(ВИДЕО) Пулис мегӯяд, аз шаҳрвандони Тоҷикистон маводи тарканда дарёфт кардааст
Пулиси Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми нигоҳ доштани аслиҳа боздошт кардааст.
Елена Алексеева, намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия гуфтааст, аз дастгиршудаҳо се тапончаи тамғаи ПМ, 50 тир ва маводи тарканда дарёфт шудааст. Ба қавли ӯ, маводи тарканда тротил буда, ҳаҷми он 171,3 граммро ташкил медиҳад.
Хонум Алексеева афзуда, амалиёти боздошти ин ду шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз нуқтаҳои савдо сурат гирифтааст.
Феълан, нисбати онҳо бар пояи моддаи 222-и Кодекси ҷиноии Русия – харидорӣ, интиқол ва фурӯши ғайриқонунии силоҳи оташфишон, қисмҳои асосӣ ва лавозимоти онҳо, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Торнамои расмии Вазорати умури дохилии Русия навори видеоиеро нашр кардааст, ки амалиёти боздошти ин шаҳрвандони Тоҷикистонро намоиш медиҳад.