Бахшҳо

Мансур Ҳамидов, “сайтбандиҳо”-ро “риояи қонун” хонд

Мансур Ҳамидов, директори генералии ширкати мобилии “Tcell” имрӯз, 13-уми апрел зимни як ҳамоиш дар Душанбе бо изҳори таассуф сайтбандиро аз ҷониби ширкаташ тасдиқ кард.

Ҳамидов дар посух ба суоли хабарнигрон, ки чаро аз тариқи “Tcell” ҳолатҳои масдуд гардидани сомонаҳо ба миён меоянд, гуфт, “афсӯс , ки чунин ҳолатҳо ҳастанд, вале на ҳама вақт ин ҳолатҳо аз мо вобастаанд ва дар ин маврид на ҳама маълумотҳоро мо пешниҳод карда метавонем. Содатар карда гӯям дар Тоҷикистон ҳастанд қонунҳое, ки мо бояд онҳоро риоя кунем”.

Мудири кулли “Tcell” афзуд, ки онҳо ҳоло бо якчанд технологияи муосир кор карда истодаанд ва ҳаракат мекунанд, ки дар оянда ҳолатҳои масдуд гардидани сомонаҳои интернетӣ тариқи ширкаташон камтар шавад.

Ин дар ҳолест, ки охирин ҳолати масдудсозии сомонаю шабакаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон аввали моҳи равон сурат гирифта, дастрасӣ ба шабакаи Ютуб дар кишвар тайи ду рӯз маҳдуд шудааст.

Манбаи “Озодагон” дар яке аз ширкатҳои дастраскунандаи интернет масдудияти Ютубро ба дастури Хадамоти алоқа марбут донист, ки бо сабаби корҳои профилактикӣ аз ширкатҳои интернетрасон хостааст, Ютубро масдуд кунанд.

Баста шудани ин видеопартал дар қаламрави Тоҷикистон бори аввал нест ва ибтидои соли равон низ саҳифаи Ютуб бо шумули шабакаи иҷтимоии русии “Одноклассники” масдуд гардида буд. Дар пайи масдудияти ин шабакаҳо дастрасӣ ба як қатор филтршикан (анонимайзер)-ҳо, аз ҷумла Hideme.ru, Cameleo.Ru, 2ip.ru/anonim ва xnet.club” низ маҳдуд гардид.

Масдудсозии сомонаҳо дар Тоҷикистон, ки ба як раванди маъмулӣ табдил ёфтааст, борҳо аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ мавриди интиқод қарор гирифта, аз мақомоти Тоҷикистон дархост шуда буд, ки ба ин раванд хотима диҳанд.
Мӯҳр
Нодир
Мансур ако о кадом конун бошад, ки мо намедонем, ягон конун махфи намешавад. Акалан ягон супориш ё амр мегуфтед.

Дар ЧТ агар сайтхора набанданд ким чикор мекунанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)