Бахшҳо
17 ноя 2015 18:23Тоҷикистон / Сиёсат

Изҳороти ошкорои “Telia Sonera” ва шарҳи Бег Сабур дар мавриди сайтбандӣ

Ширкати “Telia Sonera”, ки 60 –дарсади саҳмияҳои «Tcell», калонтарин ширкати мобилии Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад, бо нашри як иттилоия хабар додааст, ки бо дастури мақомоти тоҷик даҳҳо сомонаҳоро масдуд кардааст.

“Telia Sonera” 16 ноябр бо пахши як иттилоия дар сомонаи расмияш изҳор доштааст, сиёсати ин ширкат дар кишварҳое, ки фаъолият мекунад, дахолат ва шарҳу изҳороти сиёсиро пешбинӣ накардааст: “Аммо дар доираи яке аз 10 принсипи фаъолияти “Telia Sonera”, ки таъмини озодии баёну мухобирот мебошад, ширкат мунтазам дар мавриди амалҳое, ки метавонанд барои озодии баён пайомадҳои манфӣ дошта бошанд, гузориш медиҳад”.

Дар гузориши “Telia Sonera” омадааст, ки дархосту дастурҳои ҳукумати Тоҷикистон барои бастани сомонаҳо аксаран ҳадафҳои қонунӣ доранд, аммо дар бархе ҳолатҳо мушкилзо мешаванд, чун мухолифи ҳуқуқҳои дигари инсонӣ мебошанд.

“Telia Sonera” мегӯяд, ширкати тобеяш «Tcell» ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта феҳрасти бузурги сомонаҳои интернетиро барои масдудсозӣ дастрас кард: “Бо гузашти вақт ба ин феҳраст сомонаҳои нав ворид мешуданду бархеи дигар дубора дастрас мегардиданд”.

Ба навиштаи ин ширкат теъдоди сомонаҳои баста дар Тоҷикистон тобистони соли равон беш аз 90 ададро ташкил дод ва ахиран-2 ноябри соли равон «Tcell» аз мақомоти тоҷик дастури нав дар бораи масдудсозии сомонаҳо, аз ҷумла vk.com, facebook.com, ok.ru ва odnoklassniki.ru гирифтааст. Тибқи гузориши “Telia Sonera” мақомоти Тоҷикистон дар мавриди муҳлати масдудсозии сомонаҳо иттилое ироа намекунанд.

TeliaSonera афзудааст, ки ба сиёсат дахл намекунад, аммо бо мақомоти кишварҳое, ки ба тиҷорату мизоҷонашон таъсир доранд дар муколомаанд. Ин ширкат ошкоро таъкид кардааст дархосту дастурҳоеро, ки ба назорати озодии баёну мухобирот рабт доранд, то ҳадде иҷро хоҳад кард, ки дар доираи қонун бошанд.

Ин дар ҳолест, ки Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ахиран дар посухи катбӣ дар мавриди сабаби масдудияти сомонаҳои “Озодагон” изҳор дошт, ки “сомонаҳои интернетӣ танҳо ҳангоми нашри маводи паҳнкунияшон мувофиқи талаботи ҳалномаҳои Суди Олии Тоҷикистон манъшуда, баста мешаванд”.

Тибқи иттилои масъулини ин ниҳод феҳрасти сомонаҳое, ки маводи “мамнуъ” нашр мекунанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод мекунанд.
Мӯҳр
99

Ба ҳамин касе мегуфта бошад, ки аз корҳояш мардума шарманда кардааст ва бас будагист, !!!

Ягон ширкат пешдасти худ ягон сайтро махкам намекунад. Зеро бастани сайт ба манфиати касе нест. Хама дастурхо ба таври хатти аз хадамоти алока ворид мешаванд ва акнун маълум шуд, ки хадамоти алока хам боз аз болотар супориш мегирифтааст. Вале ман аз як чи хайронам. Чаро хадамот сабаби асосиро эълон намекунад ва хамеша ширкатхоро мачбур мекунад, ки супориши буданашро эълон накунанд. Хамаи мактубхо асосан бо як формула навишта мешаванд: "бинобар гузаронидани корхои профилактики сайтхои фалон фалон аз фалон фалон вакт муваккатан баста шаванд". Баъд бечора ширкатхо дар азоб мондагиву мачбурандл, ки "омилхои техники" гуянд ва ё умуман хомуши гузинанд. TeliaSonera тасмими худро аллкай гирифт ва эълон кард, ки тадричан Точикистонро тарк мекунад, барои хамин ба фошгуи огоз кард

Бисёр мансабдорони мо мафкураи шахшудаю чахонбинии махдуд доранд.....

насим
зиндабоша анонимайзер шумо махкам кунед мо дромадан мегирем бе ягон мушкили

махкам кардани сомонахо мувофики халномаи суди оли бошад конуни будааст пас ин мардак чи гунахгор аст, хар амали террористон мояд пешгири ва ман карда шавад то ба миллати точик ва давлати он таъсере нарасад

Хакер
Зинда бод сомонаи программаи Opera min

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)