Эълони сабаби марги Умаралӣ Назаров

Ташхисгарони тиббӣ-судӣ сабаби марги Умаралӣ Назаров, шаҳрванди 5-моҳаи Тоҷикистонро дар беморхонаи Симбалинаи шаҳри Санкт Петербург эълон карданд.
Тибқи хулосаи ташхиси тиббӣ, ки имрӯз, 7 ноябр эълон гардид, Умаралӣ бар асари иммунитети заиф, норасоии қалбӣ ва бемории шуш ба ҳалокат расидааст: “Инчунин дар ҷисми Умаралӣ ситомегалавирус дарёфт гардид, ки ҳанӯз дар батни модар, агар иммунитет заиф бошад, ба тифл осеб мерасонад”.
Дар баробари ин ташхисгарон таъкид кардаанд, ки дар роҳи нафаси Умаралӣ варамиҳои зиёд ва дар мағзи сараш паразитҳои хурд дарёфт гардидаанд. Айнан дар хулосаи тиббӣ бо забони русӣ инчунин омадааст: “У ребенка был также найден миокардит, дистрофия миокарда и печени, панкреатит, трахеит, пневмония и очаговый бронхоспазм. В надпочечниках имелись мелкие кровоизлияния, тонкий кишечник поражен хроническим воспалительным процессом".
Ташхисгарон таъкид мекунанд, ки Умаралӣ бар асари камбуди иммунитет даргузаштааст, зеро организмаш аз ҳар ҷониб мавриди ҳамлаи инфексияҳо қарор гирифтааст.
Марги мармузи Умар Назарови 5-моҳа, ки баъди гирифтан аз дасти волидон шаби 13 ба 14 октябр дар беморхонаи Симбалина даргузаштааст, дар ҷомеаи Тоҷикистону Русия вокуниши шадид ба вуҷуд овард. Мақомоти Русия мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Дар мавриди таҳқиқи қазия Консулгарии ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ахиран эълон кард, ки ба Кумитаи федералии тафтишоти Санкт-Петербург ва додситонӣ ёддошти эътирозӣ равон хоҳад кард, чун ба гуфтаи намояндагии Тоҷикистон дар ШКД-и ноҳияи Адмиралтийски Санкт Петербург ва хадамоти муҳоҷирати ин ноҳия кӯшишҳо барои айбдор кардани волидон дар марги кӯдак дида мешаванду ҳуқуқи вакилони дифоъро дар ин қазия нодида мегиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |