Бахшҳо

АКС: Тағйироти кадрӣ дар Вазорати мудофиа ва ишора ба хиёнати Ҳоҷӣ Ҳалиму шариконаш

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи баррасии омилҳои ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим, имрӯз, 24 ноябр дар Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ як қатор тағйироти кадриро амалӣ кард.

Тибқи иттилоияи расмӣ Эмомалӣ Раҳмон муовини якум ва муовинони вазири мудофиа, сардори раёсати иктишофи (разведкаи) ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз мақомашон барканор кард.

Манбаъ мегӯяд, Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим, ки то ин вақт фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ буд, муовини якуми вазири мудофиа-сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ таъин гардид: “ Ғуломзода Абдулҳошим, Латифзода Асрор Қурбон ва Холзода Солеҳ Ҳусайн муовинони вазири мудофиа таъин карда шуданд”.

Инчунин бо фармони Эмомалӣ Раҳмон Саидзода Бобоҷони Абдуқодир фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ таъин шуд: “Дар мувофиқа бо раисиҷумҳур Шарипов Ҷалолиддин Маҳсиддинович сардори раёсати иктишофи (разведкаи) ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид”.

Эмомалӣ Раҳмон зимни қабули кадрҳои навтаъин аз вазъи ноустувору зуд-зуд тағйиёбанда ва пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳон, ба низоъҳои таҳмилӣ гирифтор шудани як гурӯҳ кишварҳои мустақил ва хусусан аз хиёнати нанговару нобахшидании як зумра собиқ низомиёни тоҷик ёдовар шуда, роҳбарият ва кулли кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро ба хизмати содиқонаю софдилона, поквиҷдонӣ ва матонату ҷасорат дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ даъват кардааст.

Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои ҳукуматро дар бораи таъини Мирзоев Бадриддин Қиёмиддинович ба мақоми муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оид ба корҳои тарбиявӣ ва Носиров Одилбек Раҳмонович ба мансаби муовини сардори сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ имзо кард.

Дар сохтори Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Восеъ, ноҳияи Рӯшон ва ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иваз карда шуданд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)