Бахшҳо

Хоманаӣ ба ҷавонон: Агар як фарҳанги ситезаҷӯ ва маъногурезро нахоҳем, гунаҳкорем?

Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари муаззами Эрон ахиран дар як нома ба ҷавонони Ғарб решаҳои мушкилоти имрӯзи ҷаҳон ва мавқеи Ислому мусалмононро бозгӯ кардааст. Ин нома дар ҳоле навишта шуда, ки дар пайи силсилаи амалиёти террористӣ дар Порис таҳти таъсири таблиғоти сиёсатмадорони ғарбӣ руҳияи исломситезӣ ба андозае авҷ гирифтааст. Аз сӯи дигар солҳост, ки бархе афроду гуруҳҳои тундрав барои пинҳон кардани моҳияти амалҳои терероистиашон ба худ ба истилоҳ пушиши исломӣ мегиранд, аммо дар асл корҳое анҷом медиҳанд, ки хилофи фармудаҳои Ислом аст. Яке аз ин гуруҳҳо созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” мебошад, ки ба таъкиди исломшиносон ҳеч пайвандие бо ин дини муқаддас надорад. Дар ин робита гуфта мешавад, дар чунин як шароите ба ҷавонони ғарбӣ нома навиштани раҳбари як кишвари исломӣ аз аҳамияти вижа бархурдор аст. Ҳарчанд он ба ҷавонони Ғарб навишта шуда, аммо бо таваҷҷуҳ ба фаромарзиву фароминтақаӣ будани мушкили тероризм ва ифротгароӣ ва ҳамчунин ба сафи гуруҳҳои терористӣ пайвастани ҷавонони Тоҷикистон ба назар мерасад мухотаби нома ҳамаи ҷавонон дар ҳар гушаи дунё ҳастанд. Аз ин рӯ гумон мекунем нашри матни комили ин нома аз манфиат холӣ нест:

“Ба умуми ҷавонон дар кишварҳои ғарбӣ
Ҳаводиси талхе, ки теруризми кӯр дар Фаронса рақам зад, бори дигар маро ба гуфтугӯ бо шумо ҷавонон барангехт. Барои ман таассуфбор аст, ки чунин рӯёдодҳое бистари суханро бисозад, аммо воқеият ин аст, ки агар масоили дарднок заминае барои чораандешӣ ва маҳмиле барои ҳамфикрӣ фароҳам накунад, хасорат дучандон хоҳад шуд.
Ранҷи ҳар инсоне дар ҳар нуқта аз ҷаҳон, ба худии худ, барои ҳамнавъон андӯҳбор аст. Манзараи кӯдаке, ки дар баробари дидагони азизонаш ҷон медиҳад, модаре, ки шодии хонаводааш ба азо мубаддал мешавад, шавҳаре, ки пайкари беҷони ҳамсарашро шитобон ба сӯйе мебарад ва ё тамошогаре, ки намедонад то лаҳазоте дигар охирин пардаи намоиши зиндагиро хоҳад дид, манзарае нест, ки авотиф ва эҳсосоти инсониро барнаангезад. Ҳар кас ки аз муҳаббат ва инсоният баҳрае бурда бошад, аз дидани ин саҳнаҳо мутаассир ва мутааллим мешавад; чӣ дар Фаронса рух диҳад, чӣ дар Фаластин ва Ироқ ва Лубнон ва Сурия.

Қатъан якуним милёрд мусалмон ҳамин эҳсосро доранд ва аз омилон ва мусаббибони ин фоҷеаҳо мунзаҷир ва безоранд. Аммо масъала ин аст, ки ранҷҳои имрӯз агар мояи сохтани фардои беҳтар ва эмантар нашавад, фақат ба хотираҳое талх ва бесамар фурӯ хоҳад кост. Ман имон дорам, ки танҳо шумо ҷавонҳоед, ки бо дарс гирифтан аз номулойимоти имрӯз, қодир хоҳед буд роҳҳое нав барои сохти оянда биёбед ва садди бероҳаҳое шавед, ки Ғарбро ба нуқтаи кунунӣ расондааст.
Дуруст аст, ки имрӯз теруризм дарди муштараки мо ва шумост, аммо лозим аст бидонед, ки ноамнӣ ва изтиробе, ки дар ҳаводиси ахир таҷриба кардед, бо ранҷе, ки мардуми Ироқ, Яман, Сурия ва Афғонистон тайи солҳои мутамодӣ таҳаммул кардаанд, ду тафовути умда дорад: нахуст ин ки дунёи Ислом дар абъоде ба маротиб васеътар, дар ҳаҷме анбӯҳтар ва ба муддати бисёр тӯлонитар қурбонии ваҳшатафканӣ ва хушунат будааст. Ва дуввум ин ки мутаассифона ин хушунатҳо ҳамвора аз тарафи бархе аз қудратҳои бузург ба шеваҳои гуногун ва ба шакли муассир ҳимоят шудааст.

