Қочоқи колои Чин аз Тоҷикистон ба Қирғизистон
Анҷумани интиқолдиҳандагони Қирғизистон гуфтааст ба хотири баланд шудани нархи боҷи гумрукӣ молу колои Чин ба таври қочоқ аз Тоҷикистон вориди ин кишвар мешавад.
Ин ниҳод мегӯяд тоҷирон ба хотири гурез аз пардохтани боҷи гумрукӣ даст ба ин иқдом мезананд. Дар ин анҷуман гуфтаанд “феълан молу колои зиёд дар минтақаи Иркештами вилояти Ош пас аз убури марзи Тоҷикистон ба Қирғизистон ворид мешавад.”
Масъулони Анҷумани интиқолдиҳандагони Қирғизистон далели ин падидаро пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва афзоиши қиммати боҷи гумрукии маҳсулоти Чин барои Қирғизистон гуфтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |