Бахшҳо

Модари Умаралӣ: Писарам сиҳат буд, мехоҳам гунаҳкорон ҷазо гиранд (АКС)

Зарина Юнусова, модари депортшудаи Умаралӣ, кӯдаки марҳуми тоҷик, субҳи имрӯз, 16 ноябр дар фурудгоҳи Душанбе ба хабарнигорон гуфт, мехоҳад гунаҳкорони марги фарзандаш муҷозот шаванд.

Юнусова иддаои мақомоти Русияро, ки Умаралӣ бемор буд, рад карда, изҳор дошт, ки “фарзандам комилан сиҳат буд”. Ӯ афзуд, Умаралиро саривақт аз ташхис мегузаронданду тамоми сӯзандоруҳоеро, ки ба кӯдакҳо пешбинӣ шудаанд, саривақт мегирифтанд. Ин зани депортшудаи тоҷик инчунин аз бархӯрду муносибати маъмурини тафтишот интиқод намуд. Аз ҷумла нақл кард, ки чӣ гуна онҳоро кашолакунон барои супоридани хун бурдаанд.

Маҳкам Ҳабибуллоев, тағои Рустам Назаров, падари Умаралӣ, ки мегӯяд, аз аввал то охир шоҳиди қазия буд, дар мавриди сабаби марги Умаралӣ ба хабарнигорон гуфт, эҳтимол ягон узваш ба касе лозим шудааст. Ӯ аз ҷумла шубҳаовар хонд, ки ду рӯз қабл аз қазия афроди номаълум омада, сурати волидони Умаралиро гирифтанд.

Ҳабибуллоев афзуд, ки намояндагони сафорати Тоҷикитсон дар Русия изҳор доштанд, ки дар Душанбе боз ташхиси мустақилона гузаронда хоҳад шуд: “Гуфтанд, дар Душанбе шуморо пешвоз мегиранд. Аммо аз соати 8:00 инҷоем, лекин касе нест. Агар ҷасадро бурда ба хок супорему ташхисгарон баъд биёянд хуб намешавад. Айни ҳол дар фурудгоҳ интизорем. Агар ташхис нашавад, бигузор ба мо гӯянд, то мо кӯдакро бурда ба хок супорем”.

Ба иттилои наздикон ҷасади Умаралӣ Назаров дар деҳаи Сафеддорҳои бобои Валии ҷамоати Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод ба хок супорида хоҳад шуд.

Ҳавопаймои “Сомон Эйр” бо Зарина Юнусова ва ҷасади фарзанди 5-моҳааш, Умаралӣ Назаров соати 8:15-и имрӯз, 16 ноябр дар Душанбе фуруд омад.

Ин кӯдаки тоҷик, шаби 13 ба 14 октябр баъди чанд соати гирифтанаш аз дасти модар дар беморхонаи Симбалинаи Санкт Петербург ба таври мармуз даргузашт. Додгоҳи ноҳияи Октябри Санкт Петербург ба далели нақзи қоидаҳои будубош модари Умаралӣ-Зарина Юнусоваро аз Русия хориҷ кард ва додгоҳи шаҳрӣ низ ин қарорро бетағйир гузошт.

Бо вуҷуди эътирозҳо, ки депорти Зарина Юнусова таҳқиқи марги фарзандаш-Умаралиро мушкил месозад, мақомоти Русия ин модари ҷабрдидаро соати 1:12 дақиқаи шаби 16 ноябр аз Санкт Петербург ба Душанбе равон карданд: "Феълан дар Русия таҳқиқи марги Умаралӣ Назаров идома дорад".


Модари Умаралӣ: Писарам сиҳат буд, мехоҳам гунаҳкорон ҷазо гиранд (АКС)

Модари Умаралӣ: Писарам сиҳат буд, мехоҳам гунаҳкорон ҷазо гиранд (АКС)

Модари Умаралӣ: Писарам сиҳат буд, мехоҳам гунаҳкорон ҷазо гиранд (АКС)

Модари Умаралӣ: Писарам сиҳат буд, мехоҳам гунаҳкорон ҷазо гиранд (АКС)

Модари Умаралӣ: Писарам сиҳат буд, мехоҳам гунаҳкорон ҷазо гиранд (АКС)

Модари Умаралӣ: Писарам сиҳат буд, мехоҳам гунаҳкорон ҷазо гиранд (АКС)
Мӯҳр
Парвона
Вой бар холи миллати бесохиб. Худованд ба хохарам Заррина ва наздиконаш сабри чамил дихад.
Чи дахшату чонсуз лахзахое, ки модар часади фарзандашро дар огуш мегираду ночор нола мекунад! Худоё, модаре ба сугвории фарзандаш нагиряд!!!

Вой бар холи миллати бесохиб. Худованд ба хохарам Заррина ва наздиконаш сабри чамил дихад.
Чи дахшату чонсуз лахзахое, ки модар часади фарзандашро дар огуш мегираду ночор нола мекунад! Худоё, модаре ба сугвории фарзандаш нагиряд!!!