Имрӯз камтар касе аз нақши Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар эҷод ё тақвият ва таслеҳи Алқоъида, Толибон ва дунболаҳои шуми онон беиттилоъ аст. Дар канори ин пуштибонии мустақим, ҳомиёни ошкор ва шинохташудаи теруризми такфирӣ, алорағми доштани ақибмондатарин низоми сиёсӣ, ҳамвора дар радифи муттаҳидони Ғарб ҷой гирифтаанд. Ва ин дар ҳолест, ки пешравтарин ва рӯшантарин андешаҳои бархоста аз мардумсолориҳои пӯё дар минтақа, бераҳмона мавриди саркӯб қарор гирифтааст. Бархӯрди дугонаи Ғарб бо ҷунбиши бедорӣ дар ҷаҳони ислом, намунаи гӯёе аз тазодд дар сиёсатҳои ғарбӣ аст.

Чеҳраи дигари ин тазодд, дар пуштибонӣ аз теруризми давлатии Исроил дида мешавад. Мардуми ситамдидаи Фаластин беш аз 60 сол аст, ки бадтарин навъи теруризмро таҷриба мекунанд. Агар мардуми Урупо акнун чанд рӯзе дар хонаҳои худ паноҳ мегиранд ва аз ҳузур дар маҷомеъ ва марокизи пурҷамъият парҳез мекунанд, як хонаводаи фаластинӣ даҳҳо сол аст, ки ҳатто дар хонаи худ аз мошини куштор ва тахриби режими саҳюнист дар амон нест. Имрӯза чӣ навъ хушунатеро метавон аз назари шиддати қасоват бо шаҳраксозиҳои режими саҳюнист муқоиса кард? Ин режим бидуни ин ки ҳаргиз ба таври ҷиддӣ ва муассир мавриди сарзаниши муттаҳидони пурнуфузи худ ва ё лоақал ниҳодҳои ба зоҳир мустақили байналмилалӣ қарор гирад, ҳар рӯз хонаи фаластиниёнро вайрон ва боғҳо ва мазореъашонро нобуд мекунад, бе он ки ҳатто фурсати интиқоли асбоби зиндагӣ ё маҷоли ҷамъоварии маҳсули кишоварзиро ба онон бидиҳад, ва ҳамаи инҳо ағлаб дар баробари дидагони ваҳшатзада ва чашмони ашкбори занон ва кӯдаконе рӯй медиҳад, ки шоҳиди зарбу ҷарҳи аъзои хонаводаи худ ва дар мавориде интиқоли онҳо ба шиканҷагоҳҳои махуфанд. Оё дар дунёи имрӯз қасовати дигареро дар ин ҳаҷм ва абъод ва бо ин тадовуми замонӣ мешиносед? Ба гулӯла бастани бонуе дар васати хиёбон фақат ба ҷурми эътироз ба сарбози то дандон мусаллаҳ, агар теруризм нест, пас чист? Ин барбарият чун тавассути нерӯи низомии як давлати ишғолгар анҷом мешавад, набояд ифротигарӣ хонда шавад? Ё шояд ин тасовир фақат ба ин илалат, ки 60 сол мукарраран аз сафҳаи телевизиюнҳо дида шуда, дигар набояд виҷдони моро таҳрик кунад?

Лашкаркашиҳои солҳои ахир ба дунёи Ислом, ки худ қурбониёни бешуморе дошт, намунаи дигар аз мантиқи мутаноқизи Ғарб аст. Кишварҳои мавриди таҳоҷум, илова бар хасоратҳои инсонӣ, зерсохтҳои иқтисодӣ ва санъатии худро аз даст додаанд, ҳаракати онҳо ба сӯйи рушд ва тавсиъа ба таваққуф ё кундӣ гаройида, ва дар мавориде даҳҳо сол ба ақаб баргаштаанд. Бо вуҷуди ин, густохона аз онон хоста мешавад, ки худро ситамдида надонанд. Чӣ гуна метавон кишвареро ба вайрона табдил кард ва шаҳру рустояшро ба хокистар нишонд, сипас ба онҳо гуфт, ки лутфан худро ситамдида надонед?! Ба ҷойи даъват ба нафаҳмидан ва ё аз ёд бурдани фоҷеаҳо, оё узрхоҳии содиқона беҳтар нест? Ранҷе, ки дар ин солҳо дунёи Ислом аз дурӯӣ ва чеҳраороии муҳоҷимон кашидааст, камтар аз хасоратҳои моддӣ нест.

