба пулис

АКС: Марги мармузи тоҷики 5-моҳа баъди интиқолаш ба пулис

АКС: Марги мармузи тоҷики 5-моҳа баъди интиқолаш ба пулис
Мӯҳр
овора
ТОЧИКИ БЕСОХИБУ БЕЧОРА ВА ХОРУ ЗОР.

Эгам
Сабру токатро ба ахлу оилаи Умарчон аз даргохи Худованд таманно дорам! Сафорат кучост, ки инро пайгири кунад? Боз намояндаи расми баромада худи точикро гунахгор накунад, ки якбора шарманда шавем!

шахрванд
Ин казияро хатман бояд Сафорати Точикистон дар Руссия пайгири кунад,чаро кудаки сихату саломат якбора мемурдааст???

Ман якинам ки Умар "запчас" шудааст ва аллакай калби тифлии у дар бадани дигаре метапад ва ё бо гурдаи кучаки у аллакай тифли русбачае дар харакат аст. Аз бесохибии мо истифода бурда, аз тифлакони мо "запчаст" месозанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)