Бахшҳо
31 окт 2015 10:58Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Хулосаи ВКД-и Русия: Умаралӣ зоҳиран сиҳат ва ором буд (ВИДЕО)

Вазорати умури дохилии Русия бо нашри як иттилоия аз анҷоми санҷиши хидматии интиқоли Умаралии марҳум ва модараш Зарина Юнусова ба шуъбаи пулиси ноҳияи Адмиралтейск хабар дода, афзудааст, ки маъмурини пулис дар доираи қонун амал кардаанд.

“Озодагон” хулосаи тафтиши Вазорати умури дохилии Русияро муфассал нашр мекунад, ки дар он аз ҷумла омадааст:

13 октябр кормандони Раёсати хадамоти муҳоҷирати шаҳри Санкт Петербург барои нақзи қоидаи муҳоҷират шаҳрванди Тоҷикистон-Зарина Юнусоваро боздошт намуданд, ки бо худ кӯдаки ширмак дошт.

Аз баски кормандони Раёсати хадамоти муҳоҷират нақша доштанд, ки Юнусова Заринаро ба барои таҳияи маводи маъмурӣ ба коргоҳи худ баранду аз он ҷо ба суди ноҳияи Октябр интиқол диҳанд, тасмим гирифтанд, ки кӯдаки навзодро дар ШКД-и Адмиралтейск ба уҳдаи масъулини кор бо ноболиғон гузоранд.

Юнусова Зарина ихтиёран кӯдакро ба кормандони пулис дод. Барои таъмини нигоҳубини зарурӣ кормандони пулис тибқи талаботи қонунгузорӣ фавран кормандони тибро даъват карданд, то кӯдакро ба маркази тиббии кӯдакони ба номи Симбалина интиқол диҳанд. Дар зимн ба Юнусова Зарина иттилоъ дода шуд, ки фарзандашро ба куҷо мебаранд.

Дар давоми 20 дақиқа, ки кӯдак дар шуъбаи пулис буд, масъули кор бо нобилиғон ӯро дар даст дошт ва бо эҳтиёт муносибат кард, ки инро навори дастгоҳҳои назоратӣ низ тасдиқ мекунад. Умаралӣ Назаров нишонаҳои зоҳирии нороҳатиро надошт ва мутлақо ором буд.

Дар мавриди марги Умаралӣ рӯзи дигар тариқи барқия аз муассисаи тиббӣ хабар дода шуд, ки дар он сабаби марг бемории шадиди вирусӣ-респираторӣ гуфта шудааст.

Ин изҳороти ВКД-и Русия дар ҳолест, ки қаблан ин ниҳод барои исботи даст надоштани маъмурини пулис дар марги Умар Назаров, кӯдаки 5-моҳаи тоҷик навори дастгоҳҳои назораткунандаро нашр карда буд. Марги мармузи Умар Назарови 5-моҳа, ки баъди гирифтан аз дасти волидон шаби 13 ба 14 октябр дар беморхонаи Симбалина даргузаштааст, дар ҷомеаи вокуниши шадид ба вуҷуд овард. Мақомоти Русия мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.


Мӯҳр
ВАУ
Ин изҳорот аз аввал омода шуда буд ва дар ҳолати ба баррасӣ кашидани президенти кишвар онро бояд пахш мекарданд ва карданд. Ин ҷанги иттилоотӣ аст, ки мон онро ҳамеша ба русҳо мебозем, зеро расонаҳои мо бе чуну чаро хабарҳои онҳоро пахш менамоянд. Ягон модар бо ихтиёри худ кудакашро ба бегонае, ҳатто агар ӯ фаришта бошад, намедиҳад! Агар ба хотир биоваред ин гуна хабар аввал ғайрирасмӣ пахш мешавад. Расонаҳои мо ҳамаи онро рӯбардор мекунанд. Баъдтар ин хабар ба таври расмӣ пахш мешаваду мардум қабулаш мекунанд. Ин ҳамлаи психологӣ аст. Баъди чунин хабар мардум онро ба хубӣ қабул мекунад ва ба гурӯҳҳо тақсим шуда сари баҳси кӣ хубу кӣ бад миёни худ оғоз мекунад. Мушкили асосӣ, дар ин ҳолат куштори кудаки тоҷик, дар як сӯ мемонад. Муҳтарам сармуҳаррирони тоҷик! Аз ҳар яки шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям: пеш аз додани хабаре фикр кунед, ки он бо кадом мақсад пахш шудааст. Баъди куштори кудаки тоҷик дарҳол хабар дар бораи қонунвайронкунии тоҷикон пахш карданд, ки ҳар як расонаи тоҷикӣ онро рӯбардор карда пахш намудед. Каме фикр лозим.

ASALOMU ALAIKUM HAMMILATON VA KORBARONI SOMONAI OZODAGON!
DAR AVVAL DUO MEKUNAM, KI IN KHOHAR VA BARODARI MAZLUMAMONRO, KI JIGARBANDASHONRO IN SAGSIRATON BA SHAHODAT RASONIDAAND KHUDOVAND SABUR BIGARDONAD VA DAR IVAZI IN GHAMU ANDUH GUNOHHOYASHONRO BIEMURZAD VA DAHTOI DIGAR BAROYASHON UMAR BIDIHAD.
IN IZHOROT MASKHARABOZIE BESH NEST!
BALE UMAR SIHAT BUD, UMAR SOLIM BUD, UMAR KAVI BUD VA SHUMO KHUKZODAGON URO BA KATL RASONDED VA UZVHOI BANASHRO BA FURUSH GUZOSHTED!

IN TIFLI MAASUM, IN KHUNI MAN, IN HAMMILLATI MAN, IN JONI MAN, IN NOMUSI MAN BAROI KADOM UZVI BADANASH SHAHID SHUD.
INNO LILOH VA INNO ILAIHI ROJIUN.
IN SAGSIRATON BAROI NAJOTI JONI YAK JIN FARISHTARO BA SHAHODAT RASONDAND.
KHITOB BA DUSHMANONI MILLATI MAZLUMI TOJIK DAR HAR KUJOE, KI NABOSHAND GUFTANIYAM, KI EI SAGSIRATON BA MAKSADI NOPOKI KHUD NAKHOHED RASID!
HOMI VA NIGAHBONI IN MILLAT ALLOH AST!

барои марги Умаралии бегунох худованд нишонашон дод. Ба чони Умараличон чони 220 нафари онхоро гирифт

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)