Бахшҳо
06 ноя 2015 14:41Тоҷикистон / Тема дня

Номаи Диана Гуртская ба сафири тоҷик: Шарм медорам...

Диана Гуртская, овозхони маъруфи рус ва узви Палатаи ҷамъиятии Русия бо ирсоли як нома ба Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав дар робита ба марги Умаралии 5-моҳа изҳори тасаллият кардааст.

Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия Гуртская дар номааш баробари изҳори ҳамдардӣ ба наздикони Умаралӣ, афзудааст: “Чун модар ман ин дардро дарк мекунаму дар ғам шарикам. Хеле шарм медорам, ки дар пойтахти фарҳангии Русия тифли навзод комилан беҳимоят монд. Омодаам, якҷо бо ҷамъияти тоҷикон тамоми талошро равона кунам, то чунин қазияҳо минбаъд такрор наёбанд”.

Овозхони маъруфи рус марги Умаралиро ҷиноят хонда, таъкид намудааст, ки ба он бояд баҳои воқеии ҳуқуқӣ дода шавад. Ӯ афзудааст, ки ҳамроҳ бо ҳамкорони дигараш, аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи фоҷеаро талаб карда, таъкид намудааст, ки натиҷаи тафтишот ба палатаи ҷамъиятӣ ироа шавад.

Марги мармузи Умар Назарови 5-моҳа, ки баъди гирифтан аз дасти волидон шаби 13 ба 14 октябр дар беморхонаи Симбалина даргузаштааст, дар ҷомеаи Тоҷикистону Русия вокуниши шадид ба вуҷуд овард. Мақомоти Русия мегӯянд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Дар мавриди таҳқиқи қазия Консулгарии ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ахиран эълон кард, ки ба Кумитаи федералии тафтишоти Санкт-Петербург ва додситонӣ ёддошти эътирозӣ равон хоҳад кард, чун ба гуфтаи намояндагии Тоҷикистон дар ШКД-и ноҳияи Адмиралтийски Санкт Петербург ва хадамоти муҳоҷирати ин ноҳия кӯшишҳо барои айбдор кардани волидон дар марги кӯдак дида мешаванду ҳуқуқи вакилони дифоъро дар ин қазия нодида мегиранд.
Мӯҳр
ссср
рахмат ба ин бонуи зебо.рахмат
рахмат.

точик
Ман ба рус бовар надорам,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)