Бахшҳо

Луқмон Бойматов: Шитоб роҳест ба бероҳаҳо

Луқмон БОЙМАТОВ, муаррих

Танҳо як хайр вуҷуд дорад, ки номи он дониш аст.
(Суқрот)

Инсони Бузург нашавем, балки думболи инсон шудан бошем! Замоне ки чашмони ақл фирефтаи тасаввурҳои ғалат мешаванд, худбиниҳо дар зеҳнҳо мӯҳр мешаванд ва замоне ки худбинӣ дар зеҳнҳо ҳоким гардад, ҳаққи дониш ҳам зоеъ мешавад. Агар ҷомеъа фазлро хор кунад, зиндагӣ ба хорӣ кашида хоҳад шуд. Мавридеро барои мисол аз хоригии фазл меорам, ки рабте бар масоили сиёсӣ надорад ва он фақат ва фақат масъалаи ахлоқист.

Ахиран гузорише, ки дар шумораи сомонаи «Фараж» (аз таърихи 05.11.2015) ба чоп расид, ки дар он омадааст: «Дар шаҳраки донишҷӯён воқеъ дар соҳили рости шаҳри Хуҷанд маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Темурмалик», қаҳрамони халқи тоҷик бунёд карда мешавад… Дар ин маҷмаа пайкараи Темурмалик бо киштӣ, дарёчаи рамзӣ, чеҳраҳои ҳамсафони муборизаи ӯ ва дигар бахшҳои фарҳангию фароғатӣ мураттаб мегардад».

Ҳаргиз зидди эҷоди марказҳо ва ё конунҳои фарҳангӣ - таърихие, ки боиси рушди фарҳанги миллату ҷомеъа мешаванд, нестам. Аммо ҳамеша зидди иқодомоти иддае, ки ниятҳои некро табдил ба як шиорҳову худнамоиҳои бехуд мекунанд, ҳастам. Манзур навиштори зайл вокуниши илмие аст дар баробари иқдомоти судҷӯёнаи иддае аз масъулин. Саъй мекунам то нишон бидиҳам, ки барои ҳалли мушкилоти ҷомеъаи шаҳрвандӣ роҳи ҳаллҳо ва андешаҳои мақбули илмӣ-мантиқӣ ҳамеша ёфт мешаванд.

НИГОҲЕ БАР ҚАЗИЯИ МАҶМАЪАИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГИИ БА НОМИ «ТЕМУРМАЛИК»

Кош раёсати мӯҳтарами вилоят ва мушовирони илмии эшон, байни ҳақиқату ғайри ҳақиқат, илмиву ғайри илмӣ, росту дурӯғ ва дурустиву нодурустӣ тафовут қоил мешуданд. Кош, онон ба унвони масъулин аз он чӣ, ки мутолиа карда буданд, беҳтаринашро қабул мекарданд.

Шитоб роҳест ба бероҳаҳо. Ҳақиқати ин гуфтаҳо аз тасмим ва амалкарди ахири раиси вилоят ба гунаи возеҳ ҳувайдост. Аз рӯи одат раиси мӯҳтарам ва ҳаводорони эшон тарҳи нопухтаи хешро дар назди мардум чунон муҳим ҷилва бахшидаанд, ки баъйид нест, пас аз андак замон моҳияти аслиашро фаромӯш хоҳад кард. Магар ҳикмати таърих бар он надорад, ки ҳар чӣ ки аз роҳи осон омадааст, бо роҳи осон фаромӯш хоҳад шуд.

Аҷаб маҳзакае дар паҳнои таърих ба намоиш мегузоранд ин коргардонҳои нодони таърихи муъосир! Дар ҳақиқат, маълум нест, тарҳи мазкури масъулин ба хотири ободӣ ва ё ҳифзи ёди бузургону диловарони таърихи диёр аст?! Тафсирашон ҳам дар хусуси ин ки «барои донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии ин мавзеъ таҳсил мекунанд, таъсиргузор мешавад ва онҳоро дар рӯҳияи худшиносию ватанпарварӣ ва дӯст доштани арзишҳои таърихии миллӣ тарбият хоҳад кард», зиёда хандадор аст.

Пурсиш аз раёсати мӯҳтарам ин аст, ки агар ин маҷмаъаи таърихӣ-фарҳангӣ дар ҷазираи Оби Хуҷанд сохта шавад, донишҷӯёни хуҷандӣ аз «рӯҳияи худшиносиву ватанпарварӣ» маҳрум мемонданд? Ва ё агар ин маҷмаъа дар ҳамон хушкии руди Сир эҷод гардад, тавони «рӯҳияи дӯст доштани арзишҳои таърихии миллӣ»-и ҷавонони шаҳр ва кори тарбияти онҳо мушкил мешавад?

Шояд нуқтаи атфи тарҳи раёсат дар дастури эшон ошкор аст, аз ҷумла ин ки «ба сохтмончиён, олимону таърихшиносон, меъморон ва аҳли адаб дастур додааст, ки ҳангоми амалисозии корҳои лоиҳакашӣ ва тарҳрезӣ хусусиятҳои аслию таърихии замони Темурмаликро ба назар гиранд ва ин макони тамошобоб ибратбахши насли ҷавон бошаду барои кулли шаҳрвандон дастрасу оммавӣ гардад».

Дар ин дастури раёсати вилоят масхараи ғайримустақими донишмандон, бахусус коршиносони умури таърих ба ҳадди возеҳ ошкор аст. Чаро намехоҳем мутаваҷҷеҳ бошем, ки аз диди илми таърих ва меъёрҳои ҳунари меъморӣ амалӣ шудани ҳамчунин тарҳи «таърихӣ-фарҳангӣ», он ҳам дар шаҳраки донишҷӯён сарзанишест бар иззати таърих. Ё ҳақиқат гайр аз ин аст?

Чунин ба назар мерасад, ки пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ масъулини шаҳрдорӣ шаҳри Хуҷандро табдил ба лавҳи шатранҷ кардаанд. Чӣ басо шоҳидем, амире ва ё ҳокиме ба хостаҳои худ, ҷойи тандиси «қаҳрамонони миллӣ»-ро лаҳза ба лаҳза иваз мекунанд?! Баъйид нест, ин навъ «бозиҳо» идома хоҳад дошт ва замоне ҳам хоҳад расид, ки бозингарони дигар «пайкараи Темурмалик бо киштӣ, дарёчаи рамзӣ, чеҳраҳои ҳамсафони муборизаи ӯ» аз шаҳраки донишҷӯён ба лаби дарёи Сир хоҳанд кашонд!

Ҷо ба ҷо кардани ашхоси таърихӣ суннати шаҳрдорӣ шуда ва маълум нест, ин навъ бозиҳои авомфиребонаи ҳокимони вилоят ба чӣ хотир аст? Беҳтар ин нест, ки масъули вақт ба ҷои пайкараҳои диловарони таърих, тандиси хешро насб кунанд, то мардум аз шарри ҳар навъ худбиниву худпараситиҳо раҳо бошанд?! Мутмаин бошем, қазовати аъмоли мо дар ихтиёри наслҳои оянда қарор хоҳад гирифт. Аз ин рӯ, нисбат бар андешаҳоямон бештар андешанок бошем.

Пазируфтани дурӯғҳои пинҳон осонтар аз дарки ростиҳои аъён аст. Ин чӣ беэҳтиромӣ бар дониши таърих бошад, ки тандисҳои шаҳирони гузаштаро берун аз маҳватаи таърихии шаҳри куҳан насб мехоҳанд кунанд? Таъаҷҷуб бештар мешавад аз он ки тарроҳони раёсати Суғд тандиси Темурмалик ва ёронашро дар ҷое мехоҳанд насб кунанд, ки бахше аз урдугоҳи сипоҳи душманонаш будааст. Яъне ҳудуди он сӯи оби Хуҷанд, аз ҷумла, маҳватаи шаҳраки донишҷӯён ва ҳаволии он бахше аз мавзеъе буда, ки муғулон бо ҳадафи шикасти хуҷандиён мавқеъи токтикӣ ва истротежӣ гирифта буданд. Ҷое буда, ки саҳронавардони хашину бераҳм ҳазорон тоҷикро маҷбур мекарданд, то аз доманаҳои кӯҳ барои садди оби Хуҷанд санг ҳамл кунанд.

