Бахшҳо

ВИДЕО: “Рейд”-и калон баъди боздошти 2 тоҷик барои роҳзанӣ

Дар пайи боздошти ду тоҷик барои роҳзанӣ баъди зуҳри 21 октябр дар ғарби Маскав “рейд”-и густурда роҳандозӣ шудааст, ки бо боздошти 500 муҳоҷир анҷом ёфтааст.

Тибқи иттилои мақомоти Маскав кормандони пулиси шаҳр якҷо бо кормандони Хадамоти муҳоҷират майдони сохтмонии воқеъ дар кӯчаи “Заречная”-и Маскавро иҳота карда, 500 муҳоҷири меҳнатиро боздошт намудаанд.

Мақомоти Маскав мегӯянд, ин “рейд” дар пайи афзоиши ҳолатҳои роҳзании шабона ва боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, зеро боздоштшудагон маҳз дар вагонҳои сохтмонии ин иншоот иқомат доштаанд.

Манбаъ мегӯяд, феълан даст доштани ду шаҳрванди Тоҷикистон дар 5 ҳолати ҳамлаи шабона ба занон собит шудааст, ки баъди таҳдиду латукӯб маблағ ва дигар ашёи қиматҳои ҷабрдидаҳоро гирифта, фирор мекардаанд.

Аммо яке аз боздоштшудаҳо мегӯяд, дар ду ҳолати ҳамла ба занон иштирок кардааст ва 2-3 ҳазор рубли гирифтаашро барои хариди либос харҷ кардааст.
Мақомоти Русия мегӯянд, феълан алайҳи боздоштшудаҳо ба иттиҳоми роҳзанӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба онҳо то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, қазияи мазкурро пайгирӣ хоҳанд кард.


Мӯҳр
Сафар
Мухочир бояд кор кунад на дуздию горатгари. Аз паси чунин дуздону рохзанон мардуми катории точикистоние, ки дар хакикат барои кор ва хурондану пушондани оилааш рафтааст, аз як тараф беобру мешавад аз тарафи дигар аз кор мемонад.

Чи айби точикора мековен??? Бораи ин кудаки панч моха чавоб бген!!!! Россияра зуруш омад. Дига полный точика катор мекна, гнохи набдагира бор мекна!!! Бояд Россия ай модару падари тифли бегноха,чавоб бга!!!!! Чи масхарабозия МО точико барои марги тифли бегунох, бояд полиси санк-петербург чавоб дихад.Ино спетакла сар кадан.ин сафорати точикистон дар маскав.факат вазврашени народуну.и паспорт мефуруша тамом!!!!!!!

Рейдалибек
Маклмоти точик кани як рейд гузаронед ва фахмед русхои точикистон дар кадом шароит зиндаги мекунанд???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)