Бахшҳо
28 окт 2015 09:17Тоҷикистон / Акс

АКСУ ВИДЕО: Ҳамоиши эътирозии тоҷикон дар Амрико алайҳи марги Умар

Теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон сешанбеи 27 октябр бо нишони эътироз ба марги Умаралӣ Назаров, кӯдаки 5-моҳаи тоҷик, назди консулгарии Русия дар шаҳри Ню-Йорки Амрико таҷамӯъ карданд.

Ширкаткунандаҳои ин ҳамоиш ба “Озодагон” гуфтанд, ҳудуди 50 тан аз тоҷикони муқими Амрико дар ин гирдиҳамоӣ иштирок дошта, аз ҳукумати Русия тақозои расидагӣ ба қазияи кӯдаки панҷмоҳа ва ба муҷозот кашидани омилони марги ӯро кардаанд.

Дар наворҳое ҳам, ки аз ин ҳамоиш бардошта шудааст, дида мешавад, мӯътаризон шиорҳои “Адолат барои Умар”, “Мо Умар ҳастем” ва “Мо хостори муҷозоти омилони марги Умарем”-ро дар даст доранд.

Дастандаркорони ин ҳамоиш дар суханронии худ мегӯянд, гирифтани кӯдаки ширхор аз дасти модар ғайриқонунӣ буд. Ба гуфтаи онҳо: “Мо ба наздикони Умар изҳори таслият арз мекунем ва аз саҳлангории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия норозӣ ва нигарон ҳастем”.

Афзун бар ин ширкатдорони ҳамоиш мехоҳанд, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия шахсан ба қазияи марги Умар расидагӣ кунад.

Иштирокдорони ҳамоиш мегӯянд, аз консулгарии Русия касе ба назди эътирозгарон набаромад.

ВИДЕО инҷост


АКСУ ВИДЕО: Ҳамоиши эътирозии тоҷикон дар Амрико алайҳи марги Умар

АКСУ ВИДЕО: Ҳамоиши эътирозии тоҷикон дар Амрико алайҳи марги Умар

АКСУ ВИДЕО: Ҳамоиши эътирозии тоҷикон дар Амрико алайҳи марги Умар
Мӯҳр
Кадом дахолати Путин??? Мо Путинро номбар накардем! Ин кори ягон сардори давлат нест. Мо танхо хостем ки шунида шавем, ва ба таври шаффову объективи гунахкорро ёфта, чазо диханд.
Кадом Путин, Алёёё???

Русия
Барои чи мардум дар Точикистон ба назди консулгари, посоли РФ намераванд? Хеч гап не охир - оромона рафта плакат гирифта - ба мисли хамин точикони Амрико - баромад кунанд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)