Насби пайкараи Темурмалик ва ёрони ӯро дар ҷое, ки урдугоҳи васеъи муғулон (!) будааст, чи гуна маънӣ кард? Ба фикри ман, ин тасмими аз реша бехирадонаи таррроҳон ва натиҷаи шитобзадагии раёсати вилоят мебошад, ки дурустии вақеъятҳои таърихиро зери суол бурдааст.

Раёсати мӯҳтарам! Агар роҳи дурусти илм лозиматон нест, пас ба чӣ хотир кӯмак ва раҳнамоӣ аз олимон ва муаррихон мехоҳед? Он ҷо, ки як рӯ лозим аст, чаро дурӯягӣ аст касби мо? Бояд бияндешем, ки бо ҳамчунин иқдоми хатову лағзанда манзалати номи Темурмалик ва ёрони ӯро ба хоки зиллат мекашонем!

Гузашта, ин чӣ ҳимматест, ки масъулин ба ҷои ин ки собиқаи ҷазираи номбардори таърихро зиндаву обод кунанд, баръакс онро табдил ба «мурдоби таърих» дар макони нав мекунанд? Тарҳе, ки раис ва ҷонибдоронаш амалӣ мехоҳанд кунанд, на роҳи ҳифзи таърих, балки ба умқи маънӣ пок кардани ҳофизаи он аст. Ин бемантиқитарин гомест, барои беразиш кардани ҳамаи арзишҳои таърихӣ.

Кош, мефаҳмидем, ки агар бо шитобзадагӣ думболи корҳои пешипоафтода таваҷҷӯҳ дошта бошем, мутмаинан, тарҳҳои бузургу муҳим нахоҳем расид, чун шитобзадагӣ муҷиби лағзишҳоест ва он нияти некро ба халокат мекашонад. Зимнан, тарҳе, ки ин ҷониб дар нимаи тобистони соли ҷорӣ («Қутби гардишгарии Хуҷанд», нашрияи «Озодагон», 29 июл) ироа дода буд, тарҳе буд барои дарозмуддат ва моҳиятан милливу давлатӣ ва он ба мақсади ҳифзи хотираи таърих ва зикри ёди неки аҷдод ироа гардид. Аммо во дареғо, ки тарҳи судҷӯёнаи раёсат бо мақсади сӯзи касби обрӯи шахсӣ тадвин шудааст, на аз роҳи дилсӯзӣ.

Агар ҳадафи раёсат ғайр аз ин аст, пас ба чӣ далел ҷое, ки хуни шаҳидони роҳи озодиву саъодат рехта шудааст, обод намегардад?! Бифармоед, таъйиди тарҳи миллӣ ва давлатӣ ҷиҳати ободии ҷазираи Темурмалик чӣ нақзе дорад, ки сарфи назар доред? Сохтани макони ҷадиди «таърихӣ-фарҳангӣ» дар шаҳраки донишҷӯён аз рӯи кадом мантиқ сурат гирифтааст? Агар раёсати мӯҳтарам, ҳадди ақал як бор аз яке аз шаҳракҳои донишҷӯии кишварҳои пешрафта дидан мекард, чунин фикри бемояву бепоя бар сараш намеомад.

ФАЗИЛАТИ ОДАМӢ БАРТАР АЗ ВАЗОИФИ ДАВЛАТИСТ

Мақсади ниҳоии раёсати мӯҳтарам аз мӯҳтавои дастураш ошкор аст, яъне обод намудани макони ҳаробу муқаддаси таърихӣ вақти зиёд мехоҳад ва анҷоми он кори басо сахту пурмасъулиятест, вале эҷоди шаҳракҳои маснӯъии таърихӣ - фарҳангӣ бамаротиб осон ва беҳтарин василаест барои касби мақоми болотар дар кӯтоҳтарин замон ва ғ…

Мардум содаву зудбовар аст, вале гӯлу гумроҳ нест. Ҳуши тези халқро наметавон инкор кард. Огоҳ бояд шуд, ки агар масъуле, ки шаҳомати пазириши ҳақиқатро надошта бошад, мутмаинан, ба мурод нахоҳад расид, чун ҳадафҳои беарзиш қотилони ангезаҳои бузурганд.

