ВУД: Зани ҷавон бо корд шавҳарашро маҷруҳ кард
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ҷавонзани 23-сола, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар дод, ки дар расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба шавҳараш муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод 14-уми ноябр, тахминан соати 04:00 ин зан дар пайи муноқишаи оилавӣ бо корд ба қисмати чапи шиками шавҳари 31-солааш як зарба задааст: “Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ин қазия дар ҳолест, ки қаблан мардҳои тоҷик борҳо ба мақомот, аз ҷумла Кумитаи занон дар мавриди латукӯбашон на танҳо аз сӯи ҳамсарҳо, балки аз ҷониби хушдоманҳояшон низ шикоят кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |