Вазорати умури дохилии Русия имрӯз, 28 октябр аз боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми роҳзанӣ ва узвият дар созмони экстремистии “Ал такфир-ал-ҳиҷра” хабар доданд.
Тибқи иттилои ин ниҳод ба мақомоти пулиси шаҳри Шелковои вилояти Маскав марде муроҷиат карда, арз намудааст, ки афроди номаълум бо силоҳ ба ӯ таҳдид карда, мошину маблағаш бо арзиши 1,5 миллион рублро гирифтаанд: “Дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар вилоятҳои Маскаву Смоленск ба иттиҳоми содир кардани ин ҷиноят ду шаҳрванди Тоҷикистон боздошт гардиданд”.