Бахшҳо

Пешниҳоди тағйири қонун баъди марги Умаралӣ дар Русия

Вадим Тюлпанов, узви Шӯрои федералӣ, палатаи болоии парлумони Русия дар пайи марги Умаралӣ Назаров, шаҳрванди 5-моҳаи Тоҷикистон хостори тағйирот дар қонунгузории Русия шудааст.

Тибқи тағйироте, ки Тюлпанов ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия пешниҳод кардааст, пулис ҳақ надорад, ки занони ҳомила ва модароне, ки тифли то 14 соларо доранд, боздошти маъмурӣ кунанд. Ин сиёсатмадор шарҳ додааст, ки дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ду намуд - ҳабси маъмурӣ то 30 шабонарӯз ва боздошти маъмурӣ то 3 соат пешбинӣ шудааст: “Дар қонун омадааст, ки занони ҳомила, маъюбони гуруҳи 1-2 ва модароне, ки дорои кӯдаки то 14 сола ҳастанд, набояд ба ҳабс гирифта шаванд. Ман мехоҳам ин меъёр барои боздошти маъмурӣ низ ҷорӣ карда шавад”.

Тюлпанов дар суҳбат бо расонаҳои Русия таъкид намудааст, ки лоиҳаи ин тағйироту иловаҳоро то ҳафтаи оянда ба Думаи давлатии Русия пешниҳод хоҳад кард.

Шуҳрат Латифов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҳастанд сиёсатмадороне, ки аз ҳар воқеа, манфӣ ё мусбат истифода мебаранд ва ҳоҷат ба қабули санади иловагӣ на ба қонуни ҷиноӣ ё маъмурӣ нест. Ба гуфтаи ӯ Русия Конвенсия оиди ҳуқуқи кӯдакро эътироф карда, ба имзо расонидааст ва Кодекси оилаи Русия низ худ ин ҳолатро ба танзим медарорад: “Ҳангоми боздошти модар ва кӯдак аз меъёрҳои дохилии Хадамоти федералии муҳоҷират-ФМС ва Вазорати корҳои дохилӣ истифода бурдан, ин аз рӯи қонун нест. Кӯдак набояд мувофиқи қонун, конвенсия ва меъёрҳои дохилӣ аз модар ҷудо карда шавад”.

Марям Давлатова, директори созмони ҷамъиятии «Маркази сиёсати гендерӣ» бар ин аст, ки лоиҳаи тағийру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия танҳо дар мавриди ҳуқуқвайронкуниҳои хурд ва маъмурӣ метавонад ҷой дошта бошад: “Ҳангоми ҷиноятҳои вазнин ҷазо то ба синни болотар расидани кӯдакон бояд мавқуф гузошта шавад”.

Ин пешниҳодҳо дар ҳолеянд, ки шаби 13 ба 14 октябри соли ҷорӣ Умаралӣ Назарови 5-моҳаро кормандони пулис аз дасти модараш гирифта, ба беморхонаи Симбалинаи шаҳри Санкт-Петербург бурдаанд, ки дар натиҷа ин тифли тоҷик он ҷо фавтид.

Дар мавриди таҳқиқи қазия Консулгарии ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ахиран эълон кард, ки ба Кумитаи федералии тафтишоти Санкт-Петербург ва додситонӣ ёддошти эътирозӣ равон хоҳад кард, чун ба гуфтаи намояндагии Тоҷикистон дар ШКД-и ноҳияи Адмиралтийск ва хадамоти муҳоҷирати ин ноҳия кӯшишҳо барои айбдор кардани волидон дар марги кӯдак дида мешаванду ҳуқуқи вакилони дифоъро дар ин қазия нодида мегиранд.
Мӯҳр
Кадаша занад ин акаи Алтир

Бояд ба чавобгари Кашида Шава Чинояткорони Плоис.Сад Афсус Сисатмадорони Точикро Писанд намекунан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)