Эътирози Шӯрои назди Путин аз депорти Юнусова тайи 5 рӯз
Шӯрои ҳуқуқи инсони назди президенти Русия алайҳи ҳукми додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург барои аз қаламрави Русия дар муддати 5 рӯз ихроҷ кардани Зарина Юнусова, модари кӯдаки фавтидаи тоҷик эътироз кард.
Михаил Федотов, раиси Шӯрои ҳуқуқи инсони назди президенти Русия мегӯяд, додгоҳ бояд тасмими депорти Зарина Юнусова, модари Умар, кӯдаки фавтидаи тоҷикро бетағйир мегузошт, аммо мӯҳлати ихроҷро ба замоне таъин мекард, ки таҳқиқи парвандаи ҷиноии фавти Умаралӣ Назаров ба поён расад.
«Нахуст бояд мушаххас кард, зеро таҳқиқи сабабҳои марг ва ёфтани нафарони айбдор дар ин қазия замоне соддатар аст, ки ҷабрдида ҳамин ҷо қарор дошта бошаду ӯро ҳар лаҳза бозпурсӣ кардан мумкин бошад," изҳор дошт Федотов дар пахши зиндаи барномаи радиои «Эхо Москви» шоми 12 ноябр.
Федотов зикр кард, ки ихроҷи Юнусова аз Русия маънии монеъ шудан ба таҳқиқи парвандаро дорад. Комиссияи Шӯрои ҳуқуқи инсони назди президенти Русия ба чунин натиҷа расид, ки пулис далеле барои таҳияи “Санади ошкорсозии кӯдаки партобшуда ва ё гумшуда” дар нисбати Умаралӣ Назаровро надошт.
Умаралӣ Назаров, шаҳрванди панҷмоҳаи Тоҷикистонро 13 октябр аз модараш-Зарина Юнусова ҷудо сохтанд. Модараш дар вайрон кардани қоидаҳои будубош айбдор дониста шуд ва кӯдак баъд аз чанд соат дар бемористон ҷон дод. Волидайни кӯдак бо натоиҷи ташхиси пизишкӣ розӣ нестанд, ки сабаби марги кӯдакро бемории сироятӣ унвон кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |