Нашри ВИДЕОИ ҳузури Умаралии 5-моҳа дар шӯъбаи пулис

Мақомоти пулиси Санкт Петербург навори ҳузури Умаралии 5-моҳаи тоҷикро дар шуъбаи пулис нашр кардаанд, ки дастгоҳҳои назоратии шӯъба сабт намудаанд.
Дар ин навори беш аз якдақиқаӣ Умаралӣ зоҳиран солим буда, дар оғӯши як корманди шӯъбаи пулис мебошад. Инчунин дар видео лаҳзаи интиқоли Умаралӣ ба беморхона тариқи мошини ёрии таъҷилӣ инъикос ёфтааст.
Қаблан Вазорати умури дохилии Русия изҳор дошт, ки дар пайи санҷиш муайян кардааст, ки дар марги Умар Назаров, кӯдаки 5-моҳаи тоҷик маъмурини пулис даст надоранд.
Тавре расонаҳои Русия аз қавли ин ниҳод иттилоъ доданд, таҳқиқи қазия ва омӯзиши наворҳои видеоӣ нишон додааст, ки маъмурини пулис коре накардаанд, ки метавонад боиси марги кӯдак шавад: “Рӯзи 13 октябр модар бо кӯдакаш ба ШКД-и ноҳияи Адмиралтейски Санкт Петербург оварда шуданд. Модарро кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират (ФМС) бо худ бурданд ва кӯдак дар дасти корманди пулис оид ба кор бо ноболиғон монд. Кормандони пулис фавран ёрии таъҷилиро даъват намуданд, ки дар вақти бе нигоҳубини падару модар мондани кӯдакон, як амали муқаррарист. Баъди 13-14 дақиқа табибон ҳозир шуда, кӯдакро ба беморхонаи Тсимбалина бурданд ва дар ин бора ба модаркалони кӯдак иттилоъ дода шуд”.
Марги мармузи Умар Назарови 5-моҳа, ки баъди гирифтан аз дасти волидон шаби 13 ба 14 октябр дар беморхонаи Тсимбалина даргузаштааст, дар ҷомеаи Тоҷикистон вокуниши шадид ба вуҷуд овард. Мақомоти Русия мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |