Бахшҳо

Роҳандозии санҷиш барои адвокатҳо: Вазири адлия гуфт, норозиҳо ба суд раванд...(навшуда)

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, имрӯз, 4 ноябр тағйиру иловаҳои баҳсбарангезро ба қонун дар бораи адвокатҳо қабул кард, ки тибқи он вакилони дифоъ пеш аз оғози фаъолият аз санҷиши Комиссияи махсуси Вазорати адлия мегузаранд.

Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, коммиссияи санҷиши адвокатҳо аз мутахассисони вазорати адлия, Донишгоҳи миллӣ ва Иттиҳоди адвокатҳо иборат хоҳад буд: “Адвокатҳо дар 5 сол 1 бор аз аттестатсия гузаронда мешаванд ва тартиби аттестатсияро худи адвокатҳо муайян мекунанд”.

Вазири адлия ҳадафи ин навгониро беҳтар кардани хизматрасонии адвокатҳо гуфта, илова намуд, афроде, ки забони давлатиро намедонанд, доғи судӣ доранд ва аз шаҳрвандии Тоҷикистон баромадаанд, наметавонанд ба ҳайси адвокат кор кунанд: “Инчунин онҳое, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суду прокуратура кор кардаанду савганди касбиро вайрон кардаанд, наметавонанд ба ҳайси адвокат фаъолият кунанд”.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар хитоб ба вазири адлия аз шикояти Иттиҳоди адвокатҳо зикр кард, ки қаблан ба парлумон муроҷиат карда, изҳор доштаанд, ки ин қонун ҳуқуқи онҳоро поймол мекунад: “Гап дар бораи як сархате, ки Шумо дар ин ҷо гуфтед, меравад. Агар корманди мақомоти судӣ, адлия, прокуратура, адвокатура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати ҳарбӣ барои вайрон намудани савганди касбӣ, содир намудани кирдорҳои хусусияти коррупсионӣ аз вазифа озод шуда бошанд, онҳо адвокат кор карда наметавонанд. Масъалаи вайрон кардани савганди касбӣ чиро дар бар мегирад? Масалан фарз кардем одам низоми меҳнатро вайрон мекунад ё ба кор ҳозир намешавад ҳамин ҳам аст ё не? Чизҳои оддиро онҳо дар он ҷо номбар кардаанд, ки агар барои онҳо одам аз кор озод шавад, махсусан шахсоне, ки дар ин мақомот кор мекунанд, таҷриба доранд ва дигар фаъолият карда наметавонанд, ин албатта нодурст аст. Ҳамин масъаларо шарҳ диҳед, ки баъд ягон проблема нашавад?”.

Рустами Шоҳмурод посух дод, ки фикр намекунад, қонуни мазкур ҳуқуқи адвокатҳоро поймол месозад ва илова кард, ки мансабҳое ки дар ин ҷо номбар шудаанд, онҳо пеш аз шурӯи кор савганад ёд мекунанд ва яке аз нуқтаҳои савганд ин риояи Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистон мебошад: ”Он мисолҳое, ки адвокатҳо дар мактуб гуфтаанд ва шумо ҳоло онро гуфтед, дар бораи вайрон кардани қойдаҳои меҳнатӣ, ин раванди худашро дорад ва тибқи қоннугузории меҳнатӣ баррасӣ карда мешавад. Дар амалия мо қарорҳо нисбати судяҳо, кормандони прокуратура аст, ки ҳангоми баррасӣ қонунгузории Тоҷикистонро вайрон мекунанд, лекин кирдори онҳо ба кирдори ҷиноятӣ шомил намешавад. Аммо худи ҳуқуқшиканӣ, қонуншиканӣ муайян карда мешавад ва дар санадҳои аз кор озод кардани онҳо ба тарзи равшану возеҳ нишон дода мешаванд. Бо вуҷуди ин шахсе, ки бо чунин навиштаҷот розӣ набошад, тибқи қонунгузории амалкунанда метавонад ба суд муроҷиат карда ин навиштаҷотро ислоҳ намояд. Сухан дар бораи масъулияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура меравад, шахсе, ки савганди касбӣ ёд мекунад, бояд масъулиятро эҳсос намояд”.
Мӯҳр
Мухлис
АНАХА ГИРЕДА ГИРЕМ АКНУН ТАМОМ, ХАКРО ТАЛАБ КАРДАН НАМЕШАВАД ДИГАР АДВАКАТХОИ ТАГАДОР ПАЙДО МЕШАВАД, КИ БА МИСЛИ СУДУ ПРОКУРОРХОИ ХОЗИРА ЛАБАЙГУЯК Ё ЛАГАНБАРДОР ВА Ё МУТАХАМ!!!

Деградацияи синфи хукмрон

Ин конун хамаи меёрхои хукуку адолат ва конунро поймол кардааст. Дар ягон давлати авторитари ва диктатори кабули чунин конунро надидааму нахондаам. Адвокат факат ёрии хукуки мерасонад ва агар пешин барои чиноят махкум шуда бошад, факат дар асоси хукми суд ва дар мухлати мукаррар кардашуда наметавонад ба фаъолияти адвокати машгул бошад. Аз тарафи дигар, Конститутсияи Точикистон хукуки шахрвандонро ба химояи боэътимоди суди эътироф ва эълон медорад, хар нафар хукук бар он дорад, ки парвандаи вай аз чониби суди бегараз, бо риояи тамоми принсипхои адолат барраси шавад. Принсипхои адолат бошад ин пеш аз хама таъмини хукук ба химоя аст ва ин яке аз хукукхои асосии конститутсионии шахрвандон махсуб меёбад. Шахрванд метавонад бо хохиши худ кадомеро хохад ва аз кучо набошад, адвокат интихоб кунад. Ин конун, агар дар хамин шакл кабул шуда бошад, аз шармандатарин конуни нави давлатдории муосири мо махсуб хохад шуд.

Фархори
Ин бесаводиаст бесаводи. БА давлат адвокатхо не, хаму мансабдорон зарари бисёр овардаан мухтарам РАИСИ АДЛИЯ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)