Ҷавонони азиз!
Ман умед дорам, ки шумо дар ҳол ё оянда, ин зеҳнияти олуда ба тазвирро тағйир диҳед; зеҳнияте, ки ҳунараш пинҳон кардани аҳдофи дур ва оростани ағрози муъзиёна аст. Ба назари ман, нахустин марҳила дар эҷоди амният ва оромиш, ислоҳи ин андешаи хушунатзост. То замоне ки меъёрҳои дугона бар сиёсати Ғарб мусаллат бошад, ва то вақте ки теруризм дар нигоҳи ҳомиёни қудратмандаш ба анвоъи хубу бад тақсим шавад, ва то рӯзе, ки манофеи давлатҳо бар арзишҳои инсонӣ ва ахлоқӣ тарҷеҳ дода шавад, набояд решаҳои хушунатро дар ҷойи дигар ҷустуҷӯ кард.

Мутаассифона ин решаҳо тайи солиёни мутамодӣ, ба тадриҷ дар аъмоқи сиёсатҳои фарҳангии Ғарб низ русух карда ва як ҳуҷуми нарм ва хомӯшро сомон додааст. Бисёре аз кишварҳои дунё ба фарҳанги бумӣ ва миллии худ ифтихор мекунанд; фарҳангҳое, ки дар айни боландагӣ ва зойиш, садҳо сол ҷавомеи башариро ба хубӣ тағзия кардааст. Дунёи ислом низ аз ин амр мустасно набудааст. Аммо дар давраи муосир, ҷаҳони Ғарб бо баҳрагирӣ аз абзорҳои пешрафта, бар шабеҳсозӣ ва ҳамонандсозии фарҳангии ҷаҳон пофишорӣ мекунад. Ман таҳмили фарҳанги Ғарб бар соири миллатҳо ва кучак шумурдани фарҳангҳои мустақилро як хушунати хомӯш ва бисёр зиёнбор талаққӣ мекунам. Таҳқири фарҳангҳои ғанӣ ва иҳонат ба мӯҳтарамтарин бахшҳои онҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки фарҳанги ҷойгузин, ба ҳеч ваҷҳ аз зарфияти ҷонишинӣ бархӯрдор нест. Ба таври мисол, ду унсури пархошгарӣ ва бебандубории ахлоқӣ, ки мутаассифона ба муаллафаҳои аслии фарҳанги ғарбӣ табдил шудааст, мақбулият ва ҷойгоҳи онро ҳатто дар хостгоҳаш таназзул додааст.

Инак, суол ин аст, ки агар мо як фарҳанги ситезаҷӯ, мубтазал ва маъногурезро нахоҳем, гунаҳкорем? Агари монеъи сайли вайронгарӣ шавем, ки дар қолиби анвоъи маҳсулоти шибҳи ҳунарӣ ба сӯйи ҷавонони мо равона мешавад, муқассирем? Ман аҳаммият ва арзиши пайвандҳои фарҳангиро инкор намекунам. Ин пайвандҳо ҳар гоҳ дар шароити табиӣ ва бо эҳтиром ба ҷомеаи пазиро сурат гирифта, рушд ва боландагӣ ва ғиноро ба армуғон овардааст. Дар муқобил, пайвандҳои ноҳамгун ва таҳмилӣ, номуваффақ ва хасоратбор будааст. Бо камоли таассуф, бояд бигӯям, ки гурӯҳҳои фурӯмояе мисли ДИИШ зоидаи ин гуна васлатҳои номуваффақ бо фарҳангҳои воридотӣ аст. Агар мушкил воқеан ақидатӣ буд, мебоист пеш аз асри истеъмор низ назири ин падидаҳо дар ҷаҳони ислом мушоҳида мешуд, дар ҳоле ки торих хилофи онро гувоҳӣ медиҳад. Мустанадоти торихӣ ба рӯшанӣ нишон медиҳад, ки чӣ гуна талоқии истеъмор бо як тафаккури ифротӣ ва матруд, он ҳар дар дили як қабилаи бадавӣ, базри тундравиро дар ин минтақа кошт. Вагарна чӣ гуна мумкин аст аз яке аз ахлоқитарин ва инсонитарин макотиби динии ҷаҳон, ки дар матни бунёдини худ, гирифтани ҷони як инсонро ба масобаи куштани ҳамаи башарият медонад, зуболае мисли ДОЪИШ берун ояд?

Аз тарафи дигар бояд пурсид, чаро касоне ки дар Урупо мутаваллид шудаанд ва дар ҳамон муҳит, парвариши фикрӣ ва руҳӣ ёфтаанд, ҷазби ин навъ гурӯҳҳо мешаванд? Оё метавон бовар кард, ки афрод бо яке ду сафар ба манотиқи ҷангӣ, ногаҳон он қадр ифротӣ шаванд, ки ҳамватани худро гулӯлаборон кунанд? Қатъан набояд таъсири як умр тағзияи фарҳангии носолим дар муҳити олуда ва муваллиди хушунатро фаромӯш кард. Бояд дар ин замина таҳлиле ҷомеъ дошт; таҳлиле, ки олудагиҳои пайдо ва пинҳони ҷомеаро биёбад. Шояд нафрати амиқе, ки тайи солҳои шукуфоии санъатӣ ва иқтисодӣ, дар асари нобаробариҳо ва аҳёнани табъизҳои қонунӣ ва сохторӣ дар дили ақшоре аз ҷавомеи ғарбӣ кошта шуда, уқдаҳоеро эҷод карда, ки ҳар аз чанде беморгуна ба ин сурат гушуда мешавад.

Хоманаӣ ба ҷавонон: Агар як фарҳанги ситезаҷӯ ва маъногурезро нахоҳем, гунаҳкорем?Ба ҳар ҳол, ин шумо ҳастед, ки бояд лояҳои зоҳирии ҷомеаи худро бишкофед, гиреҳҳо ва кинаҳоро биёбед ва бизудоед. Шикофҳоро ба ҷойи таъмиқ, бояд тармим кард. Иштибоҳи бузург дар мубориза бо теруризм, вокунишҳои аҷулонае аст, ки гусастҳои мавҷудро афзоиш диҳад. Ҳар ҳаракати ҳаяҷонӣ ва шитобзада, ки ҷомеаи мусалмони сокини Урупо ва Омрикоро, ки муташаккил аз милюнҳо инсони фаъол ва масъулиятпазир аст, дар инзиво ё ҳарос ва изтироб қарор диҳад ва беш аз гузашта ононро аз ҳуқуқи аслиашон маҳрум созад ва аз саҳнаи иҷтимоъ канор гузорад, на танҳо мушкилро ҳал нахоҳад кард, балки фосилаҳоро умқ ва кудуратҳоро вусъат хоҳад дод. Тадобири сатҳӣ ва вокунишӣ — махсусан агар ваҷоҳати қонунӣ биёбад — ҷуз ин ки бо афзоиши қутббандиҳои мавҷуд, роҳро бар бӯҳронҳои оянда бигушояд, самари дигаре нахоҳад дошт. Тибқи ахбори расида, дар бархе аз кишварҳои урупоӣ муқаррароте вазъ шудааст, ки шаҳрвандонро ба ҷосусӣ алайҳи мусалмонон вомедорад. Ин рафторҳо золимона аст ва ҳама медонем, ки зулм, хоҳ нохоҳ хоссияти баргаштпазире дорад. Вонгаҳе мусалмонон, шоистаи ин носипосиҳо нестанд. Дунёи Бохтар қарнҳост, ки мусалмононро ба хубӣ мешиносад; ҳам он рӯз, ки ғарбиён дар хоки ислом меҳмон шуданд ва ба сарвати соҳибхона чашм дӯхтанд, ва ҳам рӯзи дигар, ки мизбон буданд ва аз кору фикри мусалмонон баҳра ҷустанд, ағлаб ҷуз меҳрубонӣ ва шикебоӣ надиданд. Бинобар ин, ман аз шумо ҷавонон мехоҳам, ки бар мабнои як шинохти дуруст ва бо жарфбинӣ ва истифода аз таҷрибаҳои ногувор, бунёнҳои як таъомули саҳеҳ ва шарофатмандонаро бо ҷаҳони ислом пайрезӣ кунед. Дар ин сурат, дар яондаи на чандон дур хоҳед дид биное, ки бар чунин шолудаи устувор кардаед, сояи итминон ва эътимодро бар сари меъморонаш мегустаронад, гармояи амният ва оромишро ба онон ҳадя медиҳад, ва фурӯғи умед ба ояндаи рӯшанро бар сафҳаи гетӣ метобонад.
Сайид Алии Хоманаӣ"
Мӯҳр
ШШШШ
Ахсан ОЗОДАГОН ИН СУХАНХО ВОКЕАНХАМ АЗ ЯКДИЛИ ПУРДАРД САДО ДОДААСТ АЗ ХОНДАНИ ИН СУХАН ВОКЕАНХАМ МУТААССИР ГАШТАМ КОШ ИН ГУНА АШХОС ДАР ДУНЁИ ИСЛОМ ЗИЁД МЕБУД
АХСАН БА ИН МАРД

Рустам
салом
Озодагон, аҳсан офарин, Худо башумо ба хотири ин кор ончи мехоҳи дишҳад. моро огоҳ карди ва бо ин марди олими замон ошно карден бо ин суханони ҳақ, ва шиносондани воқеаҳои дунё.
Худо ин мардро ҳифз кунад.


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)