Ситора
Кане ку Як Русро мисли хамин Модари Точик кунед Русхо чи кор мекунанд

Барои 2 лечики Рус кариб 1000 Точикро дар 1 руз аз Москав депорт карданд Кошке дар Ш Москва бе проблема мегаштам

Ба инхам Хизби Нахзати Точикистон Гунахгор аст ХАХАХА

Точик дар ватани худшам сохиб надорад. Кучоянд макомотдорон раиси шахр аьзои парлумон. Эээ шармандаги боз мо адолатро аз Руссия талаб кунем .

Ин нишонаи бекадрии миллати точикаст.

\

Нафрин ба кавме.ки дар хуни ин тифл даст зада,ва хамчунин ба он ки кулфи хомуши ба дахон зада..........вой вой вой

... касам додам - фаромуш на мекунам... то абад! писари отаи худ

Чумадани оянда
Шармандаҳо дар сафорат ҷам шудиян.
Вазири Аслов куҷоро нигаҳ мекарда бошадан?
Чи тавр сафир доранд ки дуруғ мегуяд ба ин зани бечораи ҷабрдида. Куҷост вазорати корҳои дохила ва хориҷа?
Чаро ин занро дар аэропорт бо ин ҷанозаи шаҳид танҳо мегузоранд?
Куҷост он номуси тоҷиконаатон ки аз минбарҳо бо галстукои рангаатон онро пропаганда мекунед?

мухочир
Худованд ба хохарамон Зарина ва падару хешони Умарали сабри чамил ато кунад. Ин хело сахт аст ва барои тасаллият гуфтан сухан кувват надорад. Имруз худи Умарали бо тани нозуки ранчхурдаи бечонаш дар хоки Точикистон ба хок супурда мешавад. Хоки Точикистон имруз бехтарин гавхари бехамтои точики худро кабул мекунад. Рузе хохад расид ки ба номи Шумо модари точики дилсухта ва номи кучактарин мухочири точик Умарали хамчун шиору нангу номуси хар точики бономус мегардад. Шояд фардо хукумати мо ба номи Умарали ва модари кахрамони У кучаву шахрхоро мегузоран. Агар нагузоран хам мерасад рузе ки гузоран. Сабр бехтарин меваи зиндагист. Кучоян он шоирони бо номи точик сухан мегуфта ки имруз киссаи Умаралии кучакро гуянд. Кучоян имруз точбардорони милати мо ки хамдардии худро дар бари падару модари Умарали гуянд. Кучоян онхое ки аз номи точик сухан мегуяну имруз дар чанозаи кучактарин мухочири точик ва кучактарин кахрамони точик иштирок намекунан. Умарали кахрамони миллати мост. Умарали морову милати точики моро бубухш ки имруз аз ту натонистем мухофизат кунем. Имруз Умарали ва ин модари точик ки обруи номусу нанги точик аст, дар дили сахт ранчхурдаи хар як фарзанди точик мебошад ва мемонад. Шумо танхо нестед ки ин гамро дар огуш доред. Шумо кахрамонмодаре хастед ки хар чи метонистед барои халосии фарзанди худ кардед. Шуморо худованд дар рузи киемат бехтарин тухфаеро ато хохад кард ки ваъда кардааст ки кудакони хурсол дар рузи киемат дастгири падару модарашон мешаванд. Эй модару падари дилсухтаву арзандаи точик ба Шумо аз даргохи худованд сабри чамил мехохаму, худованд куватбахшандаи Шумо бошад. Худованд бароятон фарзандони бехтарин ато кунаду ки иншооллох онхо номбардори номи точик хоханд буд. Имрузаро хамчун имтихони насибдидаи худои пок кабул кунеду сабур бошед. Худовандо аз ту даст ба дуо талаб дорем ки бар ин модару падари ранчдидаи точик бехтарин фарзандонро ато кунед. Худовандо ваъдаи худи туст ки душманонамонро ба ту супорем ва мучозоти ту ва хашми ту хело сахт аст. Пас душманони Умаралии кучакро ба ту месупорем ва талабгорем ки онхоро бо шадидтарин мучозоте ки ба касе дар ин дуне нафиристаи бифирст. Ту бехтарин атокунанда ва бехтарин касоскунандаи. Ин талабу дуои хар фарзанди мухочири точик аст. Алвидо эй кучактарин мухочири точик. Алвидо эй кучактарин кахрамони милати точик. Алвидо, Алвидо, Алвидо Умаралии кучаки точики мо.

хилола
Худованд ин гунахкоронро бе чазо намонд. Чанд руз пеш кудаки бегунохро куштанд, баъд чазои худро гирифтанд. Товони марги Умарали дар фавти 224нафар мардуми рус дар Египет далели ин гуфтахост.

шарманда
Э наход дуруг гуфта бечора модарри зорро фиреб кунед!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)