Нобоварии Убайдуллоев: Прокуратура риояи ҳуқуқи мизоҷони “Барқи тоҷик”-ро месанҷад
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, омодагии «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» - зерсохтори ширкати “Барқи Тоҷик” ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола эътимоднок нестанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Убайдуллоев, 16 ноябри соли равон, зимни ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ аз вазъи таъминоти пойтахт бо нерӯи барқ изҳори нигаронӣ кардааст. Ӯ муроҷиатҳои сокинон ба телефонҳои навбатдории шабонарӯзии шаҳрдориро дар мавриди қатъи интиқоли барқ далел оварда, таъкид намудааст, ки ногузир масъулини барқ бояд чораҳои муассиртар андешанд.
Раиси Душанбе инчунин аз мақомоти прокуратура хоҳиш намудааст, ҳолати воқеии омодагии ин ниҳоди хизматрасонро барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мавриди санҷиш қарор диҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |