Бахшҳо

Суди Олӣ дар қазияи “Шайх Темур” нуқта гузошт

Марҳилаи ниҳоии Додгоҳи Олӣ шикояти кассатсионии Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур”-ро баррасӣ карда, ҳукми 16 соли зиндон ва ҷарима дар ҳаҷми 60 ҳазор сомониро бетағйир гузошт.

Дар ин бора ба “Озодагон” Мавлудхон Салихов, вакили дифои Саидмаҳдихон Сатторов хабар дода, афзуд, ки Суди Олӣ дар ин қазия нуқта гузошт. Қаблан Саидмаҳдихон Сатторов бо ирсоли як нома аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостори расидагӣ ба қазияаш шуда буд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 8 июл Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур”-ро дар дузанагӣ, таҳқири ҷасади фавтидаҳо -- несту нобуд ё касиф кардани қабристон, тамаъҷӯӣ ва чанд ҷинояти дигар муҷрим шинохта, барои 16 сол равонаи зиндони низомаш шадид кард. Инчунин, ӯ дар ҳаҷми 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 60 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима шуд. Қабл аз эълони ҳукм Сатторов дар сухани ниҳоияш аз додгоҳ хоста буд, ӯро сафед ва аз толори мурофиа озод кунад.

Номи “Шайх Темур” баъди он вирди забон шуд, ки Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6 феврали соли ҷорӣ филми мустанадеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод. Дар он аз мардумфиребиҳои Сайидмаҳдихон Сатторов, нақл мешуд. Баъдан, Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дархости Додситонии кулл ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифт ва 9 июни соли равон дар боздоштгоҳи №1-и шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии ӯ оғоз шуд.
Мӯҳр
ОЗОДАГОН КОРНАДОРЕНДИГА

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)