Бахшҳо
23 ноя 2015 10:32Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Даргузашти Аброр Зоҳир дар ҷои кор

Аброр Зоҳир, нависандаи маъруф ва директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанбе субҳи имрӯз, 23 ноябр дар синни 50-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Тавре наздикони марҳум ба "Озодагон" иттилоъ доданд, Аброр Зоҳир, ки директори «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и Душанбе буд, дар ҷои кораш даргузаштааст. Ба гуфтаи мусоҳибони "Озодагон" Аброр Зоҳир аз бемории қанд ранҷ мебурдааст: "Маросими видоъ бо Аброр Зоҳир имрӯз, 23 ноябр дар манзили зисташ, дар шаҳри Душанбе дар назар аст".

Аброр Зоҳир соли 1965-ум дар шаҳри Сарбанд ба дунё омада, соли 1982-юм мактаби миёна ва соли 1987-ум факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияташро дар рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Хатлон" оғоз карда, баъдан дар вазифаҳои мудири шуъбаи илм ва фарҳанги ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат", сармуҳаррири ҳафтавори "Ҷаҳони паём", Директори Телевизиони Тоҷикистон, Директори киностудияи "Тоҷикфилм", сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор кардааст.

Ӯ аз соли 2012 то рӯзи вафот директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ»-и шаҳри Душанберо ба уҳда дошт. Аброр Зоҳир узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи киноматографистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд. Муаллифи даҳ китоб, аз ҷумла 15 роман, 20 повест, филмномаву намоишномаҳои телевизионӣ мебошад.
Мӯҳр
оооо
худо рахматаш кунад омин

Дар хафтсолаги мактабро хатм кард??? Ислох кунед
Рахмату магфират кунад.

Равонаш шод бод! Акнун чои Шоираи, ки дар тобиеяташ фаъолият мекунаду дар шафати акаи Аброр дукони китобфуруши дорад, кушод шуд((( Шоираи такрибан 47 сола огах бош, ки марг берахм аст ва рузе ба суроги ту хам меояд. Кай ба шумо марги дигарон дарс мешавад. то хамдигарро озод надихед.

Худованд чоятон чаннат бошад устод Аброр Зохир.((((

Худо рахмат кунад!!!

Худо рахматаш кунад!!!Бихишти човидон чояшон шавад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)