Бахшҳо

"Қарз дода намешавад!"

Азизи НАҚИБЗОД

“Нася дода намешавад!” ё “Қарз дода намешавад!”. Шумо ин навиштаҷотро дар мағозаҳои маҳаллаҳои шаҳр ва деҳоти кишвар боре мутаваҷҷеҳ шудаед? Оё рӯи ин навиштаҷоти оддӣ боре андеша кардаед?

Чунин навиштаҷотро ман борҳо дар гӯшаҳои гуногуни кишварамон дидаам. Мисли бисёриҳо сахт аҳамият намедодам то рӯзҳое, ки фурӯшандае ба духтараки 8-9 солае гуфт, ба модарат гӯй ки аз ин пас туро бидуни пул ба мағоза нафиристад, қарзаш аз 300 сомонӣ гузашт. Ва рузи дигар ҳам кампиракеро гуфт: “Хола, дигар бас аст охир, қарзатон аз 700 сомонӣ убур кард. Мо ҳам мушкилоти зиёд дорем, молро бо пули нақд мехарем, иҷора, андоз боз сад мушкили дигар. То кай интизор шавем, ки писарони ту пул фиристанд!”
Ҳолати ун духтарак ва ин кампирро агар Шумо медидед…

Агар онҳо пул медоштанд, агар маҷбур намебуданд, ҳич гоҳ чунин хориро ба худ раво намедиданд. Дилам барои ҳардуяшон реш шуд.

Ба фурӯшанда бо вуҷуди сахтгӯиаш ба эҳтиёҷмандон гуфтам: - Дастат дард накунад! Ман туро дарк мекунам, ки гуфти худат сад мушкил дорӣ, вале бо вуҷуди ин ба даҳҳо нафар хӯроквории нася медиҳӣ!

Ҳоло дарк кардед, ки ин навиштаҷот як ҳарфи хушку холие нест. Ин навиштаҷот аз дарду ранҷи модарони интизори фарзанду шавҳар ва кӯдакони дар фироқи падар буда мегӯяд. Аз ҳоли асафбори иҷтимоъ ҳарф мезанад.

Вақте ки дар хонаҳои эшон дигар ҳиччӣ боқӣ намемонад, ноилоҷ рӯи ниёз ба мағозаҳо меоранд.

Ва фурӯшандаҳое, ки ба ҳоҷатмандон моли нася медиҳанд, таваккал мекунанд. Ин маблағ кай аз Русия меояд, шояд аслан намеояд. Вале ба ҳар ҳол мегӯем: Худо хайрашон диҳад!

Агар инҳо ҳам нася надиҳанд, дармондагон пеши кӣ мераванд?
Мӯҳр
Мардон
Худованд Хеч бандаро Мухточи Бандаи дигар накунад Ман 1000 сомони маош мегирам Коргари яке аз сохторхои давлати мебошам Худоба шукр дар назди хонаи мо як Магазин хаст то 1000 сомонира карз медихад Маошамро гирифтам карзашро бурда медихам Шукронаи Тинчию Амони Тинчи бошад хамааш мешавад Иншолох Илтимос чоп кунед

Рустам
Одамон тамоми умр зиндаги мекунанду хар рузе мумкин даххо ва садхо гунох кунанд ва гунохоямон "резад" гуён ба Хач мераванд ва дар пиронсоли дар дами марг намозхон мешаванд. Як рохи бузурге, ки гуноххои инсонро Аллох мебахшад ин хайру саховат аст. Бинобар ин ба "бойбачахо" гуфтаниям, ки дар хамон махалла, деха ва шахрчае, ки зиндаги мекунед пур аз камбагалу беваю ятим аст, ки аз магозахо карздоранд. Хуб мешуд то ду се руз туйхои дабдабанок кардан ба магозаи наздиктар мерафтеду мепурсидед, ки дафтари карзашро нишон дихад ва карзи одамоне, ки онро баргардондан наметавонанд медодед. Ин албатта барои дастгирии магоза нест, ин дастгирии бенавоён аст. Агар хар як нафари сарватманде аккалан як ё ду нафар бенаворо дастгири кунад ман бовари дорам, ки дар байни мардум имону инсоф ва одамгари зиёд мешуд. Чунки он шахсе, ки шумо карзи уро додед то охири умр аз шумо ва ахли оилаи шумо миннатдор мешавад. Ба пеш бародарони ахли ислом. Аллох имони шуморо комил гардонад.

