Бахшҳо

Кумитаи тафтишотӣ ба волидони Умар: Надодани хун ҷавобгарии ҷиноӣ дорад...

Раёсати Кумитаи тафтишотӣ дар Санкт Петербург эълон кардааст, ки барои насупоридани хун ба озмоишгоҳ ба волидони Умари марҳум- Рустам Назарову Зарина Юнусова ҷавобгарии ҷиноӣ таҳдид мекунад.

Тибқи иттилоияи ин ниҳод волидони Умар рӯзи 10-уми ноябр талаби муфаттишонро дар мавриди супоридани хун барои озмоиш бе сабабҳои узрнок рад кардаанд: “Тибқи моддаи 308-и Кодекси ҷиноии Русия, агар шоҳид ё ҷабрдида аз ташхис барои таҳқиқот даст кашад, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳад шуд”.

Кумитаи тафтишотӣ мегӯяд, феълан дар мавриди даст кашидани волидони Умар аз супоридани хун барои ташхис таҳқиқот рафта истодааст.

Аммо волидони Умар мегӯянд, аз супоридани хун даст накашидаанд, танҳо талаб кардаанд, ки ин амалиёт дар ҳузури вакилони дифояшон баргузор шавад. Дар назар аст, ки ин масъала 12 ноябр дар мулоқоти муфаттишон бо волидони Умар ҳал гардад.

Кумитаи тафтишотӣ мегӯяд, санҷиши хуни волидони Умар ба он далел таъин шудааст, ки натиҷаи ташхиси тиббӣ нишон додааст, ки гӯиё Умаралӣ бар асари иммунитети заиф ва таъсири ситомегаловирус ба аъзои баданаш даргузаштааст.
Мӯҳр
Умар
Ҳангоми гирифтани хун муфаттишон ба волидони кӯдаки бечора ягон касалиеро гузарониданианд, ки дар оянда касал будани онҳоро нишон медиҳад ва сухани онҳо низ дар бобати мариз будани Умарчон дуруст мебарояд. Бояд хунашонро чунон супоранд, ки касал гузаронда натавонанд. Эҳтиёт бошед

Карим
Ба хуни тифл чавоб нагуфта даъвои хуни зодмандонашонро доред?

точик
Агар хуни вазири тандурустии Ф. Руссияро хам тадкик кунед камбуди дар солимиаш меёбед. Ин маймунбози худсафедкуние беш нест. Зеро баъди тахлили хун 10 далели нуксонхои бадани дар шахрвандони моро ёфта, сабаби марги фарзандашонро ба он рабт медиханд. Аммо ин доги сиёхеро ки макомоти нинтизомии русия дар худ гирифтаанд ба чузъ пузиши расми пурсидан бо дигар рох тоза намешавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)