Бахшҳо
03 ноя 2015 12:09Тоҷикистон / Сиёсат

Баҳси ихтилоф бо Тошканд, “лимит”-и барқ, озодии динӣ ва тасмими Обама дар мулоқоти Керрӣ бо Э.Раҳмон (АКС)

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, ки имрӯз, 3 ноябр вориди Душанбе шуд, дар Кохи Миллат бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот дошт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот инчунин вазирони умури хориҷию энергетикаи Тоҷикистон ва раисони кумитаҳои оид ва корҳои дин ва амнияти милллӣ иштирок доштанд.

Дар пайи мулоқот Ҷон Керрӣ ба хабарнигорон хушҳолияшро аз мулоқот бо Э.Раҳмон баён дошта, барои меҳмондорӣ изҳори ташаккур кард: “Мо вазъи хосаи Тоҷикистонро дар Осиёи Маркзаӣ эътироф мекунем, чунки Тоҷикистон бо Афғонистон марзи дарозтарин дорад, ки боиси сар задани як қатор мушкилоти воқеан мушкил мегардад. Ман аз номи ҳукумати Амрико изҳор доштам, ки ҳамкориро барои ҳифзи сарҳадот тақвият медиҳем”.

Ҷон Керрӣ илова намуд, ки дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон инчунин тасмими Барак Обама дар мавриди нигоҳдории низомиёни Амрико дар Афғонистон барои таъмини муътадилиро мавриди баррасӣ қарор додаанд: “Дар идома мо мушкилоти иқтисодиро дар Тоҷикистон баррасӣ кардем, ки ба заъфи иқтисодиёт дар Русия ва Чин марбут мебошад. Мо дастрасии Тоҷикистонро ба дигар минтақаҳо ва ҳамгироӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказиро мавриди муҳокима қарор додем”.

Ба гуфтаи вазири умури хориҷӣ камбуди шадиди барқ дар Тоҷикистон аз мавзӯҳои дигари мулоқоташ бо Э.Раҳмон буд: “Аз ҷумла дар ин робита мушкилоти Тоҷикистон бо Узбакистон ва ҳалли ин мушкилро аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногуни энергия баррасӣ кардем, то Тоҷикистон давоми 5 соли оянда ҳам талаботи дохилӣ ва ҳам Афғонистонро бо нерӯи барқ таъмин кунад”.

Ӯ илова намуд, ки ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризму экстремизмро низ баррасӣ карда, зарур хондаанд, ки мувозинат байни мубориза бо экстремизм ва риояи ҳуқуқи инсону озодии динӣ нигоҳ дошта шавад, то шаҳрвандон тавонанд фаъолона дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар иштирок кунанд.

Дар ниҳоят Э. Раҳмон аз Керрӣ даъват намудааст, ки дар вақти барояш мусоид бо сафари муҳлаташ бештар ба Тоҷикистон ояд ва Керрӣ изҳори умед кард, ки имкон пайдо мекунад, то ин даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистонро амалӣ созад.


Баҳси ихтилоф бо Тошканд, “лимит”-и барқ, озодии динӣ ва тасмими Обама дар мулоқоти Керрӣ бо Э.Раҳмон (АКС)

Баҳси ихтилоф бо Тошканд, “лимит”-и барқ, озодии динӣ ва тасмими Обама дар мулоқоти Керрӣ бо Э.Раҳмон (АКС)

Баҳси ихтилоф бо Тошканд, “лимит”-и барқ, озодии динӣ ва тасмими Обама дар мулоқоти Керрӣ бо Э.Раҳмон (АКС)

Баҳси ихтилоф бо Тошканд, “лимит”-и барқ, озодии динӣ ва тасмими Обама дар мулоқоти Керрӣ бо Э.Раҳмон (АКС)

Баҳси ихтилоф бо Тошканд, “лимит”-и барқ, озодии динӣ ва тасмими Обама дар мулоқоти Керрӣ бо Э.Раҳмон (АКС)

Баҳси ихтилоф бо Тошканд, “лимит”-и барқ, озодии динӣ ва тасмими Обама дар мулоқоти Керрӣ бо Э.Раҳмон (АКС)

Баҳси ихтилоф бо Тошканд, “лимит”-и барқ, озодии динӣ ва тасмими Обама дар мулоқоти Керрӣ бо Э.Раҳмон (АКС)

Баҳси ихтилоф бо Тошканд, “лимит”-и барқ, озодии динӣ ва тасмими Обама дар мулоқоти Керрӣ бо Э.Раҳмон (АКС)
Мӯҳр
Ҳоҷи
Бобои Керрӣ! Маълум ки ту ҳам мисли Русия барои Рогун пул доданӣ нести.Рав аз паи корат шав, худамон месозем.Ин Узбакистон чи дошта бошад. ки ҳама аз вай метарсанд?

Хатлони
Дар сохтмони НОБи Рогун на Каримова ва на Керира мепурсем.
Месозем худамон бо Эмомалии Рахмон!

Ҳоҷи, ин узбакистон керри дорад, барои хамин

Худи бобои Керри ҳоҷи шудагианд ку. Барои ҳамин уро ҳоҷи Керри гуфтан даркор

FFFFFF
ЧАНОБИ КЕРИ МО БА ГАМХОРИИ ТУ ЭХТИЕЧ НАДОРЕМ ХОХИШ МЕКУНЕМ ДАР УМУРИ ДАВЛАТДОРИИ МО ДАХОЛАТ НАКУН ЧУНКИ ДАР КАДОМ ДАВЛАТЕ ДАХОЛАТ КРДЕН ОНЧО ВАЙРОН ШУД ШУМО БА БАХОНАИ ОЗОДИИ ДИНИ МУЗДУРОНИ ХУДАТОНРО ДАР НАЗАР ДОРЕД ИМРУЗ АЗ ТАРАФИ МАКОМОТХОИ ДАХЛДОР МУЗДУРОНАТОН ДСТГИР ШУДААНД САДОИ ШУМО БАЛАНД ШУД БА КАВЛИ РАИСИ ЧУМХУР ХОЧАГОНИ ХОРИЧИАШОН ПАЙДО ШУДАНД.ДАР ЯГОН ДАВРУ ЗАМОН ШУМО БА МАНФИАТИ ЯГОН ДАВЛАТ ХАРФ НАЗАДЕН ТАНХО ДУМБОЛИ МАНФИАТИ ХУД МЕГАРДЕД
АФГОНИСТОН ИРОК ПОКИСТОНРО БО БАХОНАИ ТАЪМИНИ АМНИЯ ВОРИД ШУДЕД РУЗЕ НЕСТ КИ ДАР ИН ДАВЛАТХО МУЗДУРОНАТОН ОДАМ НАКУШАНД
ОЗОДАГОН МАН АЗ ШУМО ЭХТИРОМОНА ХОХИШ МЕНАМОЯМ ИНРО ЧОП КУНЕД МАГАР НАМЕХОХЕД МАРДУМ ХАКИКАТРО ФАХМАНД

Барои Амрико манфиат дар чойи аввал меистад. Демократи гуияшон як бози, як гулзани аст. Барои онхо фарке надорад дар Точикистон муллохои мутаассиб сари хокимият бошанд, ё давлвти хукукбунёди дуняви. Барои инхо фарке надорад дар мамлакати мо адолати суди бошад, ё мисли дигар мамлакатхо сангсоркунию дастбурию ба дор овези. Инхо шиори демократия ва хукуки башарро барои пиёдасозии манфиатхои сиёсии худ дастак мекунанд.
Дар Точикистон озодии дини сад фоз таъмин аст. Мардуми точик худашон бояд дар бораи ояндаи мамлакаташон тасмим бигиранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)