99
Бародар, ман ҳам дар муҳоҷират ҳастам ва пайвандони ман ҳам дар интизори пули аз муҳоҷират фиристодаи ман ҳастанд.
Ростӣ, бо ин мақолаат диламро хун кардӣ. Ва медонаму хуб дарк мекунам, ки фақат аз Тоҷикистон зиёда аз миллион чунин мисли ман одамон дар муҳочират барои наздикони худ ранҷ мекашанд.
Вале чӣ кор кунем? Мо ҳар коре, ки аз дастамон омада истодааст, карда истодаем. Гоҳо ҷон ба каф гирифта як пора пули нон пайдо мекунем, гоҳо худ гурусна мемонем. Вале, Худо бузург аст. Моро ва наздиконамонро дар сахтӣ ҳам бошад, чӣ тавре ки мегӯянд: "Аз гуруснагӣ намекушад".
Ман дар ин мусофират дарсе барои худ гирифтам, ки агар касеро хашмгин ҳам кунад, менависам: Чӣ тавре, ки мегӯянд, "моро Худо нишон дода истодааст", чунки мо мардуми тарсу ҳастем ва борои худ мубориз нестем. Мо тифоқ нестем ва ҳатто дар хориҷ аз ватан ба ҳамдигар душманӣ мекунем. Аксари мардуми мо бесавод аст ва аз нодонию бесаводӣ як давлатеро интихоб карда наметавонад, ки ба дарди халқ хурад. Давлати мо давлати халқӣ набуд ва нест. Баъзеи инҳо аз худ "қаҳрамон" метарошанд, вале натиҷаи "қаҳрамони"-ашон агар ҳамин бошад, мардум аз баҳри чунин "қаҳрамонон" барвақт гузаштааст.
ҚАҲРАМОН УМАРАЛИИ 5 МОҲА АСТ, ки на фақат тоҷикон, балки мардуме, ки каме "дил дошт", такон дод!!! ҚАРАМОН ана
ҳамон ЗАНИ ФУРӮШАНДА аст, ки ба мардум қарз медиҳад ва ба дарди онҳо шарик аст. ҚАҲРАМОН он аст, ки берун аз ватан ба ҷое мерасад ва барои ватани худ хизмат мекунад.
Иншоаллоҳ, ояндаи мардуми мо хуб мешавад, чунки сафи мардуми бедори мо зиёд шуда истодааст!

dhvhrvsa
Офарин Азизчон, дар тамоми минтакахои Точикистон вазъ хамин тавре ки хаст Шумо баён кардед, чи илоч, бехбуди нашуд, ки нашуд, точик дар ягон давру замон ба ин хад хору зор нашуда буд, мардум пачка пачка ба 60, 70 нарасида мурда рафта истодаанд, окибати кор ба хайр бошад.

Абдуллох
Бале хакро гуфтед бародар. Хуб мешуд аз хисоби кам кардани харочотхо ба мисли чашну маросим ба оилахои камбизоат кумак мекардем. Фарз кардем харчи як чашн 100000 сомон аст. Агар ба 1000 оила 1000 сомони дихем як мох бо хурока таъмин мешаванд. 500 сомони дихем ба 2000 оила мадад мешавад.

Муштари дод назан шарт низом аст ин чо
Сухан аз накд бигу насия харом аст инчо
Хамаи ин молхо бо хуни чигар омадаанд
Гар ту насия бари кор тамом аст ин чо.

Парвиз
Ака,ба курпа нигох карда пой мекаши,бояд сарфакор шуд.Кризис!!!!Шукр гуед,км тинчист.Хеч кас гушна нест!

Аз бегапи гап.Журналист бояд чизе нависад.

Шодӣ
Эй муштарӣ дод мазан шарт низом аст инҷо
Сухан аз наҷд бигу насия ҳаром аст инҷо,
З-он, ки ҳама моли ҷаҳон бо хуни ҷигар омадаанд,
Агар ту насия барӣ кор тамом аст инҷо.
***
Ин шеър дар пештоқи аксар мағозаҳои кишвар навишта шудааст.

Фаридун
Бародарони азиз худо бандаро офаридааст ризкашро медихад. Шукрона кунем Точикистони азизамон доимо тинчу ором бошад хамааш хуб мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)