Раҳоии сардабири маҷаллаи “Адвокат” ва Фахриддин Зокиров
Фахриддин Зокиров, собиқ вакили дифои Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшудаи тоҷик, бо пардохти 14 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима аз боздошт раҳо шудааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” яке аз дӯстони Зокиров хабар дода, афзуд, ки чанде пеш бо қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ, Саидбек Фозилов, сардабири маҷаллаи "Адвокат" ва Зокиров бо пардохти ҷарима озод шудаанд.
Раҳошудагон моҳи августи соли равон барои талаби талаби 5 ҳазор доллари амрикоӣ аз як сокини Душанбе, бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт гардиданд.
Қаблан пайвандони Фахриддин Зокиров дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, ки “қазияе, ки мақомот дар он Зокировро айбдор мекунанд, асос надорад, чун ӯ тамоман дар парванда ширкат надошта, ҳатто ҳеч тасаввуроте дар бораи он надорад”.
Ин барои дувумин бор аст, ки Фахриддин Зокиров аз ҷониби мақомот боздошт ва раҳо мешавад. Бори аввал ӯ шаби 6 марти соли 2014 аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд ва алайҳи ӯ тибқи моддаи 247 (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз гардид. Зокиров баъди баргузории чанд мурофиа 3 ноябри соли 2014 бар асоси қонуни афв раҳо шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |