Бахшҳо

Боздошти “раҳбари идеологӣ”-и “Бандаи ГТА” дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон Боҳир Ғуломовро, ки “раҳбари идеологӣ”-и “Бандаи ГТА” арзёбӣ мешавад, боздошт намудаанд.

Дар ин бора расонаҳои русӣ иттилоъ дода, афзуданд, ки феълан масъалаи истирдоди Ғуломов, ба Русия мавриди баррасӣ қарор дорад. Ғуломов аз пайравони “Ҳизб-ут-Таҳрир” ва таҳсилдидаи кишварҳои исломӣ муаррифӣ мешавад, ки қаблан гуфта мешуд, аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз он ҷо ба Покистон фирор кардааст.

Мақомоти Русия аъзои гуруҳи “ГТА”, ки моҳи ноябри соли 2014 боздошт шудаанд, дар куштори дастикам 17 нафар дар шоҳроҳҳои Маскаву назди он муттаҳам мекунанд. Мақомоти Русия эълон карданд, ки аксари аъзои ин гуруҳ зодагони Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон буда, роҳбари асосии он Рустам Усмонов дар амалиёти боздошт, кушта шуд.

Аз шаҳрвандони Тоҷикистон феълан Абдумуқим Мамадҷонов ва Зафарҷон Ғуломов, аз наздикони Боҳир Ғуломов бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи “ГТА” дар боздошт мебошанд.

Додгоҳи ноҳияи Коптевски Маскав моҳи марти соли равон Илҳом Исҳоқов, шаҳрванди солхӯрдаи Тоҷикистонро барои додани манзил ба аъзои гуруҳи ҷиноии маъруф ба “Бандаи ГТА” ба як солу як моҳ равонаи зиндон карда буд.

Ба иттилои мақомоти Русия, Исҳоқов бо ҳамсараш хонаеро дар шоҳроҳи Дмитровск ба иҷора гирифта, ҳамчун хобгоҳ муҷаҳҳаз намудаанд ва аз моҳи август то 6 ноябри соли 2014 ба 10 муҳоҷир аз Осиёи Миёна ба иҷора додаанд: “Аз ҷумла Абдумуқим Мамадҷонов ва як узви дигари Гуруҳи ГТА дар миёни иҷоранишинон будаанд. Мақомоти Русия мегӯянд, Исҳоқов ва иҷоранишинони дигараш дар ҷиноятҳои “Гуруҳи ГТА” даст надоранд. Аммо Исҳоқов аз қабл дар мавриди ҳузури ғайриқонунии иҷоранишинонаш дар Русия хабар доштааст ва бинобар ин бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба як солу як моҳи зиндон маҳкум шудааст”.

Ин дар ҳолест, ки Исҳоқов дар додгоҳ “гуноҳ” -ашро эътироф карда, аз додрас хостаст, ӯро ба ҳабс маҳкум накунад. Қаблан Муҳаббат Паҳлавонова, ҳамсари Исҳоқов ба хабаргузориҳои русӣ гуфта буд, ин манзилро соли 2013 ба иҷора гирифта ва чанд вақт пеш онро тарк карда буданд: “Ҳамсояи мо дархост кард, дӯстонашро дар ин хонаи иҷора ҷой диҳем ва мо ҳам розӣ шудем”.

Феълан таҳқиқи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи аъзои гуруҳи “ГТА” идома доранд.
Мӯҳр
99
Урус духтари тоҷика таҳқиру танзиқ карад кушт, "девона" бароварда Россия равон кардан. Кӯдаки 5 моҳая куштан, падару модараша гунаҷгор кардан. Боварӣ дорам, ки ҳеҷ кадомашона ҷазо намедиҳанд ва боз тоҷиккушӣ карда мегарданд. Оё, намеша, ки ҳамин одама дар Тоҷикистон суд кунанд! Медонам, ки прокуророи мо аҳволаша бадтар аз русҳо мекунанд, лекин ақаллан барои обрӯи миллат ё давлат шуда, бояд тоҷика барои ҷазо ба русия намедодан!!!

786
99,
Комилан гуфтахоятонро кабул дорам. Агар Боҳир Ғуломов шахрванди ЧТ бошад ва дар каламрави ЧТ боздошт шуда бошад (бо вучуди чинояткор будан ва содир кардани чиноят, чаро бояд ба Руссия истирдод шавад?! Бигзор чазояшро дар дохили кишвар бубинад.
Хукукдон нестам ва донишам барои мантики ин кор хам намекашад, вале то он чое, ки медонистам хукуматхо хатто шахрвандони чинояткорашонро, ки берун аз марзи кишвар чиноят содир кардаанд, ба дохили каламрави худ мебиёранду мухлати хабсашонро дар махкумгоххои дохили кишвар мегузарондандку

Точикистон бояд ната Ин Точикро Бароики .Тифли 5мохро Куштан .Духтари Точикро дар Ватанаш Куштан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)