Бахшҳо
31 окт 2015 13:07Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Назорати интиқоли пули нақд миёни Тоҷикистону Русия пурзӯр мешавад

Тоҷикистону Русия созиш кардаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм назорати пули нақдро, ки шаҳрвандон бо худ интиқол медиҳанд, пурзӯр кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи равон бо имзои як қарор созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Русияро ба тасвиб расондааст, ки алайҳи қонунӣ гардондани пули тариқи ғайриқонунӣ бадастомада ва маблағгузории терроризм равона шудааст.

Ба иттилои манобеи “Озодагон” ин созишнома ба ҳамкории иттилоотӣ миёни мақомоти гумрук ҳангоми интиқоли пули нақд ё воситаҳои пулӣ аз ҷониби шаҳрвандон марбут мебошад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хадамоти гумрук ва дигар мақомоти дахлдори тоҷик дастур додааст, ки барои татбиқи созишномаи мазкур, ки 4 июни соли равон дар Чимкенти Қазоқистон имзо шудааст, чораандешӣ кунанд.

Вазорати умури хориҷӣ вазифадор шудааст, ки ҷониби Русияро дар мавриди анҷоми расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои амалисозии созишномаи мазкур заруранд, огоҳ кунад.

Ин дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон дар Русия наздики 1 миллион муҳоҷири тоҷик кор мекунанд, ки маблағи онҳо таъминкунандаи асосии рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
99
ВОЙ, БАР ҲОЛАТ МУҲОҶИРИ ТОҶИК!!!
АЗ ДАҲОНИ АЖДАҲОРОНИ РУС БО САД АЗОБУ ТАҲҚИР ЯК ДАҲАН НОН БАРОИ ФАРЗАНДОНУ НАЗДИКОНАТ КАНДА БА ВАТАНАТ МЕФИРИСТӢ, КИ АЗ ГУРУСНАГӢ НАМУРАНД, ВАЛЕ ДАР ВАТАНАТ МОРОН НАМЕГУЗОРАНД, КИ ИН НОНИ ХУНОЛУДАИ ТУ АЗ ГУЛӮИ НАЗДИКОНАТ ГУЗАРАД!!!
БО САД БАҲОНА ИН ГУРУСНАГОН БА ЧОР ТАНГАИ МУҲОҶИР ЧАШМ АЛО КАРДААНД. О КАДОМ АБЛАҲ БА ШУМО МАСЛИҲАТ ДОД, КИ ҲАМИН ЧОР ТАНГАИ МУҲОҶИР БА ТЕРРОРИСТОН МЕРАВАД??? БА ФИКРАМ, ИН ҲАМ КОРИ ҲАМОН ФСБ АСТ, КИ БАРОИ МАСЪУЛОНИ МО БАҲОНАИ ХУБИ МАКИДАНИ ХУНИ МАРДУМРО МАСЛИҲАТ МЕДИҲАД! БО ИН КОРАШОН БАРЪАКС МАРДУМРО НОРОҲАТ КАРДА БА ТЕРРОРИСТОН КӮМАК МЕКУНАНД, КИ ҶАВОНОНРО БА ҚАТОРИ ХУД ҶАЛБ КУНАНД.
АКСАРИЯТИ ҶАВОНОНЕ. КИ БА ГУРУҲҲОИ ИФРОТИЮ ТЕРРОРИСТӢ ШОМИЛ МЕШАВАНД, АЗ ҶАБРИ МАНСАБДОРОН ВА БЕАДОЛАТИЮ БЕКОРӢ БА ИН РОҲ РАФТААНД, НА АЗ ПУЛИ ТЕРРОРИСТОН!!!
МАН НАМЕФАҲМАМ! МАСАЛАН МУҲОҶИР БА ЗАНАШ ПУЛ МЕФИРИСТАД. БАЪД ЧӢ? ДАВЛАТ ОН ПУЛРО ХОҲАД БА Ӯ МЕДИҲАД, НАХОҲАД НЕ??? ЯЪНЕ, КИ БА ТУ ПУЛ ФИРИСТОД? БАРОИ ЧӢ ФИРИСТОД?...Ё АЗ ҚАФОИ ҲАР ЯКИ АЗ ХОРИҶА ПУЛ ГИРИФТАГИҲО ДАВЛАТ ОДАМ МЕМОНАД, КИ НАЗОРАТ КУНАНД, КИ ПУЛРО ЧӢ МЕКУНАД??? АҶАБ АБЛАҲӢ!!!
МАҚСАДИ АСОСӢ, ИН БОЗ ЯК РОҲИ ДИГАРИ ПУЛКАНӢ АЗ МАЗЛУМОН АСТ, ВАССАЛОМ!!!
БА ХУДО, КИ МАСЪУЛОНИ МО БАРОИ ПУЛУ ВАЗИФА ШУДА, АЗ ЯГОН КОР РӮЙ НАМЕТОБАНД!!!

Акои Фаттох пули 600 хазор доллариро низ назорат кунед, ки кучо шуд? Ба ки дод? Ки хурд? Ки супориш дода буд?

Озодагон, хаким абдулазиз ва азизу накибу акиб!
Чаро комментро тахрир карда мегузоред?
Аз Фаттох метарсед?
Шумо хам мисли инхо харомхур астед!
Агар ин хабар дар бораи Зайд Саиду Шухрат Кудратов мебуд хамаи комментро нашр мекардед, 100 дар сад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)