Агар ҳадаф дуруст нест, тасмим низ ба раҳи хато хоҳад рафт ва натиҷатан ангезаҳои мардум дар ҷиҳати ҳифзи таърихи хеш ва пок доштани ёди падарон ба ҳалокат хоҳад расид. Ҳамин бетаваҷҷӯҳии масъулин дар тӯли таърих боис шуда, ки миллати тоҷик асрҳои аср дар мулки аҷдодиаш гирифтори заҷр шуда ва иштибоҳоти масъулин далели хиёнатҳои ҷадидтаре гардид, ба ҳадде, ки наздик буд аз саҳнаи таърих маҳв шавад!

Пурсиши дигар ин аст. Оё онҳое, ки ҳамчунин тасмимро гирифтаанд, аз моҳият ва меъёрҳои санъати гардишгарӣ тасаввурот доранд ва ё боре ҳам аз маконҳои таърихии кишварҳои дуру наздик дидан кардаанд? Агар огоҳанд, пас, чаро ҳамчунин тасмими ғалатро ба унвони камоли тавфиқи хиради хеш матраҳ менамоянд?

Устодон ва дӯстони муаррихам наранҷанд. Фаҷоеъи фарҳанги миллат он гоҳ шурӯъ мешавад, ки муаррихон ва коршиносони таъриху фарҳанг дар баробари иштибоҳоту худсариҳои масъулин сукут ихтиёр мекунанд. Таърих шоҳид аст, ба хотири сукутҳои бемавқеъ аст, ки фурсатталабони берӯ пуррӯтар мешуданд.

Одам вақте худхоҳ мешавад, хубиҳояш ҳам коста мешаванд. Ин ҳама «мӯъҷизоти ҳунарӣ»-ро аз пули мардум эҷод мешавад, ҳадди ақал эҳтироми назару раъйи эшон риъоят шуда? Аз номи мардум ба чашми мардум хок пошидан, на мардӣ асту, на адаб асту на ҳунар! Агар ният холис аст, ба чӣ сабаб роҳи интихоб ва тасмими дурустро барои мардум набояд баст. Аммо он чӣ раёсати мӯҳтарам ва тарафдоронашон тасмим гирифтаанд, ба ҷуз амали беэҳтиромӣ бар ҳаққи мардум нест!

Огоҳ бошем, ҳеч чиз шармовартар аз ин нест, ки шахси масъул ба хотири ғаразҳои худ фазилати пос доштани ёди муборизони роҳи озодиро, он ҳам ба наҳваи бисёр масхараомез зери суол бибарад. Ҳадисе аз Паёмбари ислом ҳаст ва он ин аст: «Хушо ба ҳоли он, ки касбе пок ва ботине шоиста ва зоҳире гиромӣ дошта бошад ва шаррашро аз мардум дур кунад.» Дар ҳақиқат, он ҷо ки афроди масъул худхоҳу ҷоҳталабоне бошанд, ки мехоҳанд аз роҳи тамаъву тамаллуқ касби обрӯ кунанд, ҳаргиз адолатро бар ҷойи худ нахоҳанд нишонд.

Шояд эҳсоси такаббур ва худбартарбинии раёсати мӯҳтарам ва нодониву худхоҳиҳои мушовиронаш дар умури таъриху фарҳангаш иҷоза намедиҳад, ки бар иштибоҳоти хеш пай бибарад. Вале раёсати мӯҳтарам, нек бидонад, ки худ эшон барои расидан ба аҳдофу ниятҳои хеш масири дурустеро интихоб накардааст.

Дар кори як ҳоким риояти эҳтироми зертобеъон бояд нуқтаи оғози фазлу адабаш бошад. Ҳеч кас наметавонад эътибори худро бияфзояд, магар ин ки эҳтироми дигаронро низ ба он гунае, ки аз дигарон мехоҳад, риъоят фармояд. Илтимосам ин аст, ки донишмандони ҳақиқиро, ки навкарони мардуманд, хор макунед! Дар назди фазли Худованд ҳама баробаранд.

Фазилати одамӣ бартар аз вазоифи давлатӣ аст. Аз ин рӯ, масъулини шаҳру шаҳрдорӣ аз ояндаи аъмоли хеш бияндешанд. Ҳеч чиз аз ҳофизаи таърих пок намешавад. Бо ин ки имрӯз зару зӯру қудрат дар даст аст, набояд болид, зеро он чӣ мондагор дар ин дунё аст, фақат ҳосилаи афкорамон аст.
Ҳамвора дар андешаи он лаҳазот бошем, ки бо хор шумурдани мардум, хортарини мардум нашавем!
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)