Бахшҳо
09 ноя 2015 10:20Тоҷикистон / Сиёсат

ВИДЕО: Ваъдаи 10 000 $ барои иттилоъ дар бораи қотилони кормандони комиссариат

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои иттилоъ дар бораи ҳамлагарон ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино 10 ҳазор доллари амрикоӣ мукофот эълон кардааст.

Ин ниҳод мегӯяд, шахсияти афроде, ки дар бораи ҳамлагарон ба кормандони комиссариати ҳарбӣ маълумот ва ё хабар медиҳанд, пинҳон нигоҳ дошта хоҳад шуд: “Аз шаҳрвандоне, ки дар бораи шахсияти омилони ин қазия иттилое доранд, хоҳиш карда мешавад, ки бо рақамҳои 02, 102, 221-21-21 ва 221-15-00 ба милиса хабар диҳанд”.

Инчунин мақомот навореро нашр кардаанд, ки дар он гӯиё яке аз муттаҳамон сабт гардидааст. Дар навор ҳаҷми ҷоиза 10 ҳазор сомонӣ эълон шудааст, аммо баъдан ВКД бо нашри як иттилоия онро то 10 ҳазор доллар боло бурд:



Ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳамлаи маргбор ба афсарони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар дод, ки соати 7:20 дақиқаи 7-уми ноябр рух додааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод афроди номаълум дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино - лейтенанти калон Эгамбердиев Темурхон, майор Мирзоев Пулод, прапоршик Насибов Ҳамза ва ронандаи комиссариати мазкур - Саъдуллоев Рустам муноқиша карда, бо корд номбурдагонро маҷруҳ кардаанд: “Дар натиҷа майор Мирзоев Пӯлод дар ҷойи ҳодиса прпоршик Насибов Ҳамза низ дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Дигарон бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудаанд”.

Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки феълан амалиёт барои муайян ва дастгир намудани омилони ин ҳамла идома дорад.
Мӯҳр
Комиссариат
Наворро тамошо кунед. Он ҷо 10 ҳазор сомонӣ мегӯяд, на доллар!

Асар
Агар касе ин нафарро шиносад бе тухфа мегуяд. Лекин шарм надошта 10 000 $ барои шинохтан хадя мегуед. Дар ярчи Файсободи чанд чавомард хаёташро аз даст дод Мухтарам Чаноби Оли 10000 сомони дод охир ин пул чи мешавад.

Ин наворро меде, ки мо шиносему ба шумо кормандони пулис гуем пас шумо барои чи кор мекунед.....?

Мухлис
САБАБАШ "АБЛАВА" ЧУНКИ КОРМАНДОНИ КАМИСАРИЯТХО БА ЧОНИ МАРДУМ РАСОНИДАН ЧОНКИ ЛАБРЕЗ ШУД АЗ ХАР КУЧО САР ЗАДА МЕБАРОЯД БАРОИ ИН БОЯД АБЛАВА ДАР САРОСАРИ ЧУМХУРИ АЗ БАЙН БАРДОШТА ШАВАД ВАГАРНА ОКИБАТХОИ НОХУШИ АЗ ИН ЗИЁДРО БА БОР МЕОРАД!!!

Синон
Сомони буд Доллар шуд пагоҳ Евро мешавад рузи дигар Фунт Стерлинг. Аҷаб замонае шудаст. Рузе нест таёраҳо аз Россия бе тобути муҳоҷирон ояд ҳеҷ кас нест чорашро бинад. 2 корманди комисариятро куштанд ҳама дар ларза даромадасту 10000 доллар муковфот эълон карданд. Аз оҳи модарон ва муъминон битарсед Аллоҳ онҳоро мешунавад.

Асалому алейкум мухтарам кормандони вазорати корхои дохили ман хамчун як шахрванди Чумхурии Точикистон дар муайня кардани шахсияти ин чинояткор бе тараф буда наметавонам ман тамоми хешу табор хамсинфон дустонамро барои ошкор кардани ин котил сафар бар намудам. Мухим на доллар асту на сомони мухим хамин аст, ки читнояткор аз озоди махрум карда шавад.Чунки у хангоми дар озоди карор доштан боз фарзандли ягон мусалмонро ба катл нарасонад. Имруз ин фочеъа ба сари кормандони комиссарияти харби омад пагох худо нишон надихад, ки ба сари ягон шахрванди дигар ояд. Баъд ВКД 10 хазор доллар ваъда кардааст на 10 хазор сомони. Гайр аз ин бовари дорам, ки шахсияти кумак кунандаро ВКД махфи нигох медорад. Мухлис фикри худро дар шарх навистааст, ки гуё аз барои облава онхоро кушта бошанд барои мо фаркаш чи ? мухим чинояткори дар байни мардум яъне ману шумо буда дастгир шавад, ки зиёни худро ба дигарон нарасонад. фикр мекунам, ки хувияти милли, нангу номуси инсони, хиси ватан дусти, шаъну шарафи шахрванди моро дар канор будан намегузорад. Дар охир мехохам таъзияи ва хамдардии худро ба хешу таборони фавтидагон иброз намоям. Ба Шумоён сабри чамил хохонам.

Париж
Агар зулму золими бас нашавад аз ин хам бадтарашро интизор бошед.

Kishvar
фарход,
salom barodari aziz. Tu hamchun 1 nafari ba gufti khud arj guzoranda ba Qonun mekhohi nafarero ki, sababi margi in 2 nafar shudaast na baroi PUL balki, mekhohi banom JINOYATKOR na boyad dar ozodi boshad. Ammo tu hej vaqt andeshai, on javonone ki az dasti in toifa odamon(korkunoni komissariat) ba holathoi vaznin, latu kub (tamomi shabakaho pur az chunin videoho astand) va hatto MARG giriftor meshavand, kardani nesti?! dar bolo yodovar shudagi asti, ki jabru sitam ba mardum chun bolo shud az kujoi khohad baromad!!! boyad zikr kard ki ziddi chunin korho hastam vale mardum to kay boyad toqat kunad?!! mohe nest ki jamiyati mo modaroni mo murdai askarbachai khudro nagirand. Ammo dar suole ki b nafaroni mutassadi doda meshavad ki sababi marg chi bbud dar javob sababhoi khandaovaru past zananda ba monandi: oftobzada, noni khushk khurd, dar ob gark shud. Badanhoi in askarbachahoi kushtashuda hama pur az osori latu kubhastand va bizor un nafarone ki pisaroni moro MAJBURI ba chunin roh tela mekunan BIGZOR dar pusti khud ham bichashand mazzai dardro. chun ustod RUDAKI guftaast: Angusgt makun ranja badar kuftani kas!! To kas nakunad ranja badar kuftanat MUSHT!! KHulosa da in jahon yagon chiz besabab nest. BA khonavodai guzashtagon sabri jamil khohonam!

Абдуллох
Вакте мардум аз чон безор шуд даст ба хар кор мезанад! хукуматдорони мухтарам бас кунед зулм карданро монед мардумро озод гарданд касе хохад хизмат мекунанд касе нахохад намекунад! Шумо наметавонед хамароимачбури ба хизмат барен!

Ситора
Э Бародарон то ба кай писари Камбахал Хизмат мекунад писари Вазир Лексус савор шида мегардад Облаваро бас кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)